Мактаби муқаддас ва шарафи бузург
Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Оре, ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиати давлату миллат, неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлоли миллӣ, сулҳу субот ва дастовардҳои замони муосир вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст. Ин вазифаи муҳимро мардуми хушиқболи Тоҷикистон, хусусан ҷавонони саодатманд, вақте сарбаландона иҷро карда метавонанд, ки пеш аз ҳама, ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявию соҳибихтиёр, мафҳуми ватандӯстию худшиносӣ сарфаҳм раванд ва ба воситаи чунин дарки воқеӣ ба гиромидошти ин меъёрҳо муваффақ гарданд. Дар ин замина, шарти муҳим он аст, ки эҳсоси соҳибватан буданро дар худ парвариш диҳем ва дар ақлу идроки худ расидан ба қадри неъмати бебаҳои ватандориро мароми зиндагии хеш созем.
Воқеан, беҳтарин ифодаи шукргузорӣ аз соҳибватан будан расидан ба қадри Истиқлоли миллӣ ва давлати соҳибихтиёр аст ва равшантарин изҳори ватандӯстӣ хизмат ба Ватан мебошад. Хизмат ба Ватан хизмат ба падару модар, барои некуаҳволии фарзандон ва ободии рӯзгори ҳар фард аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, итминон доранд, ки насли ҷавони мамлакат дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу суботи мамлакат аз худ масъулиятнокӣ зоҳир менамоянд. Президенти мамлакат корнамоиҳои ҷавононро махсус таъкид карда, доим иброз медоранд, ки онҳо ҳамчун қувваи бузург қодир ҳастанд дар ҳалли тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми беназири худро гузоранд, дар такмили Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳм гиранд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номвари мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад. Даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд ид бошад».
Дарвоқеъ, фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳамеша ва дар ҳама давру замон муҳофизати Ватан, анъанаҳои асили миллӣ ва ҳувияти таърихии худро ҳифз намуда, бо душманон муборизаҳои беамон мебурданд ва аз худ беҳтарин намунаҳои шуҷоату қаҳрамонӣ нишон медоданд. Корнамоиҳои Спитамени диловар, Деваштичи ватандӯст, Темурмалики сафшикан ва Восеи шуҷоъ баъди садсолаҳо низ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ ҷовидона мондаанд, зеро онҳо дар замони хеш парчами озодиву истиқлолро баланд афрохта, дар қалбу руҳи ҳазорон марди далер ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандориро бедор кардаанд.
Орифӣ Озар Баҳромзода,
корманди Агентии «Тоҷикстандарт»,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
