Намози шукронаи модар
Дар миёни ҳама неъматҳои беназире, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих ба даст овардааст, ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Он тавонист зиндагии саршори меҳру муҳаббат ва муҳимтар аз ҳама, озоду самимиро ба миллати бузурги тоҷик фароҳам созад. Маҳз шарофати ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардум таъмин мебошад.
Солҳои 1992-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печида, он боиси фавти ҳазорҳо шаҳрвандони бегуноҳ ва хисороти зиёди молӣ гардид. Гулғунча Назриева, сокини ноҳияи Кӯшониён, аз нафароне мебошад, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз падар ва ду бародари хешро аз даст дод. Бинобар аз даст додани падар ва ду бародари ғуррамаргаш то ҳол қалби ӯ реш - реш аст.
- Он лаҳзаҳои душворро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам, - ба ёд овард момои Гулғунча. - Мо аз ноҳияи Кӯшониён гуреза шуда, ба минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус рафтем. Падарам он шабу рӯзҳо сахт бемор шуданд. Бародаронам аз тарси ҷон натавонистанд ҳамроҳи мо оянд. Чанд муддате, ки мо овораю сарсон дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон будем, аз онҳо хабаре надоштем. Падарам аз ранҷу фироқи писаронаш даргузашт. Бо як азобе ӯро дар ин минтақа ба хок супоридем. Он рӯзҳо бо чашми хеш медидам, ки чӣ гуна модарон фарзандони хешро пайи ҳам аз даст медоданд. Аз ноилоҷӣ мардуми гуреза бо азоби алим дарёро убур мекарданд. Ҳангоми гузаштан аз дарё чандин нафар ғарқ гаштанд. Барои як бурда нон сокинони сарсону саргардон бо ҳам муноқиша мекарданд. Шукронаи Худо, ки бо талошҳою ҷонбозиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба макони зисти доимии хеш баргаштем. Аз ҳамдеҳагон огоҳ шудам, ки бародари калониам бедарак аст ва бародари хурдиамро ҷангҷӯёни хунмаст ба қатл расонидаанд, - иброз дошт бо ашки шашқатор Гулғунча Назриева.
Ин модари муштипар дар идомаи суҳбат ҳикоят кард, ки аз як деҳаи хурдакаки онҳо зиёда аз 50 нафар дар ин ҷанги хонумонсӯз ба қатл расидаю даҳҳо нафари дигар беному нишон гаштаанд. Чандин хона дар макони зисти онҳо валангор гашта буд. То имрӯз номбурда дар ҳасрати бародари беному нишонгаштааш месӯзад.
Шукрона аз он мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои мураккабу печида бо инояти Худованди бузург ҷавони ватандӯсту хештаншинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданду ҷони хешро дар хатар гузошта, барои ба эътидол овардани вазъият ҷонфидоӣ кардаанд. Дар он лаҳзаҳое, ки мардум аз тарси ҷон аз хона берун намебаромад, ин ҷавони 40-сола зимоми давлатдориро ба даст гирифта, бо талошҳои хастагинопазири хеш амну осоишро ба Тоҷикистон эҳдо намуд. Тамоми гурезаҳоро ба макони зисти доимии хеш баргардонд.
Пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардид. Дар мамлакат сулҳу оромӣ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим фаро расид, заминаи воқеии устуворӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон таъмин гардид.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои хастагинопазир ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар китоби таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ хоҳад шуд.
Гулғунча Назриева дар идомаи суҳбат бо хушнудӣ афзуд, ки дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Худованд ба миллати тоҷик дилсӯзӣ зоҳир намуд ва ин абармард тавонистанд, ки бо ақлу заковат ва хиради худодод кишварро аз пора-пора шудан ва миллатро аз вартаи нестӣ раҳо созанд.
- Имрӯзҳо ба чеҳраи хандону шукуфони ҳар сокини Тоҷикистон менигараму шукрона аз он мекунам, ки мардуми тоҷик он рӯзҳои наҳсу шумро паси сар намуда, дар фазои амну осоиш ва сулҳу суботи комил ҳама якдилона кору фаъолият доранд. Худованд дигар асло он рӯзҳои пур аз даҳшатро болои миллати мо наорад. Дар намозҳоям пеши Худо даст мебардораму талаби онро мекунам, ки Яздони пок Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар паноҳаш нигаҳ дораду ваҳдати миллие, ки ба шарофаташ бо хушию хурсандӣ, орому осуда зиндагии пурнишот дорем, ҷовидон гардонад, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Гулғунча Назриева.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум
Ҳамчунин дигар маводҳо:





