Баҳори гулҷӯш
Наврӯз, биё, баҳори мо мегузарад,
Атри гули лолазори мо мегузарад.
Мо масти хумори кишвари ҳусни туем,
Таъхир манамо, хумори мо мегузарад.
Борони Ҳамал амал диҳад сабзаи тар,
Бар боғ диҳад бору самар, бору самар.
Ҳар кас ба Ҳамал расад, баҳораш пайдост,
Бе ҳеҷ хатар расад ба Наврӯзи дигар.
Бе лаъли лабони ту нашуд ком асал,
Бе гармии рӯи ту нашуд ҷом асал.
Бе хандаи ширадори хуршедии ту,
Наврӯз нашуд барои илҳом асал.
Тутӣ ба гулистон саҳар меояд,
Аз баҳри шикастани шакар меояд.
Ошиқ ба умеди васл бо дидаи чор,
Сармаст ба роҳи пурхатар меояд.
Гул аз нафаси баҳор бишкуфт, биё,
Гулбарги лаби нигор бишкуфт, биё.
Наврӯзи Аҷам файзи шукуфтан дорад,
Дар Лолагӣ лолазор бишкуфт, биё.
Имрӯз баҳори гулбасар омадааст,
Олам ба қабои сабзу тар омадааст.
Наврӯз дар оғӯши баҳори сафарӣ,
Бо хандаи хуршеди саҳар омадааст.
Эй пиру ҷавон, баҳори гулҷӯш омад,
Хандон — хандон нигори гулпӯш омад.
Печида ба хеш махмали наврӯзӣ,
Гул дар лабу дар бару дар оғӯш омад.
Ҷононаи деринаи Наврӯз, биё,
Афсонаи поринаи Наврӯз, биё.
Ҷононаи ту накҳати борон дорад,
Афсонаи ту бӯи баҳорон дорад.
Ҷӯрабек МУЪМИН
Ҳамчунин дигар маводҳо:
