Шиносномаи фарҳанги тоҷикон
Наврӯз фархундатарин ҷашн, гаронбаҳотарин мероси маънавии ниёгони мост, ки дар муаррифии фарҳангу таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳми муассир дорад. Муҳимтар аз ҳама, дар эҷоди ваҳдати маънавӣ ва фарҳангии тамоми халқҳо мусоидат карда, ҷавҳару сиришту афкору андешаи ба-шардӯстонаи мардуми тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ инъикос мекунад.
Наврӯзи хуҷастапай, ки шиносномаи фарҳангу маънавиёти ниёгони мост, бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз соли 2010-ум ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт ва ҷаҳонӣ гашт. Эҳсоси футуввату худшиносӣ ва тинати бу-зурги фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки шукӯҳу шаҳо-мати азалии Наврӯзи хуҷастапай эҳё шуд.
Наврӯз андешаи пок, афкори созанда ва эҳсоси зебоипарастии ниёгони моро собит мекунад. Имрӯз ба та-моми мардуми ҷаҳон рӯшан аст, ки Наврӯзи некпай мубтадои ҳамбастагӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии нек мебо-шад.
Аз ин рӯ, онро дар қитъаҳои бузургтарини олам, аз Шарқу Ғарб то Ҷануб, истиқбол мегиранд ва аз куртаи чакану тоқии зардӯзӣ, либосҳои миллии атласу адрас ва дигар ороишоти зебои миллии тоҷикон дар Ҷашни Наврӯз истифода мебаранд. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар дили ҳар фарди худшинос эҳсоси муҳаббатро нисбат ба Ватан, муқаддасоти миллӣ ва фарҳангу оин тақвият мебахшад.
Мардуми тоҷик на танҳо яке аз моликони таъриху оинҳои Наврӯз аст, балки ин ҷашни қадимтарини олам зода ва парвардаи муҳити фарҳангии ӯ мебошад. Ҳар як оини наврӯзӣ дар мағз андар мағзи суннатҳои маъна-вии тоҷикон реша дорад ва дар давоми бештар аз 60 аср руҳу равони фарҳанги анъанавии моро зинда медорад.
Наврӯз аз соати ба ҳам баробар шудани шабу рӯз оғоз меёбад, ки онро эътидоли баҳорӣ меноманд. Ин беса-баб нест. Чун эътидол дар баробари сари сол будан бар бунёди фалсафаи ҳастии маънавии тамоми кайҳон қарор гирифтааст. Ба қавли Умари Хайём: «ин олам, ки ба пой бувад, бо эътидол бар пой бувад». Наврӯз пайки баҳор, арӯси сол, айёми шодию сурур, эҳёи табиату ҳаёт, замину замон ва кайҳон буда, барҳақ, рӯйдоди осмонӣ ва тасхиргари қалбҳои инсон аст, ки дар дунё ҷашне бо чунин шукӯҳу шаҳомат вуҷуд надорад. Донишманди маъруф Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-аш қайд мекунад: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пай-вандад, то Наврӯзи дигар умр ба шодӣ ва хуррамӣ гузорад».
Наврӯз муждаи баҳор аст. Онро ҷашни кишоварзон ҳам меноманд, зеро Наврӯз эҳёи табиат ва фаро расида-ни мавсими киштукори кишоварзон мебошад. Дар ин айём кишоварзон ба хотири ризқи фаровон ба замин донаи умед мепошанд, ниҳол месабзонанд ва таманно мекунанд, ки диёр сарсабзу хуррам ва ҳосил фаровон бошад.
Наврӯз сапедадами ҳастист. Ҷашни табиат дар моҳияти рӯзгор аст. Ҷашни хайрхоҳиву зебоишиносӣ ва ин-сонпарварист. Фараҳ бардоштан аз суруру нишот, шод будан аз шукуфоӣ ва ороиши гулу гиёҳ, оростаю пероста доштани хонаву дар аз сиришти накуи офарандагони ин ҷашни хуҷастапай шаҳодат медиҳад. Дар рӯзҳои ҷашн фариштаҳои накукор аз осмон ба замин поин мешаванд, аммо пайкони фалакӣ ба хонаҳое меҳмон намешаванд, ки онҳоро рӯбучин накардаанд ё миёни аҳли хонавода сулҳу салоҳ нест.
Наврӯз хешу табор, як наслро бо насли дигар, гузаштаро бо имрӯз, имрӯзро бо оянда ва дар ниҳояти силси-лаи робитаю нисбатҳо олами инсонро бо худи инсон мепайвандад.
То Ҷашни Наврӯз мардум анъанаҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Онро даҳаи ҷашн гӯянд. Барои нек омадани сол дар зарфҳои махсус аз донаҳои гандум суманак мегузоранд. Аз сабзиши гандум ба сол фол мекушоянд. Си-пас, ҷиҳози хонаву дарро метаканду мешӯянд. Тозагӣ аз унсурҳои асосии Наврӯз аст. Пеш аз ҷашн ҳама сару тан мешӯянд ва либосҳои наву тоза ба бар мекунанд. Гулдухтарон мушку анбару упо ва ҳиною усма омода мекунанд ва мӯйҳоро ҷамолак мебофанд. Тамошогоҳи Наврӯзро дуруст, ҷӯю чашмасорҳоро тоза мекунанд. Мардум дар Наврӯз ҳама кинаю ғаразро аз дил бурун ва оғӯши сулҳу дӯстӣ боз менамоянд. Аз «гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек» бори дигар ёдовар мешаванд.
Ҷашни Наврӯз намоиши ҳунару истеъдод, зӯри дасту бозу ва паҳлавонист. Дар баробари аспдавонӣ, ча-пандозӣ ва бандкашӣ гӯштин аз намунаи беҳтарини таҷассуми ҷавонмардӣ бувад. Мардум тамоми сабқатҳои ҷавонмардонро бо шӯру шавқ тамошо мекунанд. Сабқати шеъру тарона ва дигар базмҳои наврӯзӣ дар руҳияи худшиносӣ, ваҳдату дӯстии ҳар халқу миллат нақши баланд дорад.
Оини ҷашни соли нави тоҷикӣ талаб мекунад, ки тамоми ҳавлию боғу роғ ва ҷӯйбору наҳрҳо поку кӯчаю пасткӯчаҳо тоза бошанд. Ин ҷо фақат беҳдошти табиат дар назар нест, покию тозагии хона, ҳавлӣ ва гирду атроф воҷибтарин замина ва нахустин шарти ширкати фаъолонаи инсон дар ҳарби хайру шарр дар миқёси кайҳон аст.
Ниёгони озодаву тамаддунофари тоҷик аз замонҳои дури таърих ҷашнҳои бузурги Наврӯз, Меҳргону Сада ва Тиргонро бо риояи расму анъанаҳои куҳан ва бо як шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд. Густурдани хони наврӯзӣ ва оростанаш бо суннати наҷиби ниёгон — ҳафтсину ҳафтшин намунаи хайру баракат аст. Мардум он чӣ дорад, рӯи дастархон мегузорад ва дуо мекунад, ки тамоми сол файзу баракат, суруру нишот ва шодмонӣ бо онҳо бошад. Таомҳои миллӣ хони наврӯзиро бо ҳафтсину ҳафтшин зиннат мебахшанд. Бо ҳафтсин ва ҳафтшин оро-стани хони наврӯзӣ ба худ ҳикмат ва бо далели сарчашмаҳои хаттӣ, таърихи бостонӣ дорад. Дар Наврӯз хӯрокҳои миллӣ, ки аз рустаниҳои шифобахш тайёр мешаванд, зеби дастархонанд. Гирди хони наврӯзӣ ба ҳам омадани аҳли оила, пайвандону ёру дӯстон бо шодиву тараб фоли нек аст.
Наврӯз чароғи худшиносист. Ҳар куҷо ин чароғ равшанӣ медиҳад, сарзамини Наврӯз аст — диёри табори мост. Ҳар ҷо, ки Наврӯз таҷлил мешавад, барои мо бегона нест. Ҳар куҷо тоҷикзабонест, дар оғози баҳор бо шукӯҳу азамат хиргоҳи наврӯзӣ мезанад.
Дар замоне ки инсон фотеҳи қуллаҳои баланди илм аст, беш аз пеш, мақому манзалати фарҳанги воло, анъанаву суннат ва фалсафаи беҳудуди Ҷашни Наврӯз боло мегардад. Қабул шудани қатъномаи Созмони Ми-лали Муттаҳид вобаста ба мақоми байналмилалӣ гирифтани Ҷашни Наврӯз барҷастатарин далели ин гуфтаҳост.
Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба аҳли сай-ёра аз ҷаҳонишавии Ҷашни Наврӯз башорат медод ва Наврӯз пас аз ин иқдоми беназир Наврӯзи иттиҳод ва ҳамгироии инсоният гардид.
Имрӯз дар фазои софу беғубор ва сулҳпарвари сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватан накҳати қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодӣ — Наврӯзи хуҷастапай танинандоз ва бо шарофати Наврӯз қал-би пиру ҷавон пур аз фараҳу шодист.
Наврӯз ба рукни муҳими хештаншиносӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гу-заштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ ва расидан ба қадри ҳаёти хушу хуррам табдил ёфтааст. Бо вурудаш айёми гармию рӯшанӣ, таровату тозагӣ фаро мерасад. Нафасаш муаттару руҳбахш аст.
Фирдавс САИДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
