https://sadoimardum.tj

Иқтисоди даврӣ – омили муҳими гузариш ба рушди «Сабз»

№:146 (5042), 10 дек 2025, 17:12
10

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикис­тон дар асоси сиёсати бунёдкорона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба обу иқлим, ҳифзи муҳити зист ва экология дар сатҳи миллӣ, минтақа ва байналмилалӣ бо иқдому ташаббусҳои беназир эҳтиром ва мавқеи хоса пайдо намудааст. Бо ба инобат гирифтани мавқеи устувори кишвар дар самти обу иқлим ва экология, аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар вобаста ба ҳифзи муҳити зист, ҳалли мас­ъалаҳои экологӣ ва нигоҳдории экосистема пайваста иқдому ташаббусҳои пурсамар андешида мешаванд. Бахусус, дар самти таҳия ва қабули қонунҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва экология, ҳамроҳшавӣ ба созишнома ва конвенсияҳои байналмилалӣ, инчунин, ҷиҳати коркард ва амалигардонии дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 30 қонуни соҳавӣ ва санадҳои муҳими стартегиву барномавӣ қабул гардида, Тоҷикистон ба 11 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ шуд.

Мавриди зикр аст, ки таъсири буҳрони сегона - тағ­йирёбии иқлим, коҳишёбии гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист, инчунин, таи солҳои охир афзоиши аҳолӣ, рушди инфрасохтор, зиёдшавии воситаҳои нақлиёт ва дигар омилҳои таъсиркунанда боиси афзудани намудҳои гуногуни партов гардидааст.

Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист 17-уми сентябри соли ҷорӣ таъкид намуданд, ки ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба идоракунии партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар, беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Вобаста ба ин, ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мусаллам аст, ки дар шароити афзояндаи чолишҳои глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, коҳишёбии захираҳои табиӣ ва афзоиши ҳаҷми партовҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои рушдёбанда ҳадафи гузаш­тан ба модели рушди устуворро дорад. Дар меҳвари ин гузариш ду раванди калидӣ – иқтисоди «сабз» ва иқтисоди даврӣ нақши муҳим доранд.

Иқтисоди «сабз» соҳаҳои мухталиф - аз таъмини амалияҳои устувори кишоварзӣ, самаранокии истифодаи энергия то баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва коҳиши партовҳоро дар бар мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин авлавиятро тавассути тасвиби «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037» муайян кардааст, ки вектори ҳамгироии равишҳои экологӣ ва иқтисодиро барои рушди «сабз» муайян менамояд. Стратегияи мазкур барномаи давлатиест, ки барои гузариш ба рушди иқтисодӣ ва экологӣ устувор буда, ба манфиати аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст. Ҳадафҳои стратегия истифодаи самараноки энергияи «сабз», саноатикунонии устувор, кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди нақлиёти «сабз» ва ҳифзи сармояи табииро фаро мегирад.

Иқтисоди даврӣ, дар навбати худ, ҳамчун механизми амалии ноил шудан ба ҳадафҳои иқтисоди «сабз» мусоидат менамояд. Ҳадафи асосии он бар муқобили модели иқтисодиёти хаттии «гирифтан – истифода бурдан – партоф­тан» ва иваз кардани он бо системаҳои даврии сарбаста, ки дар он партовҳо ба захираҳо табдил меёбанд ё ин ки, дароз намудани муҳлати истифодабарии захираҳо ё маводҳо таъмин мегардад. Ин равиш, махсусан, барои Тоҷикистон бо назардошти захираҳои маҳдуди табиӣ, вобастагӣ аз воридот ва афзун гардидани сарбориҳои экологӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Солҳои охир Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди даврӣ дар бахшҳои мухталиф, аз қабили кишоварзӣ, сохтмон, баъзе самтҳои ­саноат, идоракунии партовҳо, энергетика ва, ҳатто, сайёҳӣ, иқдомҳои зиёд намудааст. Бо вуҷуди ин, қабули қарорҳо ва дар амал татбиқ намудани рукнҳои иқтисоди даврӣ пароканда боқӣ мемонад ва муносибати бештари бонизомро тақозо менамояд, ки он, пеш аз ҳама, дастгирии қонунгузорӣ, рушди инфрасохтор, ташаббусҳои таълимӣ ва ҳамкории байни соҳаҳои иқтисоди миллиро фаро мегирад.

Ҳамин тариқ, иқтисоди даврӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи аввали рушд қарор дорад, аммо ҳамгироии он ба рӯзномаи иқтисоди «сабз» имконият­ҳои назаррасро барои баланд бардоштани устувории иқтисодӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва захираҳо, таъсиси ҷойҳои кории «сабз» ва беҳбуди вазъи экологии кишвар фароҳам меорад.

Вазъи қонунгузории миллӣ 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ё санади стратегии махсус вуҷуд надорад, ки мас­ъалаҳои марбут ба иқтисоди давриро мустақиман танзим намояд. Пешрафти иқтисоди даврӣ дар чаҳорчӯби қонунӣ таърифҳои дақиқ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва таҳияи механизмҳои дастгирии моделҳои устувори тиҷоратро тақозо менамояд. 

Бо вуҷуди ин, принсипҳои он тад­риҷан тавассути қонунгузории амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд.

Пешниҳодҳо барои таъмини рушди иқтисоди даврӣ

Пешниҳодҳои мазкур хусусияти тавсиявӣ доранд:

1. Таҳияи қонун ва ё стратегияи миллӣ оид ба иқтисоди даврӣ барои то соли 2040

Оғози таҳия ва қабули қонуни махсус, ки мафҳумҳои калидӣ (давраи ҳаётии маҳсулот, масъулияти васеи истеҳсолкунанда, захираҳои дуюмдараҷа ва ғайра) ва принсипу ҳадафҳои иқтисоди давриро дар бар гирад. Қонун бояд механизмҳои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, нақши мақомоти маҳаллӣ ва низоми мониторинг ва арзёбии самаранокиро муайян намояд. Инчунин, таҳияи стратегияи миллии рушди иқтисоди даврӣ ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад, ки ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва «Стратегияи иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023 - 2037» ҳамоҳанг бошад. Стратегия бояд марҳилаҳо, самтҳои афзалиятнок, нишондиҳандаҳо ва механизмҳои маблағгузориро низ дар бар гирад.

2. Татбиқи ҳавасмандгардониҳои иқтисодӣ ва танзимкунанда барои бахши хусусӣ

Таҳияи низоми ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ, ки бояд фарогири самтҳои мазкур бошад: имтиёзҳо барои корхонаҳое, ки захираҳои дуюмдараҷаро истифода мебаранд ё технологияҳои давриро ҷорӣ менамоянд, механизмҳои маблағгузории «сабз» (субсидияҳо, кафолатҳо, қарзҳои имтиёзнок) бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта.

3. Дастгирии лоиҳаҳои пилотӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ

Оғози лоиҳаҳои пилотӣ дар соҳаҳои афзалиятнок (кишоварзӣ, саноати сабук, идоракунии партовҳо) бо мақсади санҷиш, васеъсозӣ ва ташаккули моделҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад.

4. Ҳамгироии иқтисоди даврӣ ба низоми таҳсилот ва омодасозии кадрҳо

Дохил намудани модулҳои таълимӣ оид ба иқтисоди даврӣ ба барномаҳои мактабӣ, донишгоҳӣ ва касбӣ (кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат). Инкишофи марказҳои такмили ихтисос, барномаҳои тайёр кардани муҳандисон, экологҳо ва иқтисодчиён бо тамаркуз ба техноло­гияҳои устувори «сабз» роҳандозӣ карда шавад. 

5. Тақвияти ҳамоҳангсозии институтсионалӣ ва таъсиси платформаи ҳамкории байниидоравӣ

Ташкили шурои миллии ҳамоҳангсоз ё платформаи муколама оид ба иқтисоди даврӣ бо иштироки вакилони парламент, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин, бо ҷалби шарикони байналмилалӣ ба тақвияти рушди инс­титутсионалӣ ва таъсиси платформаи ҳамкории байниидоравӣ, ҳамоҳангсозии ташаббусҳои қонунгузорӣ, сармоягузорӣ ва таълимӣ ба татбиқи принсипҳои иқтисоди даврӣ заминаҳои устувор фароҳам меорад.

Дар ин зимн, пешбурди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар барномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ метавонад ба таъмини татбиқи амалии принсипҳои иқтисоди даврӣ барои бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

Хулоса, барои таъмини татбиқи принсипҳои иқтисоди даврӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ фаъолият дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда кифоя набуда, балки дар роҳи гузариш ба рушди «сабз» амалҳои ҷиддиро тақозо менамояд. 

Ориф АМИРЗОДА,

Фирдавс САИДЗОДА,

Насрулло ҲАСАНЗОДА,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: