https://sadoimardum.tj

Ҳар қадами Пешво файзу баракат дорад

№:104 (5000), 06 сен 2025, 00:41
2

Истиқлол ба назар чанд ҳарфро мемонад, аммо ормонҳои ҳазорсоларо ифода мекунад. Он озодии андеша, ҳаққи муайян намудани сарнавишти миллат ва соҳиби давлат будан аст. Имрӯз мо, тоҷикон, бо ифтихор мегӯем, ки соҳибдавлатем. Аммо набояд фаромӯш кунем, ки ин дастоварди бузург бо ҷонбозиҳо, фидокориҳо ва заҳматҳои зиёд ба даст омадааст ва мо муваззафем, ки ҳамеша онро пос дорем.

Имрӯз дар ҷаҳон ҳанӯз ҳам садҳо миллату қавм зиндагӣ мекунанд, ки ҳарчанд аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархӯрдор бошанд ҳам, аммо соҳиби давлати мустақил нестанд. Дар ин маврид сарбаландона бояд гуфт, ки мо - мардуми тоҷик аз шумори он миллатҳои хушбахтем, ки имрӯз бо ифтихор Парчами давлатдориро баланд бардоштаему соҳиби сулҳу оромӣ гаштаем. Аммо ҳаргиз набояд фаромӯш кард, ки то ба ин мақом расидан роҳи сангину пурпечутоберо тай намудем.

ТАЪРИХ ВА ОРМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон яке аз миллати куҳанбунёди ҷаҳон мебошанд. Ниёгони мо аввалин давлатҳо ва империяҳои пурқудратро ташкил дода, фарҳангу тамаддуни ҷаҳониро ғанӣ гардонидаанд. Ҳарчанд гоҳе зимоми давлатдорӣ аз даст додаанд, вале бо донишу заковати худ тавонистанд сиё­сати дохилию хориҷии дигар қавмҳоро идора намоянд. Халифа Абдумалик эътироф кардааст: «Ориёни бостон ҳазор сол ҳукмронӣ карданду як соат ба мо муҳтоҷ набуданд, вале мо сад сол ҳукм рондем, натавонистем як соат аз онҳо бениёз шавем».

Иродати таърихӣ сабаб шуд, ки миллати тоҷик дар гирудори замонҳо ормони истиқлолро дар дил нигоҳ дорад. Замоне ки Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ истиқлолашро эълон кард, мутаассифона, кишварро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва пойдории давлатро хатар таҳдид менамуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 Роҳбари давлат интихоб шуданд. Он солҳо ӯ танҳо бо як орзу – «наҷоти давлат ва ҳифзи миллат» ба саҳнаи сиёсат омаданд. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайгиронаи ӯ сулҳи тоҷикон барқарор гашт. Имрӯз ҷаҳон Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари сулҳофар мешиносад ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи беназир мавриди омӯзиши ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Бо ба даст овардани сулҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувори эъмори давлати навинро гузоштанд. Таъкид намуданд: «Мо бояд давлате созем, ки дар он ҳар як фарди ҷомеа худро соҳиб эҳсос кунад». Дар зарфи 34 соли истиқлол Тоҷикистон ба комёбиҳои зиёде ноил гардид: садҳо километр роҳу пулҳо ва нақбҳои азим сохта шуданд, ки минтақаҳои кишварро ба ҳам мепайванданд, соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш рушд карданд, майдонҳои варзиш ва марказҳои фарҳангӣ бунёд ёфтанд, ки ҷавононро ба роҳи солим ва ватандӯстӣ ҳидоят менамоянд, барномаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ амалӣ шуда, сатҳи зиндагии мардум сол аз сол беҳтар гашт... 

ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо сари баланд бояд гуфт, ки имрӯз Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор мешиносанд. Ин ҳама ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Махсусан, ташаббусҳои байналмилалии ӯ дар соҳаи обу иқлим ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ касб карданд:

Соли 2003 - «Соли байналмилалии оби тоза»;

Солҳои 2005-2015 - «Даҳсолаи амалиёти байналмилалӣ «Об - барои ҳаёт»»;

Соли 2013 - «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»;

Солҳои 2018–2028 – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор»».

Ин ташаббусҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфта, бо қабули қатъномаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ боис шуданд.

ДАР СОЯИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлол барои мардуми тоҷик танҳо нишон аз озодии сиёсӣ нест, балки фурсате шуд, ки фарҳанг, таърих, илму маориф ва иқтисодиёти кишвар ба сатҳи нави рушд расонида шавад. Бо шарофати истиқлол дар тамоми гӯшаҳои мамлакат сохтмони мактабҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва инфрасохтори замонавӣ оғоз гардид. Бунёди иншооти варзиш, майдончаҳои сабз ва осорхонаҳо барои рушди варзиш ва фарҳанг ба марҳилаи сифатан нав ворид шуд. Барои рушди тиҷорат ва сайёҳӣ низ шароит муҳайё гардид ва ин ба пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат мекунад. Маҳз эҳтироми таърих ва фарҳанги миллӣ имконият дод, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо таъриху фарҳанги бойи худ шинохта шавад. 

Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ садҳо корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз карданд, Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи маҳсулот табдил ёфт. Дар соҳаи энергетика низ пешравиҳо кам нестанд. Ҳоло дар соҳа неругоҳҳои нав, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёд шуда истодааст, ки онро «Иншооти аср» меноманд. Сохтмони роҳу нақбҳо, мисли нақби «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Чормағзак», на танҳо минтақаҳои кишварро ба ҳам пайвастанд, балки Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя наздик сохтанд. 

РАМЗИ ФАЙЗУ БАРАКАТ

Таҳлилу мушоҳида собит месозанд, ки ҳар як сафари кории Пешвои миллат ба минтақаҳои гуногуни кишвар бо ифтитоҳи иншооти нав, роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва майдончаҳои варзиш меанҷомад. Мардум ин дастовардҳоро бо чашми худ мебинанд ва эътимодашон ба давлат ва истиқлол қавитар мегардад. Тамоми сокинони кишвар имрӯз бо итминон мегӯянд: «Ҳар қадами Пешво файзу баракат меорад». Ин раванд гувоҳи он аст, ки истиқлол танҳо рамзи давлатдорӣ нест, балки кафили зиндагии шоиста ва рушди ҳар кишвар мебошад. Дар зарфи 34 соли истиқлол бо қудуми ин абармард ҳар як гӯшаи Ватан симояшро дигар кард, рушд намуд, ҳатто дуртарин деҳоти кишвар низ. Имрӯз мардуми Тоҷикистон бо ифтихор ба дастовардҳои истиқлол менигаранд ва ҳар як шаҳрванди кишвар ҳис мекунад, ки қудрат ва субот аз талошҳои хастагинопазир ва ҳидояти Пешвои миллат сарчашма мегирад. Ҳамин тавр, истиқлол барои Тоҷикистон на танҳо рамзи озодии давлат, балки кафили рушди ҳамаҷониба, ҳифзи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, тарбияи насли оянда ва зиндагии шоиста мебошад.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

 «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: