Вақте Наврӯз меомад
Мардум ба истиқболи баҳор омадаанд. Чашм ба осмон дӯхта, даст ба сӯи хуршеди оламтоб ниёиш мекунанд. Дар ин рӯзҳо ҳар кас аз он кураи гармибахш нуру зиё металабад. Нури офтоб торикиро мешиканад, гармии он ба тани сарди замин ҷон медамад ва ба дилҳои инсон неруи нав мебахшад.
Табиат низ бо омадани баҳор нафаси тоза мекашад ва ҷомаи сабз ба бар мекунад. Бӯи гулу сабзаҳои навруста фазоро муаттар месозад. Парандагон месароянд ва хок, ки дар оғӯши сарди зимистон ғунуда буд, бо гармии хуршед бедор мешавад. Ин муждаи баҳор аст — пайки Наврӯз.
Наврӯз танҳо ҷашни эҳёи табиат не, балки марҳилаи эҳёи анъанаҳо ва суннатҳои ниёгон аст. Барои таҷлили ин ҳама зебоиҳо ва шодиҳои наврӯзӣ занон саҳми бориз доранд. Онҳо ҳунармандона расму оинҳои ин ҷашни куҳанро аз насл ба насл мерасонанд.
Маҳз зан аст, ки фазои идонаро меофарад ба пешвози ҷашни пуршукӯҳи Наврӯз хонаҳоро тоза мекунад, дастархони идона меорояд, хӯрокҳои миллӣ тайёр мекунанд, либосҳои чакану гулдӯзию зардӯзӣ, хусусан рӯймолу тоқиҳои рангоранг ба бар месозад ва ба Наврӯз шукӯҳ мебахшад.
Аз қадимулайём занони тоҷик барои зинда мондани расму оинҳои Наврӯз талош мекарданд. Ҳангоми наздик шудани Наврӯз дарду ранҷҳоро дар оташ месӯхтанд, манзили хешро тамиз менамуданд, гандумро чун рамзи сарсабзию серию пурӣ сабз мекарданд ва бо меҳри бепоён фазои пур аз нуру шодиро дар ҳар хонадон танинандоз месохтанд.
Яке аз рамзҳои зеботарини Наврӯз суманак аст, чун нишонаи сабру меҳнат ва ҳамдилии занон. Шабе, ки суманак пухта мешавад, гирди дег бонувон ҷамъ меоянд, суруд мехонанд, орзуҳои нек мекунанд ва бо нияти пок онро мечархонанд. Ин шабзиндадорӣ гӯё рамзи баракати рӯзгор аст.
То ҳол даврони кӯдакии худро фаромӯш намекунам. Бо наздик шудани Наврӯз модарам шабзиндадорӣ мекард. Як моҳ пеш аз иди Наврӯз шабҳо дар рӯшноии чароғ, рӯзҳо дар офтобрӯя барои ману апаҳоям барои Наврӯз куртаҳои чакан медӯхт. Модарам куртаҳои чаканро ба мо мепӯшонд ва бозавқ тамошо мекард. Мо дар назараш мисли гулҳои баҳорӣ мешукуфтем. Барои мо он куртаҳо нишот мебахшиданд.
Имрӯз ҳар боре, ки он куртаҳои чаканро дар тани духтаронам мебинам ва шодмонияшонро мушоҳида мекунам, ҳамон лаззати айёми кӯдакиро эҳсос мекунам.
Маҳз ҳамин гуна модарон ва бонувон буданд, ки анъанаҳои Наврӯзро эмин нигоҳ доштанд. Онҳо бо меҳнату ҳисси масъулият фарҳанги миллатро ҳифз карданд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
