Сактаи мағзӣ чӣ хатар дорад?
Дар радабандии сабабҳои маъюбӣ инсулт, яъне сактаи майна, ҷойи аввалро ишғол менамояд. Тибқи нишондоди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 10 миллион нафар мубталои сактаи мағзӣ мегардад. Аз се як ҳиссаи гирифторони ин беморӣ дар муддати то 30 рӯз мефавтанд ва 80 дарсади дигар аз сактаи мағзӣ маъюб мешаванд. Аз ин теъдод 30 фоиз муҳтоҷи парастор гашта, 20 дарсад дигар аз роҳгардӣ маҳрум мешаванд.
Бино ба таъкиди мутахассисони СҶТ, зиёда аз 90 дарсади ҳолатҳои гирифторӣ ба инсултро метавон пешгирӣ кард. Маъмулан, инсулт дар натиҷаи болоравии фишори хун (гипертонияи артериалӣ), иллатҳои атеросклерозу диабети қанд ба амал меояд. Ҳамчунин, ихтилол дар хунравӣ, бемориҳои ирсӣ низ сабаби сакта мешаванд. Фарбеҳӣ, тамокукашӣ ва камҳаракатӣ чун омилҳои дигари ин беморӣ эътироф шудаанд.
Асосан, ду намуди сакта кори системаи марказии асабро бештар халалдор мекунад. Сактаи ишемӣ – камхунии рагҳои майна бар асари танг шудани маҷрои хун дар рагҳои сар, (варам) судашавӣ, бо далели часпидани пулакчаҳои атеросклеротикӣ. Дар ин ҳолат роҳи раги хунгарди майнаро тоза мекунанд, то хун аз бандшавӣ дар раг раҳо ёбад.
Сактаи геморрогӣ (хунрезӣ) хунравӣ дар рагҳои хунгард (хунгузар) аст, ки бофтаи майнаро фишурда (танг) мекунад. Аз кафидан ё кандашавии рагҳои хунгард дар як муддати хеле кӯтоҳ дар майна тағйироти бебозгашт ба вуҷуд меояд. Одам карахт ё беҳуш мешавад. Беморро фавран ҷарроҳӣ карда, нуқсеро, ки сабаби нарасидани оксигену ғизо ба мавзеи осебрасида аст (гемотома), бартараф месозанд.
Сактаи майна натиҷаи маҷмуи касолатҳои бадан аст. Пешгӯии он ки таъсири кадом омил ба рушди сакта дар ин ё он ҳолати мушаххас каму зиёд аст, корест мушкил. Муҳаққиқон 40 дарсад сабаби сар задани инсултро аз фишорбаландӣ медонанд. Фишори баланди хун бе ягон аломат, оҳиста-оҳиста ба дил ва рагҳо зарар мерасонад, вале, мутаассифона, аксарият онро нодида мегиранд.
Таблиғи пешгирӣ аз бемориҳо на танҳо зарур, балки ниҳоят муҳим мебошад. Ба шарте ки маълумот босаводона, самаранок ва нишонрас таҳия шавад. Ҳар шахс бояд огоҳ бошад, ки агар фишор то ҳадди хавфнок, яъне 140/90 ба такрор боло равад, онро бояд ҳатман таҳти назорат қарор диҳад. Табибон дар ин маврид бо ба назар гирифтани синну сол ва дигар иллатҳои инфиродӣ, миқдору навъи ҳаби фишорпастсозро муайян мекунанд, вале самараи давраи табобат аз хоҳишу кӯшиши бемор низ вобастагӣ дорад. Масалан, риояи парҳез дар ғизо шарти хеле муҳими он аст. Мусаллам аст, ки ҳар 1 килограмм вазни зиёдатӣ сатҳи фишори хунро ба як дараҷа боло мебарад. Истеъмоли аз ҳад зиёди намак ё ба ибораи дигар, натрий обро дар бадан нигоҳ медорад. Дар натиҷа, ҳаҷми хуни гардишӣ зиёд ва фишори хун меафзояд. Истеъмоли намакро аз 10-15 грамми муқарраршуда ҳатман оҳиста-оҳиста рӯзе то 3-4 грамм бояд коҳиш дод. Яъне, бо муътадил сохтани мубодилаи моддаҳо ва лоғаршавӣ метавон ин иллатро рафъ намуд.
Нақши ҳар фард дар муолиҷаи беморӣ аз фаъолияти табибон камтар нест. Вақте сакта рух медиҳад, бемор бояд фавран бистарӣ шавад. Ҳар дақиқа метавонад ҳаёти инсонро наҷот диҳад. Кумаки аввалия агар дар давоми се соат пас аз сакта расонда шавад, хатари оқибатҳо ва хавфи такрори он ба таври назаррас коҳиш меёбад.
Бемореро, ки сактаи мағзӣ гирифтааст, танҳо дар бистар дар ҷойгаҳи хоб интиқол медиҳанд. Аз ҷой хестан ва роҳ рафтани бемор қатъиян манъ аст. То расидани «Ёрии таъҷилӣ» тугмаҳои куртаи беморро боз намудан лозим аст, то ӯ озод нафас гирифта тавонад. Дандонҳои сунъиро ҳатман берун кашида, бояд даҳон аз ғализиҳо пок карда шавад. Зери сари бемор болини баланд бояд гузошт. Сару китфи ӯро ба болин чунон мегузоранд, то гардан қат нашавад, зеро ин гардиши хунро дар рагҳои сутунмуҳра халалдор мекунад. Дар ин ҳолат фишори хуни бемор ҳатман бояд санҷида шавад. Дар ҳолати баланд будан, доруи зидди фишор додан лозим меояд. Агар дору набошад, пои беморро дар оби гарм гирифтан муфид аст.
Диловар ТАВАРОВ,
табиб-кардиологи шуъбаи қабули калонсолони МД ММТ ҶТ «Шифобахш»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





