АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ
Таърихи давлатдории навини тоҷикон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди амиқ, воқеӣ ва сарнавиштсоз дорад. Ин пайванд танҳо ба фаъолияти сиёсӣ маҳдуд нест, балки дар сатҳи таърихӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ифода меёбад. Дар оғози солҳои 90-уми асри XX, вақте ки Тоҷикистон ба Истиқлоли давлатӣ расид, кишвар ба ҷойи пешрафти мустақилона бо буҳрони бисёрсамта рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, харобшавии иқтисод, заиф гардидани сохторҳои давлатӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, коҳиши сатҳи зиндагӣ, хатари воқеии нобудии давлат ва парокандашавии миллат аз мушкилоти асосии он давра буданд. Дар чунин вазъият ба саҳнаи сиёсӣ омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдории миллӣ гардид.
Пешвои муаззами миллат дар лаҳзае масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд, ки Тоҷикистон ба иродаи қавии сиёсӣ, роҳбарии устувор, таҳаммул, хирад, матонат ва қобилияти муттаҳид намудани ҷомеа ниёз дошт. Аз ҳамин ҷост, ки дар таҳлили сиёсӣ-таърихӣ нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд, пеш аз ҳама, ҳамчун меъмори сулҳ, эҳёгари давлатдорӣ, кафили ваҳдати миллӣ ва роҳнамои стратегии рушди Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Хизмати бузурги таърихии ин абармард дар он ифода меёбад, ки дар шароити фоҷиаи миллӣ роҳи сулҳ, созиш, ваҳдат ва давлатсозиро интихоб намуданд ва ҷомеаро аз вартаи ҷудоӣ ба сӯи ҳамгироӣ раҳнамоӣ карданд.
Муҳимтарин дастоварди сиёсӣ дар давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ на танҳо талафоти ҷонӣ ва иқтисодӣ овард, балки давлати тозаистиқлолро фалаҷ сохт. Дар чунин шароит Пешвои миллат роҳи музокирот, бахшиш, таҳаммул ва афзалият додани манфиати умумимиллиро пеш гирифтанд. Раванди музокироти байни тоҷикон 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба марҳилаи таърихии худ расид. Ин санад барои бозгашти муҳоҷирони иҷборӣ, қатъи хунрезӣ, фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатӣ ва таҳкими ризоияти миллӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар таърихи муосири ҷаҳон аз он ҷиҳат аҳамияти хос дорад, ки он намунаи олии ҳалли сиёсии низоъи дохилӣ тавассути музокирот, созиш ва масъулияти миллӣ мебошад. Пешвои миллат дар ин раванд на танҳо ҳамчун Роҳбари давлат, балки чун шахсияти ваҳдатофар, сиёсатмадори таҳаммулгаро ва ҳомии манфиати умумимиллӣ зуҳур намуданд. Маҳз, ҳамин хидмати таърихӣ боис гардид, ки мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба ин абармард дода шавад.
Яке аз тезисҳои марказии мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарти аввалини рушди давлат донистани сулҳу субот мебошад. Ин андеша дар тамоми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи асосӣ дорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки истиқлолият, сулҳ ва ваҳдат арзишҳои муқаддасанд ва ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Аз ин нуқтаи назар, сулҳ дар Тоҷикистон танҳо қатъи ҷанг набуд, он ба фарҳанги нави сиёсӣ, эҳёи эътимоди иҷтимоӣ ва заминаи устувори давлатсозӣ табдил ёфт.
Дар таҳкими давлатдорӣ нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайянкунанда мебошад. Дар солҳои аввали истиқлол Тоҷикистон бояд аз сифр ниҳодҳои асосии давлатиро эҳё ва мустаҳкам мекард. Таъсиси Артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми идоракунии давлатӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки пояҳои давлати соҳибихтиёрро мустаҳкам сохтанд. Дар ин раванд Пешвои миллат тавонистанд мафҳуми давлатро аз як сохтори расмӣ ба арзиши воқеии миллӣ табдил диҳанд.
Тезиси дигари муҳим дар андешаи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки Тоҷикистон бояд ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ рушд кунад. Ин мавқеъ дар сиёсати дохилӣ бо ҳифзи субот, таҳкими қонуният, рушди ниҳодҳои давлатӣ ва таъмини амнияти миллӣ алоқаманд аст. Дар сиёсати хориҷӣ бошад, он дар асоси сиёсати «дарҳои кушод» ифода ёфт. Маҳз ин сиёсат ба Тоҷикистон имконият дод, ки бо кишварҳои гуногун муносибатҳои мутавозин барқарор намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, ИДМ, САҲА ва дигар сохторҳои байналмилалӣ мавқеи фаъол пайдо кунад.
Дар сиёсати иҷтимоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маориф, фарҳанг ва худшиносии миллӣ мақоми хос доранд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки пешрафти ҷомеа ба илм, дониш, маърифат ва тарбияи насли соҳибмаърифат вобаста аст. Соҳиби илму маърифат будан аз фазилатҳои бузурги инсонӣ мебошад ва пешрафти ҷамъият, пеш аз ҳама, ба илм вобаста аст. Ин андеша яке аз тезисҳои муҳими сиёсати маънавии Пешвои миллатро ташкил медиҳад: миллате, ки ба илм, китоб, забон, фарҳанг ва таърих такя мекунад, метавонад дар ҷаҳони муосир мавқеи худро ҳифз намояд.
Эҳёи арзишҳои миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои бузурги илму адаб, рушди забони тоҷикӣ, таваҷҷуҳ ба таърих, таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва дастгирии фарҳанг дар давраи истиқлолият ба таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат намуд. Сиёсати фарҳангии Пешвои миллат хусусияти рамзӣ надорад. Он барои муттаҳид сохтани ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва ҳифзи асолати миллӣ аҳамияти амалӣ дорад. Барои миллате, ки аз ҷанги дохилӣ гузаштааст, фарҳанг, забон ва таърих омилҳои муҳими ваҳдат мебошанд.
Яке аз тезисҳои зебо ва марказии давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон» мебошад. Дар матни савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид шудааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон ва пайвандгари форсизабонон аст. Ин андеша аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ муҳим аст, зеро Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун як воҳиди маъмурӣ, балки ҳамчун маркази ҳувияти миллӣ, забонӣ ва таърихии тоҷикон муаррифӣ мекунад.
Дар солҳои охир дар сиёсати Пешвои миллат масъалаи рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир низ ҷойгоҳи муҳим пайдо кардааст. Дар Паёми соли 2025 таъкид шудааст, ки раванди идоракунии давлатӣ бояд бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда шавад, то таъсири омили инсонӣ дар муносибатҳои молиявӣ ва идорӣ коҳиш ёбад. Ин тезис нишон медиҳад, ки модели рушди Тоҷикистон танҳо ба инфрасохтори анъанавӣ такя намекунад, балки ба идоракунии муосир, шаффофият, рақамикунонӣ ва самаранокии институтсионалӣ низ нигаронида шудааст.
Ҳамин тавр, таҳлили сиёсӣ-таърихии солҳои истиқлолият нишон медиҳад, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се самти асосӣ - таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдорӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ - меҳварӣ ва таърихӣ аст. Тоҷикистон аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, фалаҷии иқтисодӣ ва хатари парокандашавӣ ба марҳилаи давлатдории устувор, сиёсати хориҷии фаъол, рушди инфрасохторӣ, иқтисодӣ ва беҳтаршавии тадриҷии сатҳи зиндагии мардум ворид гардид. Ин роҳи тайшуда натиҷаи иродаи сиёсӣ, таҷрибаи давлатдорӣ, интихоби стратегӣ ва заҳмати пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рӯ, дар хотираи таърихии миллат ин абармард ҳамчун Пешвои сулҳофар, меъмори давлатдории навин, эҳёгари ваҳдати миллӣ ва роҳнамои марҳилаи созандагии Тоҷикистон ҷойгоҳи хос доранд. Давраи роҳбарии ӯ давраи гузариш аз фоҷиаи миллӣ ба эҳёи миллӣ, аз бесуботӣ ба низоми давлатӣ, аз буҳрони иқтисодӣ ба рушди тадриҷӣ ва аз парокандагӣ ба ваҳдати сиёсиву иҷтимоӣ мебошад. Ин арзёбӣ на танҳо ифодаи эҳтиром, балки натиҷаи таҳлили воқеияти таърихии беш аз се даҳсолаи давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
Озода НЕЪМАТЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология
Ҳамчунин дигар маводҳо:
