https://sadoimardum.tj

Вақте рангҳо ҷило медоданд...

№:138-139 (5034-5035) 24 ноя 2025, 08:57
0

Субҳи 24-уми моҳи ноябр буд. Душанбе руҳи идона дошт. Ҳаво софу ором, гӯё табиат медонист, ки имрӯз барои халқи мо рӯзи муҳим - Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аст. Нури офтоби субҳгоҳӣ аз паси кӯҳ оҳиста-оҳиста ба шаҳр мерехт ва ба замину замон равшанӣ мебахшид.

Дориюши донишҷӯ бо қадамҳои ором ба самти Боғи Парчам мерафт. Дилаш аз ҳаяҷон тез-тез метапид. Ӯ аз кӯдакӣ орзу дошт лаҳзаи баланд бардоштани Парчами давлатиро аз наздик бубинад, аммо то имрӯз чунин имкон насибаш нагашта буд.

Вақте ба Боғи Парчам расид, ки издиҳом меҷӯшид. Сарбозон, омӯзгорон, донишҷӯён... - ҳама чеҳраҳои шод дош­танд ва бесаброна мунтазир буданд, ки Парчами давлатӣ барафрохта шавад.

Чашми Дориюш ба сутуни маркази боғ афтод, ки Парчами печонидашуда дар паҳлуи он интизори лаҳзаи таҷаллӣ буд. Нури офтоб дар рӯи матои печондашуда ҷилва дошту ба дили мардуми ҷамъомада нишот меовард.

Суруди Миллӣ садо дод ва ҳангоми боло рафтани Парчам матои он оҳиста кушода шуд ва рангҳои сурх, сафед ва сабз чун рамзи шукуфоию саодатмандии мардуми тоҷик дар осмон ҷило доданд. Ҷамъомадагон бо ҳаяҷони фараҳбахш ин манзараи дилфиребро тамошо мекарданд.

Дориюш низ нафасашро дар сина банд андохт, ҳаяҷоне саропояшро фаро гирифта буд. Боди сабук Парчамро ба ҳаракат меовард, он мавҷ мезаду гӯиё зинда мешуд. Сурхиаш ҷасорату шуҷоат, сафедияш покии имон ва виҷдон, ранги сабзаш бошад, умеди абадӣ ва ҳаёти нав­ро таҷассум мекард. Тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ бо дурахши зебои худ ҳисси ифтихорро дар дили ҳозирон қавитар мекард.

Ин ҳолат дар пеши назари Дориюш манзараҳоеро аз дирӯзи зиндагӣ ба ҷилва овард: падараш, ки бо бехобиҳою душвориҳо кор карда, фарзандонашро мехӯронду мепӯшонд; модараш, ки ҳар субҳ барои амнияти онҳо дуо мекард; дӯстонаш, ки орзуи хизмат ба Ватанро доштанд; мардуме, ки орзуи сулҳу оромиро дар сар мепарвариданд. Бобояш аз таърих қиссаи Коваи оҳангар ва Заҳҳоки ситамгарро нақлаш карда буд, ки чӣ тавр Кова аз зулми Заҳҳок ба танг омада буд ва бо пуштибонии мардум бар ситамгар ғолиб омад. Ӯ пешбанди чармиашро ба сари найзае басту онро ба парчами озодӣ табдил дод, рамзе, ки мардумро ба ягонагӣ овард ва онҳоро ба пирӯзӣ расонд.

Ҳамаи ин чун навори филм аз пеши назараш гузашт. Ӯ дарк кард, ки парчам танҳо як матоъ не, балки таърих, реша ва руҳи миллат аст.

Дар паҳлуяш писарбачае дар даст парчами кӯчаке меистод, ки бо вазидани шамол алвонҷ мехӯрд. Писарбача ба мавҷ задани ливои дасташ бошавқ менигарист ва онро дар ҳаво пасу пеш тоб медод ва бо ҳамин гӯиё ба парчами азиме, ки болои сараш ба ҷилва омада буд, худро муаррифӣ месохт ва ба он дурудҳо мефиристод. 

Парчами Тоҷикистон ба охирин нуқтаи сутун расида ва гӯё тамоми осмонро фаро гирифт. Он болафшон ба ҷаҳониён мегуфт:

- Ман қомати баланди халқи тоҷикам. То ҷаҳон ҳасту замон равон, ин миллат побарҷост. Ман рамзи ягонагию ваҳдат ва руҳи тавонои ин халқи бошараф ҳастам.

Аз тамошои ин манзара дили Дориюш саршор аз ишқу шодӣ гашт. Неруеро дар вуҷуди хеш ҳис намуд. Ифтихори миллӣ ҳастияшро тавони тоза бахшид. Ӯ эҳсос кард, ки масъул аст, масъул дар пеши таърих, пеши Ватан, пеши ҳаммиллатони хеш. Садое аз қаъри дилаш бархост: «Ман фарзанди ин Ватан ҳастам. Парчами кишварам маро бо гузаштаам мепайвандад ва ба оянда роҳнамоӣ мекунад. Бояд содиқона барои Ватан хизмат кунам».

Ӯ аз Боғи Парчами давлатӣ бо чеҳраи кушод, руҳи болида ва дили пурнеру берун шуд. Эҳсосе дар дили ӯ ҷӯш мезад, ҳамон эҳсосе, ки мисли Парчам ҳамеша мавҷ мезанаду зинда аст.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: