https://sadoimardum.tj

Истиқлоли давлатӣ ва рушди қонунгузории миллӣ

№:105 (5157), 08 сен 2026, 16:28
11

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ буда, барои бунёди давлати соҳибихтиёр, мардумӣ, ҳуқуқбунёд ба таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, рушди иқтисодӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ, бахусус, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва рушди он, заминаи мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон такя ба имкониятҳои дохилӣ, сиёсати созанда роҳи рушди ояндаи худро тарҳрезӣ намуда, барои муҳайё кардани зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон ба мардуми худ, идораи босамари давлату ҷомеа тавассути қабули қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ заминаҳои устувори ҳуқуқиро фароҳам сохт.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ин ташаккули низоми қонунгузорӣ ба шумор меравад, ки аз қабули Конститутсияи Тоҷикис­тони соҳиб­истиқлол оғоз шуд. Он ҳамчун заминаи боварибахш барои таҳия ва қабули қонунҳо дар солҳои пасин такони тоза бахшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳиб­ихтиёр сохтори сиёсӣ ва идоракунии худро дар асоси Конуститутсия ва қонунҳо муайян намуда, заминаҳои ҳуқуқии идораи давлату ҷомеа, аз ҷумла, фаъолияти мақомоти давлатиро устувор намуд. Дар ин раванд ташаккули қонунгузории миллӣ ва такмили низоми идоракунии давлатӣ аҳамияти калидӣ пайдо намуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ниҳодҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти низомию ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, маҳз, дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳо созмон дода шуданд. Ин санадҳои волои ҳуқуқӣ, бахусус моддаи 1 Конститутсия, эълонкунандаи ҳуқуқбунёдии давлат ва моддаи 58 он муайянкунандаи субъект­ҳои ташаббуси қонунгузорӣ барои таҳкими давлатдорӣ ва идораи босамари ҷомеа, рушди қонунгузорӣ нақши муҳим бозиданд.

Таҷрибаи Тоҷикистони тоза­истиқлол нишон дод, ки пойдории давлат ва рушди устувори соҳаҳои ҳаёти он бе қонунҳои дархӯри манофеи миллӣ ва посухгӯ ба хости замони муосир номумкин аст. Маҳз, бо ин асос ба рушди қонунгузорӣ аҳамияти хоса дода шуд. Аз ҷумла, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди қонунгузорӣ такони ҷиддӣ бахшид ва дар асоси ин санади барномавӣ қонунҳо таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ низ дар авлавият қарор дош­танд. Дар ин раванд, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ҷойгоҳи устувор касб намуда, истифодаи он дар идораи давлатӣ, бахусус дар самти қонунгузорӣ, густариш пайдо кард. Бо ин мақсад соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуд. Пайванд ба ин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» моддаи 49 бо номи «Талаботи забонӣ ба матни санади меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар карда шуд, ки мувофиқи он матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад. Инчунин, дар ин модда дарҷ гардидааст, ки матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд.

Қонунгузорӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ташаккул ва густариши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам овард. Таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар бораи хизмати дипломатӣ» аз шумори даст­овардҳои қонунгузорӣ дар ин самти муҳими муносибати давлатӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, натиҷаҳои бадастомада дар давоми солҳои соҳибихтиёрӣ дар самти қонунгузорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ба даст­овардҳои чашмрас комёб шудааст. 35 соли Истиқлоли давлатӣ таърихи пурифтихори эҳёи давлатдорӣ ва дар баробари дигар соҳаҳо низом ва рушд пайдо кардани қонунгузорӣ мебошад.

Қонунҳое, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ қабул шуданд, тавонистанд рӯзгори мардуми Тоҷикистон, сохтору кори ниҳодҳои давлатию шаҳрвандӣ, ташкилоту корхонаҳо, муносибатҳои берунии Тоҷикистонро бо кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ танзим намоянд. Ҳуқуқу манфиат­ҳои инсон, давлату ҷомеа, ташкилоту корхонаҳоро дар дарун ва беруни кишвар ба таври боястӣ ҳифз кунанд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2014 қабул гардид, низ аз шумори ин қонунҳо мебошад, ки он асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти судҳо, тартиби интихоб, ­таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳоро муқаррар намуда, инчунин, дигар муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо ба танзим медарорад.

Мақомоти судии Тоҷикис­тон бо такя ба ченакҳои Конс­титутсия, қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту идора, қонунияту адолат фаъолона кор пеш мебаранд.

Бо мақсади рушд бахшидан ба раванди қонунгузорӣ соли 2009 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд ва, бегумон, ин ниҳод дар рушди қонунгузорӣ ба таври аён ва бориз ҳиссагузор аст.

Мо ба ояндаи Тоҷикистон бо умеду боварӣ менигарем ва бо итминон метавон гуфт, ки дар оянда низ барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ба рушди қонунгузорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода ­мешавад.

Сайёд СОДИҚЗОДА,

судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: