Президент ва рушди парламентаризми миллӣ
Дар баробари қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ муқаррар гардид. Қобили тазаккур аст, ки ин интихоби халқи Тоҷикистон доир ба роҳандозии ниҳоди президентӣ пас аз ба даст овардани истиқлолият муҳимтарин интихоб ва ифодаи иродаи устувор дар бунёди давлати мустақил, соҳибихтиёр ва демократӣ мебошад, зеро солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон довари беҳтарин барои натиҷагирии амиқ аст.
Дар ин замина, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории миллӣ ба шумор рафта, таҷлили он шаҳодати эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аст. Ин рӯз ифодаи миннатдории мардум аз сиёсати хирадмандона ва роҳбарии одилонаест, ки Тоҷикистонро аз вартаи буҳронҳои солҳои аввали истиқлол раҳо бахшид ва ба давлати устувору пешрафта табдил дод.
Дар муҳити тағйирёбандаи ҷаҳон ва шароити мураккаби геосиёсӣ нақши Роҳбари давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, истиқрори сулҳу субот ва рушди низоми демократии кишвар сарнавиштсоз буд.
Маҳз, бо роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Роҳбари давлат халқи тоҷик тавонист модели давлатдории миллиро бар пояи қонун, адолат, озодӣ, баробарӣ ва ҳамзистии осоишта бунёд намояд. Дар ин замина, таҳкими парламентаризм, ҳамчун рукни асосии демократия ва ҳокимияти мардумӣ, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Парламентаризм, ҳамчун падидаи асосии иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба арзиши олӣ будани иродаи мардум ва волоияти қонун такя карда, таҷассумгари мубодилаи ақлу хирад, танзими дурусти муносибатҳои байни аъзои ҷомеа тавассути қонунҳо ва муколамаи ҷамъиятӣ мебошад. Дар ҷомеаи муосир парламентаризм на танҳо як шакли ташкили ҳокимият, балки шинохти ахлоқии давлатдорӣ низ ба ҳисоб меравад, яъне, давлат ҳамчун маҳсули иродаи умумихалқӣ ва механизми адолати иҷтимоӣ амал мекунад.
Мутафаккирони сиёсии даврони эҳёи Аврупо, ба монанди Ҷон Локк, Шарл Луӣ де Монтескё, дар асрҳои XVII-XVIII парламентаризмро ҳамчун воситаи танзими муносибатҳои байни давлат ва шаҳрванд арзёбӣ мекарданд, ки тавассути он қудрат ба масъулият ва хидмат табдил меёбад. Маҳз, чунин дидгоҳ имрӯз дар сиёсати давлатии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.
Парламентаризм дар Тоҷикистон роҳи мураккаб ва марҳилавиро аз сар гузарондааст. Дар замони шуравӣ шуроҳои халқӣ бештар хусусияти намояндагии расмиятпарастӣ доштанд ва аз лиҳози демократияи воқеӣ маҳдуд буданд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1991 масъалаи ташаккули парламенти мустақил ва касбӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин самтҳои ислоҳоти сиёсӣ, ба миён омад. Қадами сарнавиштсоз дар ин самт қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 буд, ки сохтори ҳокимияти давлатиро ба таври возеҳ муайян намуда, парламенти касбӣ - Маҷлиси Олиро ҳамчун мақоми олии қонунгузор муқаррар кард. Ислоҳоти конститутсионии минбаъда дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва сохтории парламентаризм мусоидат намуданд. Сохтори думаҷлисаи Маҷлиси Олии кишвар - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон нишони возеҳи камолоти низоми демократии Тоҷикистон аст.
Мавриди зикри хос аст, ки дар тамоми давраи истиқлолият нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди парламентаризм ниҳоят бориз аст. Президенти мамлакат, ҳамчун асосгузори низоми нави сиёсӣ ва ташаббускори ислоҳоти конститутсионӣ, пояҳои ҳуқуқии фаъолияти парлумонро таҳким бахшиданд. Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат низоми таҷзияи ҳокимият ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташаккул ёфт ва ҳамоҳангию ҳамдигарпазирӣ байни онҳо таъмин гардид.
Бо роҳбарии Пешвои миллат барои фаъолияти озоди вакилони халқ, рушди ҳизбҳои сиёсӣ ва иштироки васеи шаҳрвандон дар қабули қонунҳо батадриҷ фазои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам гардид. Ин аст, ки айни замон дар Маҷлиси намояндагон олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодшиносон, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, сохтмон ва намояндагони касбу кори дигар ба ҳайси вакил фаъолият доранд. Аз ҷумла, аз рӯйи ихтисос дар Маҷлиси намояндагон имрӯз 18 нафар дорои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, 15 нафар муҳандис, 11 нафар иқтисодчӣ, 2 нафар кишоварзӣ, 1 нафар тиббӣ, 5 нафар филолог, шарқшинос ва рӯзноманигор, 11 нафар омӯзгор аст, ки мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд. Дар ин ҳайат 10 нафар доктори илм (аз инҳо 2 нафар профессор), 16 нафар номзади илм, 9 нафар дотсент ва даҳҳо нафар шахсиятҳои соҳибтаҷриба интихоб шудаанд, ки донишу малака ва маҳорати волои касбиашон ба баланд бардоштани сатҳу сифати қонунгузорӣ мусоидат менамоянд.
Аз 7 ҳизби сиёсӣ, ки ҳоло дар мамлакат фаъолияти расмӣ доранд, намояндагони 5 ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, 3 фраксияи ҳизбӣ ва ҳамзамон, як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ низ таъсис ёфтааст, ки бешак, аз шаффофияти кори парламент ва мавҷудияти демократия дар ҷомеаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Бо иқдоми Президенти мамлакат фаъолияти парламенти кишвар ба пояҳои илмӣ ва таҳлилӣ асос ёфт, ҷаласаи кумитаҳо, гурӯҳҳои корӣ, муҳокимаҳои парламентӣ ва таҳияи қонунҳо дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ ва ниёзҳои воқеии ҷомеа сурат мегиранд.
Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як вакил ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастпарвари мактаби парламентаризм мебошанд. Махсусан қайд намудан бамаврид аст, ки шахсият дар таърихи давлатсозӣ нақши калидӣ дорад. Давлат ҳамчун ташкилоти муҳими сиёсӣ, бе иродаи роҳбари хирадманд наметавонад ба устуворӣ ва пешрафт ноил гардад. Дар робита ба ин, таҷрибаи Тоҷикистон собитгари он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат, ҳам бунёдгузори сиёсати миллӣ ва ҳам симои давлатдории тоҷикон мебошанд. Маҳз, тавассути сиёсати оқилона ва хирадмандонаи ин фарзанди шарафманди миллат мафҳуми «давлат» бо арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва таърихии миллати тоҷик ҳамоҳанг шуд.
Роҳбарӣ бар асоси принсипҳои тавозун, ҳамдигарфаҳмӣ, адолатнокӣ ва масъулияти иҷтимоӣ сурат гирифта, дар ҷомеа муҳити эътимод ва суботи сиёсиро ба вуҷуд овард. Ин сиёсат имкон дод, ки парламентаризм дар Тоҷикистон ба ҷузъи фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ табдил ёбад.
Ҳамин тавр, дар шароити кунунӣ парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як низоми устувори қонунгузорӣ ва рукни муҳими давлатдории миллӣ табдил ёфтааст. Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд беназир буда, бо роҳбарии ин абармард парламент ба мактаби воқеии сиёсат, қонунгузорӣ ва ҳифзи манфиатҳои мардум мубаддал гардид.
Парламентаризм дар Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтавои миллӣ ва хусусияти хоси худро пайдо карда, он дар баробари шохаи ҳокимияти давлатӣ василаи ҳамбастагӣ, ваҳдат ва пешрафт мебошад.
Вазифаи мо - вакилон ва насли имрӯзу фардо таҳким бахшидани ин дастовардҳост, то парламенти тоҷик ҳамеша садои адолат, ваҳдат ва хирад бошад.
Шуҳрат ҒАНИЗОДА,
раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
