Номаи тақдири мо
Ҳар гоҳе дар бораи ваҳдати миллӣ меандешам, солҳои душворе, ки аз сари миллати тоҷик гузашт, ба ёдам меояд. Душвор аст соҳибихтиёрӣ ба даст овардану ба сулҳу ваҳдати комил расидан. Ин неъмати бебаҳо ба мардуми тоҷик бо сахтӣ муяссар шуд ва аз ин рӯ, истиқлол ва ваҳдат бисёр азизанд.
Аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 28 сол пур шуд. Далели раднопазир аст, ки созишномаи мазкур, пеш аз ҳама, дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст. Бисту ҳашт сол аст, ки сокинони кишвари азизамон аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар фазои ором пайи кору зиндагии осуда ва созандаанд. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон ҷаҳду талоши зиёд карданд. Аз ҷумла, сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёди нақбҳоро ба роҳ монданд. Бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Озодӣ», инчунин, роҳҳои мошингарди Душанбе - Хоруғ - Мурғоб, Душанбе - Рашт - Саритош, Душанбе - Хуҷанд - Чанак, Кулма - Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа (Бохтар) - Кӯлоб аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат мебошанд.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кард. Сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2», хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – «Сангтӯда -1» далели ин гуфтаҳоянд.
Муҳимтар аз ҳама, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат яке аз сохтмонҳои аср ва ҳаётан муҳим - НБО «Роғун» оғоз гардид. Баъди талошҳои зиёди Пешвои миллат ду агрегати ин неругоҳ ба кор даромад, ки хурсандии сокинон ҳадду канор надорад.
Сулҳу суботи саросарӣ буд, ки ба анъана ва суннатҳои ниёгонамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифт. Қобили зикр аст, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон ҷашнҳои ниёгон ба шумор рафта, маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолият ва ваҳдати миллиро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди халқи тоҷик номидаанд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имкон дод, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Имрӯз кӯчаю хиёбонҳои шаҳру деҳотро мебинам, модарони хушбахт, ҷавонони саодатманд, тифлакони шӯху беолоиш бидуни тарсу ҳарос дар хиёбонҳо сайругашт менамоянд. Толибилмону донишҷӯён дар шароити муосир дар синфхонаҳои кушоду барҳаво таълиму тадрис мегиранд. Дар он солҳои мудҳиши ҷанг мушкили аз таълим дур мондани мактаббачагон ба миён омада буд. Шукргузор бояд бошем, ки маҳз бо талошҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама мушкилот паси сар шуд. Ҳамарӯза воқиф мегардем, ки аз файзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ наврасону ҷавонони кишвар номи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баландтар мебардоранд ва Парчами давлатиро парафшон мекунанд.
Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои хеш иброз намуданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Насли нисбатан солор даҳшати ҷангро хуб дар хотир доранд. Мардум пайи ба даст овардани як бурида нон талош мекарданд, ҳатто дар навбатпоӣ шабҳоро рӯз менамуданд. Ба ёд овардани рӯзҳои гузашта моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.
Мо бояд ба қадри ҳама эҳдои яздонӣ – сулҳу салоҳ ва тинҷиву амонӣ расем, шукр гӯем ва ҳамеша дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем. Яъне, номаи тақдири мо дар дасти худи мост.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





