https://sadoimardum.tj

Аз бомдоди таърих то субҳи саодат

№:104 (5000), 06 сен 2025, 00:48
0

Истиқлолхоҳӣ омили рушди арзишҳои миллист, ки ҳамчун ресмони худовандӣ барои мардуми тоҷик иттиҳод, ҳамбастагӣ, ваҳдати миллӣ ва осудагию сарбаландиро муҳайё сохт.

Бояд дарк намуд, ки Истиқлол муҳимтарин василаи парваришу нигоҳдошти тамоми арзишҳои таърихию фарҳангӣ дар шебу фарози худогоҳӣ ва шинохти миллист. Маҳз ҳамин зуҳури Истиқлол буд, ки мо ба ормонҳои миллӣ расидем. Ормоне, ки чун боди мурод вазид ва фазои Тоҷикистонро муаттар сохт. Дар робита ба ин масъала суҳбате доштем бо Шоири халқии Тоҷикистон ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Муҳтарам ҲОТАМ:

- Дар оғози суҳбат хуб мешуд дар бораи муборизаи истиқлолхоҳии халқи тоҷик дар тӯли таърих андешаҳоятонро баён мекардед?

- Агар ба таърихи на ҳазорсола, балки жарфтари халқи тоҷик назар афканем, бояд бигӯям, ки ин миллат тӯли ҳазорсолаҳо барои дифои марзу буми хеш сангарнишинию ҷоннисориҳо кардааст, ба фоҷиаҳо рӯ ба рӯ гардидааст, вале муҳаққиқон дуртар аз дуҳазорсолаи охир нарафтаанд, то ҷузъиёти он батафсил таҳқиқ шавад. 

Тақдири халқи тоҷик ғамангезтар аз он аст, ки медонем. Ҳамчунин, аз таърих мехонем ва дармеёбем, ки табиати аслии халқи мо чӣ гуна гароиш ёфтааст. Халқе, ки ҳувияти созанда ва бунёдкор дорад, сӯхтану харобкорӣ ба тинати ӯ намеғунҷад. Дар таърих мисолеро, ки он ба сӯзондан ва вайрон кардани шаҳру деҳаҳо ва киштзорҳо аз тарафи мардуми тоҷик далолат мекунад, дарёфт кардан мушкил аст. Созандагию бунёдкориеро, ки имрӯз мо бо чашми сар мебинем, маҳсули ҳамон тинату табиат ва ҳувияти аҷдоди ориёии мост. 

Халқи тоҷик аз бешафқатиҳои таърих борҳо гирифтори фоҷиа гардидааст. Он чӣ тоҷиконро аз нестшавӣ наҷот дод, руҳи истиқлолхоҳӣ буд, ки ба онҳо матонату мардонагӣ мебахшид. Барои он ки дар муқобили истилогарон истодагарӣ кунад, рафт ба дарунтари кӯҳу дараҳо, вале пеши онҳо сар хам накард. Буданд миллатҳое, ки ба фоҷиаҳои таърих тоб наоварда гумному махлут шуданд, вале ин халқ тоҷикияти худро нигоҳ дошт. 

Таърих собит месозад, ки миллати тоҷик аз қадим дорои хислатҳои нек, башардӯст, ватанхоҳ буда, руҳи созандаю бунёдкор дошт, ки он як ҷузъи ҳувияташ ба шумор мерафт. Муҳаққиқи ҳинд М. Рандҳава дар китоби «Боғҳо дар масири асрҳо» меоварад, ки дар дунё яке аз нахустин бунёдгузорони боғҳо ва дарахтони парваришӣ ориёиҳо, аз ҷумла тоҷикон буданд. 

- Чӣ омилҳои таърихие нақши раҳҳоибахшии халқи тоҷикро аз ин фоҷиаҳо то андозае иҷро намуд? 

- Пеш аз он ки ба ин суоли Шумо посух гӯям, бояд шарҳ диҳам, ки дар ду давраи муҳими таърихӣ ҷиҳати таъсиси давлати тоҷикон - бунёди давлати Сомониён ва таъсиси Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон на омилҳои худӣ, балки омилҳои беруна бештар нақш бозиданд. 

Бо нуфузи дини ислом барои халқи тоҷик якчанд рӯйдодҳои бунёдии дигар пушти ҳам омаданд. Забони дарӣ ҷои забонҳои тахорию суғдӣ, сакоӣ ва дигар забонҳои ҳамгурӯҳро ишғол намуд. Истилои араб, ки дини исломро дар сарзаминҳои тоҷикнишин муравваҷ гардонд, то андозае нақши раҳоибахширо бозид. Ҳоло мо чунин гумон дорем, ки дар тӯли ҳазор соли баъди давлати Сомониён он чи миллати тоҷикро аз нобудшавӣ раҳонид, забон буд, аммо талоши хештаншиносӣ ва руҳи истиқлолхоҳиро низ набояд нодида гирифт. 

Бо нуфузи дини ислом дасти чиниёну кӯчиён ва ҷунгару муғулҳо, ки бо ҳуҷумҳои пай дар пайи хеш фоҷиа, таҳқиру куштор ба бор меоварданд, аз ин сарзамин то муддате кӯтоҳ гардид. Ҳисси ғасбгароии ин кишваркушоён ончунон аланга мезад, ки мехостанд ин миллатро аз реша нест кунанд, вале чандин давлатҳои хурд-хурд ва баъзе халқияти дигар дар ҳудуди Туркистони шарқӣ садди ҳаракати тасаллутхоҳии чиниён ба сӯи Осиёи Миёна гардиданд. Дар ҳамин муддати кӯтоҳ имконе ба вуҷуд омад, то чандин давлатҳои хурди миллӣ ва ҳамчунин, давлати бузурги Сомониён арзи ҳастӣ намояд. Пас аз асрҳо, аниқтараш дар солҳои 90-уми асри ХХ, тоҷикон соҳиби давлати мустақили худ гаштанд, ки ин рӯйдод дар таърихи чанд­ҳазорсолаи халқи тоҷик беназир буд. 

 Ҳоло баъзе муҳаққиқон чунин андеша изҳор менамоянд, ки гӯё агар тасаллути русҳо ва Инқилоби Октябр ба амал намеомад, тамоми қаламрави аморати Бухоро давлати ояндаи тоҷиконро ташкил медод. Ин андеша, фикр мекунам, кирои баҳс нест. Бояд гуфт, ки асри XIX ва аввали асри ХХ даврони мудҳиш ва тақдирсози халқи тоҷик ба шумор меравад. Империя­ҳои қудратманде, чун Эрон, Туркия ва Россия майли кишваркушоӣ доштанд ва чашм ба сӯи Осиёи Миёна дӯхта буданд. Дар таърихи халқи тоҷик бори нахуст чунин имтиёзи беназир муяссар гардид ва онро аз фаношавӣ наҷот дод.

 - Арзишҳои ватанхоҳӣ ва миллӣ дар гузашта чӣ моҳияту мақом доштанд?

- Ин арзишҳо дар замоне ки Сомониён ҳукумат доштанд, дурахши пурфурӯғе пайдо намуданд, вале дар асрҳои минбаъда ҷилою тобишашон коҳиш ёфт. Вақте ки арзишҳоро дар замон ва макони мушаххастар, Ватани бумии тоҷикон - қаламрави аморати Бухоро ҷустанӣ мешавем, онро қариб дар дараҷаи нестӣ дармеёбем. 

Сокинони Бухорои шарқӣ бештар аз кишварҳои ҳамсоя ҷабру ситам, озору таҳқир медиданд, бараҳнаю нимгурусна мегаштанд ва дар фикри ҷони худ буданд. Маълум, ки дар чунин шароит касе андешаи ватандӯстию миллатхоҳӣ карда наметавонист ва эҳсоси ифтихори миллӣ ҳам дар мақоми худ набуд. Ин дар ҳоле буд, ки он замон ин мафҳумҳо дар кишварҳои дигар на танҳо равшан зоҳир шуда буд, балки онҳо майли кишваркушоӣ доштанд. Вақте англисҳо барои ишғоли Афғонистону Эрон бо вуҷуди истифода аз силоҳи замонавӣ шикаст мехӯрданд, русҳо Осиёи Миёнаро ба осонӣ гирифтанд. Сабаб? Набудани ваҳдату ягонагӣ, ҳамраъйӣ, парокандагии қавмӣ, ба таври сунъӣ сокиншавии кӯчиён, набудани ҳисси миллӣ, забон ва идеологияи ягона. 

Воқеан, тасаллути русҳо на ба хотири ҷабру ситам, бедодию беадлии сохти давлатдории амирони манғит ба муқовимати сахт дучор нашуд, балки восита ё баҳонаи ташвиқи муқовимат – эътимод, ҳувияти миллию ватанхоҳӣ вуҷуд надошт. Ба қавли Шайх Саъдии бузург:

Сипоҳе, ки хушдил набошад зи шоҳ,

Надорад ҳудуди вилоят нигоҳ.

- Дар дифоъ ва пойдории ин арзишҳо чӣ бояд кард?

- Рушду ташаккули ҳувияти миллӣ шарти асосии пойдории истиқлоли комил ва сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Шинох­ти ОЗОДӢ – ИСТИҚЛОЛ дар тафаккури миллӣ тағйироти сифатӣ ба вуҷуд меорад. Шаклгирии ҳувияти миллӣ, албатта, кори ду-се даҳсола нест. Ҳамон ҳувияте, ки худшиносию ватанхоҳӣ аз он маншаъ мегиранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бори нахуст дар таърих барои ташаккули ҳувияти миллӣ ва ҳувияти инфиродии халқамон заминаи мусоид ва воқеӣ фароҳам омад. Дарки моҳияти давлату миллат, масъулияти ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангӣ, саъю талош ба хотири боло бурдани руҳияи худшиносии миллӣ хоси замони соҳибистиқлолии кишвар аст. Ба ин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари қудрат омадан ҳамчун сиёсатмадори дурандеш ҳамеша ба масъалаи рушди тафаккури ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи талошҳои сулҳҷӯёна ва ватанхоҳонаи халқи тоҷик бо ин Сарвари оқилу доно, ҷасуру тавоно ва ҷоннисор мебошад. Дар таърихи халқи тоҷик бори нахуст чунин имтиёзи таърихӣ муяссар гардид. Сарфи назар аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвари мо зарбаи шадиде зад, заминаи мусоид ҷиҳати инкишофи ҳамаҷонибаи ҷомеаи тоҷик ба вуҷуд омад. 

- Нақши шахсият дар ташаккули истиқлол ва давлатдории миллӣ то чӣ андоза муассир аст?

- Манзуратонро фаҳмидам. Рӯйдодҳои муҳими таърихӣ шахсиятҳои барҷастаи таърихиро ба арса меоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз таърихи пурғановати халқи тоҷик арҷгузорӣ карда, ёдовар аз давлатдории Сомониён мегарданд ва зикр мекунанд: «Ҳамзамон бо ин, мо бо мақсади арҷгузорӣ ба ҳофизаи таърихӣ ва гузаштаи пурифтихори халқамон арзишҳои давлатдорӣ ва суннатҳои тамаддунсози ниёгони худ, аз ҷумла давлатдории Сомониёнро эҳё намудем». Баъди садсолаҳо чунин рӯйдод Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба майдони давлатдорӣ омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Нақши ин шахсияти барҷаста дар шаклгирӣ ва бадастоварии истиқлоли миллӣ бориз аст, ки ба ӯ маснаду мақоми «Пешво»-ро дод.

Бори нахуст давлати мустақили тоҷикон бо номи Тоҷикистон, Сарвари давлат тоҷик, забони давлатӣ тоҷикӣ, Парчаму Нишон бо намоди тоҷикӣ, Суруди Миллӣ ва дигар урфу одати хусусиёти тоҷикидош­та муаррифӣ гардид. Шаклгирии воқеии ҳувияти миллӣ бо шуълаи пурфурӯғ оғоз ёфт. Мардум дар оғӯши Ватани ободу озоди худ зиндагии шоистаю сазовор сар карданд.

Шарти асосии бақои миллату давлат ва шукуфоии Ватан истиқлоли комил, ҳувияти миллӣ ва ҳифзи тамоми арзишҳои таърихию фарҳанги миллист. Яъне, пайванди имрӯзу дирӯзи мо боиси устувории ҳастии мо мегардад. Ватан бо решаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои таърихӣ шукӯҳ меёбад. Аксари қаҳрамонони «Шоҳнома», аз қабили Рустам, Гударз, Гев, Сиёвуш, Гурдофарид, инчунин, Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ қаҳрамонони таърихии миллатанд. Шӯриши Восеъ бар зидди амирони манғит дар як кунҷи кӯҳистон ҳалқаи охир аст.

Бешубҳа, дар ин силсила родмарди ватанпарвар, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби мақоми аввал мебошанд, ки сухан ва амалашон таҷассуми олии ибтикори ватанпарастист. Агар дар таърихи адабиётамон арзишҳои ватандорӣ ва истиқлолхоҳии «Шоҳнома»-и Фирдавсии Тӯсӣ камназир бошад, дар таърихи давлатдорию сиёсатмадории имрӯзи халқамон асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон назир надоранд. 

- Барои ин суҳбати пурмуҳтаво аз Шумо сипосгузорам.

- Саломат бошед.

Суҳбаторо Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: