https://sadoimardum.tj

Ба Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният»

Омӯзиши пиряхҳо – самти муҳими илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатӣ

№:33 (5085), 30 мар 2026, 17:43
7

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши пиряхҳоро чунин тасниф намуданд. Ибрози ин суханон бори дигар моҳияти бо пешниҳоди Тоҷикистон ва қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 - 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера»-ро ба маъраз гузошт. Дар идома Пешвои миллат аз сохторҳои дахлдор даъват ба амал оварданд, ки «фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд».
Аҳамияти масъала то ҳадде аст, ки Пешвои миллат таъкид карданд: «Мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад». Ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил додани Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» идомаи мантиқии ибтикори ба ин масъала дахлдошта маҳсуб мешавад.
Бамаврид аст таъкид намоем, ки на ба ҳама кишварҳо ва роҳбарони онҳо муяссар мегардад, ки пешниҳоду ташаббусҳояшон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби созмони бонуфузе чун СММ бо иттифоқи оро ҷонибдорӣ шавад. Ин омил, пеш аз ҳама, шаҳодати мақому манзалати бениҳоят баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
НАВРӮЗ ВА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Ба 21 март тавъам афтодани ду ҷашн - Нав­рӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо рамзу ҳикмат, махсусият ва умумияти зиёд дорад. Фарҳанги Наврӯз бо ҷашни байналмилалӣ шудани Наврӯз густурда шуда, масъулияти инсонҳоро барои ҳалли мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ фузун кард.
Эълон гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷузъе аз фарҳанги Наврӯз маҳсуб мешавад. Боиси ифтихори мо - тоҷику тоҷикистониён аст, ки маҳз бо ташаб­буси Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим аҳамияти дучанд касб кардааст. Ибтикори мазкур боис гардид, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои марбут ба обу иқлим кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд.
ПИРЯХ, ЯЪНЕ ЧӢ?
Яхҳои доимии қабатғафси болои кӯҳҳоро пирях меноманд. Ба ибораи дигар, пирях тӯдаи яхҳои табиии рӯйи замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Дар пажуҳишҳои илмӣ бо истинод ба вожаи русии «ледник» ва англисии «glacier» истифодаи калимаи яхсор низ роиҷ аст. Пиряхро лозар низ меноманд, ки бино ба гуфти забоншиносон, бозмонда аз забонҳои сакоӣ аст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», пирях ҳаҷми бузурги яхи табиии дар натиҷаи табдили боришоти сахти атмосферӣ бавуҷудомада мебошад.
Дар кишварамон ҳудуди 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст, ки масоҳаташон 11 146 км2 мебошанд. Пиряхҳои кишвари мо, асосан, дар Помири шимолию ғарбӣ ва кӯҳҳои Ҳисору Олой дар баландиҳои аз 3000-3500 то 3500-5300 ҷойгиранд. Дар кишвари мо ду навъ пирях - нишебӣ ва водигӣ дучор меоянд. Пиряхҳои калонтарин во-дигӣ мебошанд, ки аз ҷиҳати шумора низ бамаротиб бештаранд.
ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» идомаи мантиқии иқдомоти қаблӣ ва шаҳодати хосаву доимӣ будани таваҷҷуҳ ба ин масъала аст. Тавре аз муҳтаво бармеояд, қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян кардааст.
Тибқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳифзи пиряхҳо маҷмуи талабот ва чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ба пиряхҳо, аз ҷумла омӯзиши қонуниятҳои тақсимоти боришот, қабати барф, ташаккулёбии тармаҳо, реҷаи обуҳавосанҷии пиряхҳо, манбаъҳои ташаккул­ёбии ҳавзаҳои обҷамъшавӣ, нишондиҳандаҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошанд.
Нуктаи муҳим ҳуқуқи моликият ба пир­яхҳо ва Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Қонуни зикршуда муқаррар кардааст, ки «пиряхҳо моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад».
ПЕШГИРӢ ИМКОНПАЗИР ҲАСТ Ё НЕ?
Обшавии босуръати пиряхҳо дар Тоҷикис­тон ба яке аз ҷиддитарин мушкилоти экологӣ табдил ёфтааст. Баландшавии ҳарорати ҳаво, тағйирёбии иқлим ва омилҳои беруна, аз ҷумла тӯфонҳои чангу ғубор, боис шудаанд, ки ин раванд сол ба сол шиддат гирад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ гуфта буданд, ки «то кунун аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошанд, 1300 адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст ва раванди обшавии босуръати пиряхҳои мо ҳамоно идома дорад».
Тибқи маълумоти расмӣ, дар 70 соли охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон беш аз 1,5 дараҷа баланд шудааст. Ин тағйирот боис гардида, ки садҳо пиряхи хурд пурра об ва нобуд шавад. Кишвари мо дар Осиёи Марказӣ аз рӯи шумораи пиряхҳо пешсаф аст. Ҳарчанд онҳо ҳамагӣ 6-8 дарсади қаламрави кишварро ташкил медиҳанд, (тақрибан 8476,2 км2), аммо садҳо километри мукааб оби тозаро захира намуда, барои низоми экологии минтақа аҳамияти бузург доранд. Қисми асосии пиряхҳо дар баландтарин қуллаҳои Тоҷикистон - Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгиранд.
Пиряхҳои кишвари мо тақрибан 65 дарсади пиряхҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Ин пиряхҳо сарчаш-маи асосии оби дарёҳои бузург, аз ҷумла Амударё ва Зарафшон, мебошанд, ки ҳаёти миллионҳо нафар дар ки-шварҳои поёноб ба онҳо вобаста аст. Тибқи таҳлили мутахассисон, ҳар гуна тағйирёбӣ дар захираҳои пиряхҳо ме-тавонад ба обёрӣ, таъмини неруи барқ ва амнияти озуқавории кишварҳои минтақа таъсири бевосита расонад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ва тадбирҳои мутобиқшавӣ ба иқлим яке аз ­масъалаҳои афзалиятноки экологию иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа мебошад.
Масъалаи дигари ташвишовар дар заминаи обшавии босуръати пиряхҳо зиёд шудани селу обхезӣ аст. Тибқи ит-тилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои охир аз офатҳои табиии рухдода дар кишвар қариб 80 дарсади онҳо ба об алоқаманд аст.
Тағйирёбии иқлим равандест, ки пешгирӣ кардани он хеле мушкил мебошад. Бо вуҷуди ин, кишвари мо барои коҳиш додани суръати обшавии пиряхҳо собитқадам буда, ин раванд тавассути шинондани дарахтон ва бунёди обанборҳо боз ҳам тавсеа меёбад. Зиёд шинондани дарахт ва назорати доимии пиряхҳо аз роҳҳое ҳастанд, ки мета-вон зарарҳои тағйир­ёбии иқлимро кам кард. Ҳамчунин, ин амал партовҳои хок ва ғуборро кам мекунад ва, ба ин тартиб, равандҳои обшавии пиряхҳоро суст мегардонад. Шояд, баъзеҳо надонанд, ки обанборҳои «Норак» ва «Роғун» на танҳо неруи барқ истеҳсол мекунанд, балки масоҳати васеи рӯйпӯши оби онҳо ба таъсири нурпошии офтоб ва равандҳои ­табиии бухоршавӣ низ мусоидат менамоянд. Бо афзоиши бухоршавӣ намнокии ҳаво зиёд ва боиси бештар гардидани боришот мешавад. Боришот бошад, манбаи асосии ғизогирии пиряхҳо мебошад. Аз ин рӯ, дар сурати зиёд шудани боришот раванди талафоти пиряхҳо метавонад сусттар шавад.
Тағйирёбии иқлим як раванди ҷаҳонӣ асту Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандеш, беҳтар аз дигарон медонанд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳамгироӣ омили бениҳоят муҳим буда, ҳеҷ кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти моҳияти глобалидоштаро ҳаллу фасл намояд. Бояд мадди назар дошт, ки ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба масоили обу иқлим аз он ҷиҳат моҳияти хоса касб карда, мунтазам бо иттифоқи оро дастгирӣ меёбанд, ки кишвари мо бо вуҷуди эмин будан аз мушкилоти марбут ба об дар ин самт иқдом менамояд. Омили муҳими дигар он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб, ки ба фазо газҳои гулхонаӣ ихроҷ намеку-над.
Дар маҷмуъ, ба шарофати ташаббусҳои Роҳбари давлати мо мушкилоте, ки дар оянда мумкин аст домангири кулли кишварҳои сайёра гардад, пешгирӣ мешавад.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: