Паёми табрикии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ба муносибати фарорасии Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ
![]()
17-уми марти соли 2026, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони гиромӣ,
Бо камоли ифтихор фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, боварӣ дорам онро ба хушиву хуррамӣ таҷлил менамоед.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз дар тамаддуни тоҷикон хеле дақиқ таъкид намудаанд, ки «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд».
Мусалламан, Наврӯз бузургтарин рӯйдоди фарҳангӣ ва ҷашни миллии мост. Ҳанӯз соли 538 пеш аз милод Куруши Кабир, бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён, Наврӯзро ҷашни миллии мардуми мо эълон намуда буд. Ва инро ҳамаи миллатҳои мутамаддин эътироф кардаанд. Вале қобили зикр аст, ки, ҳамзамон, Наврӯз қадимтарину бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонӣ ҳам маҳсуб мешавад ва ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарвари сайёра иртибот мегирад.
Тақрибан се ҳазор сол пеш дар Авасто - китоби муқаддаси ниёгонамон ба ин маънӣ омадааст, ки одамон (манзур – тамоми башарият) вазифадоранд ҳар баҳор Рӯзи Наврӯз ё худ пайдоиши ҳаёт дар Заминро таҷлил кунанд. Ва ин фармудаи Зардушт ҳазорҳо сол аст, ки ба қадри имкон иҷро мешавад.
Чунончӣ, дар замони Ҳахоманишиён Наврӯз бо шукӯҳи хосе дар Тахти Ҷамшед барпо мешуд. Он ҷо ҳама чиз барои бузургдошти ин ҷашн бино шуда буд. Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед 23 халқи пайрави шоҳаншоҳӣ бо ҳамроҳи аспҳо ва гардунаҳои подшоҳӣ ва сарбозон дида мешаванд.
Дар даврони Сосониён теъдоди аз ин бештари кишварҳо Наврӯзро таҷлил менамуд, ҳатто соли 230 милодӣ Сенати Рим барои таҷлили Ҷашни Наврӯз дар ҳудуди кишвараш бо номи «Луперкал» қарор қабул кард.
Дар аҳди Сомониён ҳам Ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу ҷалол таҷлил мешуд ва ҷуғрофиёи васеъ дошт…
Ва инак, ба шарофати Истиқлолияти Тоҷикистон ва саъю кӯшишҳои ҳамвораи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои дигар Наврӯз ба худ мақоми бесобиқа касб намуд.
19-уми феврали соли 2010 Иҷлоси 64 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард ва 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз шинохт.
Котиби генералии вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар баромади худ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз, аз 21-уми марти 2016, аз ҷумла зикр намуд: «Наврӯз хомӯшкунандаи ихтилофоти динӣ, бартарафкунандаи ҳама гуна тафриқаандозиҳо ва муттаҳидсозандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иродаи нек мебошад».
Дар ҳақиқат ҳам, Наврӯзи ҷаҳонӣ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд. Ва ҳавзаи Наврӯз пайваста густариш пайдо карда, вусъат ёбад.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар фарорасии Рӯзи Наврӯзро ба шумо, ҳамватанони гиромиям, табрику таҳният мегӯям ва ба якояки шумо табъи хуши баҳориву руҳи бешикасти наврӯзӣ таманно менамоям.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
