https://sadoimardum.tj

Меъмори сулҳ

№:79 (4975) 26 июн 2025, 13:05
0

Рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ, арзишу назокати хос доранд, ки бо мурури солҳо рӯзафзун шудани моҳияташон аз ҳамон ҷумла аст. Ҳоло бо таҳлили ҳаводиси онвақтаву кунунӣ ва қиёс намудани вазъи ҷаҳони муосир ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд савол матраҳ намояд, ки агар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуданд, имрӯз мо чӣ рӯзгоре медоштем? 


Дар арафаи ин санаи сарнавиштсоз матолиби зиёд таълиф мегардаду гузоришҳои афзун пахш. Иқдоми хуб аст, зеро бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир мавзуи рӯзмарра ҳамин бояд бошад. Метавон ин масъаларо хеле муфассал, бо истинод ба ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дод, аз нақли шоҳидони ҳол андешаро тақвият бахшид. Талқин бояд намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди сухан дар толор, марди ҳамоса дар корзор, марди тақво дар рафтору гуфтору кирдор ва умеди насли ҷавон мебошанд, ки «ҷавонии худро фидо карданд, то диёрашон ҷавон бошад». 

 Дар айёми бениҳоят ҳассос тамоми ҷаҳду талошҳои ин шахсияти ваҳдатофар ба он равона шуда буд, ки қатли бародар бо дасти бародар хотима ёбад, миллат аз гушнагиву қашшоқӣ раҳоӣ шавад ва мардум якдилона баҳри обод сохтани вайронаҳои ҷанг камари ҳиммат банданд. Роҳе, ки моро ба ваҳдати миллӣ расонд, на пайроҳаи кучак, балки шоҳроҳи пурмонеа, масири азхудгузаштанҳо, ҷодае, ки паймуданаш ҷонфидоиро металабид, маҳсуб мешавад. Хушбахтона, Пешвои миллат бо сари баланд онро тай намуда, моро ба мурод расониданд. 

Ваҳдат на танҳо хони пурнон, ҳамчунин, осудагии виҷдон ва пойдории имон аст. Ваҳдат кафолат ва замина аст, ки мо ба фардои худу насли оянда эътимод дорем. Комилан бо андеша ҳамфикрам, ки ваҳдати миллӣ на шиор, балки шуур бояд бошад. 

 Хеле кам воқеъ мешавад, ки роҳбари як давлат ҳатто гуноҳи онҳоеро, ки душмани сохти конститутсионӣ буданд, бахшад. Ҳамватанонамон шоҳиданд, ки барои авфи гуноҳи шахсоне, ки ҷиноят содир карда зиндонӣ шуданд, Пешвои миллат даҳҳо қонуни авфро ба имзо расониданд. 

Дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат як буд. Дар шароити душвор ба минтақаҳое сафар карданд, ки муқовиматҳои мусаллаҳона идома доштанд. Муҳтавои асосии ин мулоқот сулҳу ваҳдат буд. Ба мардум муроҷиат намуданд, ки мо бояд дар атрофи як ҳадафи сарнавиштсоз - бунёд кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ба ин васила, ба даст овардани ваҳдати миллӣ муттаҳид шавем.

Маҳз нияти нек, азми қавӣ ва иродаи хастагинопазири Пешвои миллат буд, ки ин раванд идома ёфт. Умуман, то рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома ёфт, бо намояндагони собиқ мухолифин бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир гардид. Муҳим он аст, ки маҳз дар вохӯриҳое, ки бо иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуданд, қарорҳои муҳиму ниҳоӣ қабул гардиданд.

Дар шароити имрӯза ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем. Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳар чӣ бештар густариш пайдо намояд. Вақте дар бораи ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, ба насли наврас бояд ёдрас намоем, ки он замон (солҳои навадум) дар парлумон ва Ҳукумат се гурӯҳ ба вуҷуд омад: онҳое, ки тарафдори Ҳукумат буданд, онҳое, ки бо такя ба қувваҳои беруна мехостанд ҳокимиятро ба даст оранд ва дар ин роҳ аз зӯроварӣ низ даст намекашиданд ва гурӯҳе, ки мавқеи бетарафиро ишғол мекард, яъне, «шавад обӣ, нашавад лалмӣ». 

Қувваҳое пайдо шуданд ба ҳар ду ҷониб аз рӯи мавқеъ якхела муносибат мекарданд, яъне ҷонибе агар ғолиб меомад, ҷониби муқобилро ёрмандӣ мекард ва баръакс. Агар ин ҳолат дер давом мекард, ҷанг хотима намеёфт. Ҳукумати вақт манфиатдори даъват кардани иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ набуд ё силоҳбадастон намегузоштанд. Ду мақоми бонуфузе, ки барои бехатариву амнияти давлату мардум умре аз ҳисоби давлат мехӯрданду мепӯшиданду бологузар буданд, дар вақти зарурӣ, яъне ноамнии мардуму хатари давлат, худро бетараф эълон намуданд, ки ин пурра фалаҷшавии аркони давлатдорӣ маҳсуб мешуд. Гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ва фишори силоҳбадастон ба он оварда расонд, ки 2 президент истеъфо диҳад. Бо Қарори Раёсати Шурои Олӣ Раиси Шурои Олиро иҷрокунандаи вазифаи Президент таъин карданд, ки хилофи конститутсияҳои кишварҳои мутамаддин ва Конститутсияи ҳамонвақта ва имрӯзаи Тоҷикистон буд. Паи ҳам иваз шудани раисони Шурои Олӣ ва рӯз то рӯз ба муборизаи ошкорову таҳдидкунанда гузаштани неруҳои мухолиф хавфи нооромиҳои дохилиро бештар намуд. Бо роҳи фишор ба парлумон ва Ҳукумати иҷроия ва бадтар аз ҳама, оғози гаравгонгирии аъзои Ҳукумату вакилони Шурои Олӣ, бесуботии вазъи сиёсӣ дар кишвар, махсусан пойтахт, эҳсоси тарсу ваҳмро афзуд. 

 Тоҷикистон он айём ба киштии шикас­та шабеҳ буд, ки ба нохудои ҷасур ва сарсупурда ниёз дошт. Ҳамсафони Пешвои миллат, ки бо баъзе аз онҳо дар ин маврид мусоҳиба доштам, иброз намуда буданд, ки он вақт шахсони дар мактаби сиёсат обутобёфта ва дар мансаб­ҳои баланд фаъолияткарда вазифаҳои калидиро рад мекарданд. Чун сухан дар бораи Пешвои миллат равад, ҳатман ҷасораташон мадди назар аст. Беназир будани ҷасорати ин абармард далели бебаҳс аст. 

Баргардонидани гурезаҳо ба Ватан аз вазифаҳои муҳим буд, ки дар он ваз­ъияти мураккаб бояд амалӣ мешуд. Маҳз ҳисси баланди миллии Ҷаноби Олӣ буд, ки дар марҳилаи аввали давлатдорӣ як миллион тоҷики гурезаро аз манотиқи гуногуни олам ба кишвар бозпас оварданд. Ин кори қобили мулоҳиза аст, ки на ҳар роҳбар ба иҷрои он қодир мебошад, зеро аз таърихи на чандон дур мо мисолҳои зиёдеро медонем, ки маҳз ба хотири муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудани ҳокимону роҳбарони давр ҳазорҳо нафар дар ғарибӣ монданд ва бо хориву зорӣ ҷон доданд.

 Тадбирандешии Роҳбари раиятпарвар самар овард, нахустин фирориён аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии ноҳияи Шаҳритус 2-юми ­сентябри соли 1994 онҳоро шахсан истиқбол гирифтанд. 

Ҳодисаҳои охири ҷаҳони муосир бори дигар собит намуданд, ки баргардонидани беш аз 1 млн. гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо ҷои зист кори осон нест. Қобилияти бахшида тавонистан яке аз фазилатҳои дигари Пешвои миллат мебошад. Месазад аз иқдоми дигар - таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ёдовар шавем. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ» ва аъзои ном ба номи он 4 июли соли 1997 имзо шуд. Хусусияти Комиссияи оштии миллӣ аз он иборат буд, ки қарорҳои он тавассути салоҳияти Президент ва парлумони ҷумҳурӣ амалӣ мешуд. Бо ин тарзи фаъолияти якҷоя ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин механизм, яъне Комиссияи оштии миллӣ, Президент ва парлумон сохтори пурсамар, мувофиқ ва дуруст дар давраи гузариш дониста шуд. Комиссияи оштии миллӣ 998 рӯз фаъолият кард ва дар хусуси қатъ гаштани фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ 31-уми марти соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд.

 Ҷанги бародаркушро душманон дар хориҷ ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи нопокашон тарҳрезӣ ва таҳмил карданд. Хушбахтона, миллати мо бо каме таъхир бошад ҳам, исбот кард, ки қудрати дарки масъаларо дорад ва тақдирашро бо дасти худ навишта метавонад. Дар асри XXI, ки аксар кишварҳои даргир аз нооромиҳои дохилӣ борҳо сулҳ баставу зиёд аҳд шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дас­товарди на танҳо тоҷикон, балки ҷомеаи башарӣ эътироф шудааст.

 Ваҳдати миллӣ кохи бегазанд аст, ки ба шарофати ҷасорату садоқат ва завқу салиқаи меъмори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Ягон нафаре ё гурӯҳи алоҳидае ҳуқуқи онро надорад, ки ба он сояи шубҳа андозад. Ҳар инсони ­худ­о­гоҳро мебояд, ки барои пойдории сулҳу ваҳдат эҳсоси масъулият дошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ бетарафиро ихтиёр накунад, ба дурӯяву фурсатталабон созиш накунад. Тавре Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Яке ҷӯй, Ҷомӣ, дуҷӯӣ макун, 

Ба майдони ваҳдат дугӯӣ макун.

Мо шоҳиди ҳаводиси Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар ҳастем. Ин ҳодисаҳо ҳар яки моро водор месозанд ба хотир орем, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд. Хатари дигар он аст, ки ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст. Ин зуҳуроти хатарнок дар ақсои олам доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ аст. Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем. Зеро ҳоло ҳам ҳастанд нотавонбиноне, ки кӯшиши рахна кардани ваҳдати моро доранд. Ҳоло ҳам дарк кардан намехоҳанд, ки мардуми ба ваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунанд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: