Ба Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният»
Ҳифзи пиряхҳо ва оянданигарии Пешвои миллат
Замоне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обро ҷаҳонӣ карданд, ҳанӯз раванди тағйирёбии иқлим чун имрӯз шиддат надошт. 30 сол пеш зимистон боришоти барф дар минтақаҳои кӯҳӣ дар сатҳи меъёр буд ва ҳарорати ҳаво низ дар муқоиса ба имрӯз муътадил арзёбӣ мегардид. Аммо, Роҳбари давлати мо бо дарки оқибати раванди тағйирёбии иқлим шурӯъ аз охири даҳаи 90-и асри гузашта бо пешниҳоди силсилаташаббусҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои обу иқлим ҷалб карданд. Нахустин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ 1 октябри 1999 қабул гардид, эълон намудани соли 2003 «Соли оби тоза» буд. Дар доираи ташаббуси мазкур 29 август - 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
Бо пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2003 СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард. Ҳамчунин, пешниҳодҳо оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август - 4 сентябри 2009 дар Женева, сипас, дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген 7-8 декабри соли 2009 ироа гардида буданд. Эълон намудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (20 декабри 2010) аз ташаббусҳои дигари ҷаҳонии Роҳбари давлати мост. Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он низ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, ки раванди татбиқи он ҷараён дорад. Дар доираи ташаббусҳои мазкури Пешвои миллати мо дар давлатҳои гуногун конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баргузор гардида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба муҳимияти масъалаҳои вобаста ба об ҷалб кардааст.
Воқеан, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ то чанд соли пеш дар фикри таъмин намудани аҳолии сайёра бо оби тоза иқдомҳое мекард, пас, солҳои охир ба ин мушкилот бинобар гармшавии иқлим хатари маҳви сарчашмаҳои обӣ илова шудааст. Мусаллам аст, ки вақте манбаъҳои обӣ кам ё нест мешаванд, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чолишҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву амниятӣ ва экологӣ гирифтор мегардад. Бино бар маълумоти созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, айни замон зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд. Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар соҳаи об» арзёбӣ кардаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор рӯди хурду бузург, зиёда аз 10 ҳазор пирях ва кӯлҳои зиёде, ки дар онҳо обҳои нӯшокӣ захира шудаанд, ҷойгир мебошанд. Кишвари мо аз рӯйи бузургии ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон мақоми 8-умро соҳиб аст ва 60 дарсади оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баровардани масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба рӯзномаи ҷаҳонии об Тоҷикистонро чун кишвари ташаббускори ҳалли масъалаҳо муаррифӣ карданд. Натиҷаи талошҳои пайваста ба вуҷуд омадани механизмҳои гуногуни байналмилалӣ барои табодули таҷриба ва таҳияи роҳҳои ҳалли масъалаҳои об мебошад. Яке аз чунин механизмҳо бо номи «Раванди оби Душанбе» шинохтаю эътироф шудааст.
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори иқдомҳои байналмилалӣ барои об ва ҳамраиси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад. Дар давоми солҳои гуногун баргузор намудани конфронсҳои байналмилалӣ ба ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим мусоидат карда истодааст. Имсол низ аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мешавад. Ба андешаи мутахассисон, бо такя ба дастовардҳои конфронсҳои қаблии оби Душанбе (солҳои 2018, 2022 ва 2024) конфронси чорум ҳадаф дорад, ки суръати эҷодкардаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023-ро нигоҳ дорад, татбиқи рӯзномаи амали обро пеш барад ва муҳокимаҳоро барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 оғоз кунад. Ҳамаи ин иқдомҳо барои ояндаи дурахшони сайёраи замин рӯйи даст гирифта шудаанд. Роҳбари давлат зимни суханронӣ дар Конфронси дуюми оби СММ, ки соли 2023 дар Ню-Йорк бо ташаббуси Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия баргузор шуд, чунин зикр карда буданд: «Об бояд ҳамчун омили муттаҳидсозанда, василаи сулҳ, рушд ва ҳамкории кишварҳо дар миқёси байналмилалӣ арзёбӣ гардад».
Бо дарки амиқи аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи об Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи манбаъҳои обиро низ аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ карда, барои дар ин самт иқдом намудан ҷомеаи ҷаҳониро ташвиқ карда истодаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам дар симои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба даъват ва ҳушдорҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, онҳоро қабул намудаанд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21-уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон шуданд, ки, аз як тараф, агар намунаи таваҷҷуҳи пайваста ба иқдомҳои Роҳбари давлати мо бошад, аз тарафи дигар, аз ҷиддӣ будани масъалаи ҳифзи пиряхҳо дарак медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор», ки 22 апрели соли 2026 дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, бори дигар ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтани тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақаи мо ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ҳушдор дода, таъкид карданд, ки «ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд».
Ҳамин тариқ, вақте Роҳбари давлат барои ҳифзи манбаъҳои обӣ зиёд талош мекунанд, мо - шаҳрвандони кишварро низ мебояд барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт гузошташуда бетараф набошем. Дар баробари ифтихор кардан аз дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон бо кору пайкори созанда дар ободию сарсабзии Ватани аҷдодӣ саҳмгузор бошем.
Бунёд ҒАФУРОВ,
омӯзгори МТМУ №51-и ноҳияи Айнӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
