Рисолаи рисолат
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати сарбаланди тоҷик дар охири садаи XX мебошад. Он натиҷаи кӯшишу заҳмат ва ҷоннисориҳои чанд насли огоҳу худшинос аст, ки ормони чандинсоларо ба воқеият табдил дод. Замина барои ба даст овардани ин падидаи беназири сиёсӣ дар солҳои аввали ташкили Иттиҳоди Шуравӣ гузошта шуда, бо барҳам хӯрдани он имконпазир гардид. Аз ин рӯ, мо – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлолро мебояд барои ҳифзу гиромидошти он ҳамеша кӯшо бошем.
Боби 1. Заминаи ҳуқуқии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Заминаи ҳуқуқии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки мутаносибан 24 августи соли 1990 ва 9 сентябри соли 1991 аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд. Аз ин рӯ, ин ду ҳуҷҷатро, ки сарнавишти миллати тоҷикро барои доштани як давлати мустақил муайян кардаанд, бояд гиромӣ дошт.
Боби 2. Эъломияи Истиқлол
Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне қабул шуд, ки ҳанӯз Иттиҳоди Шуравӣ барҳам нахӯрда буд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дувуми Шурои Олии Тоҷикистон эъломияи мазкур қабул шуда, аммо он ҳанӯз озодии комилро барои кишвари мо таъмин намекард, зеро таҳаввулоте, ки дар солҳои охири мавҷудияти шуравӣ ба вуҷуд омада буд ва тағйироти сохтории ин давлати абарқудрат як навъ шароит ба вуҷуд овард, ки давлатҳои тобеи он салоҳиятҳои бештареро соҳиб шаванд. Аз ин рӯ, соҳибистиқлолие, ки 24 августи соли 1990 эълон шуд, кишвари моро салоҳият медод, ки дар қаламрави худ ҳамаи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро ҳал намояд, ба истиснои ваколатҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ вогузор шуда буданд.
Дар моддаи 1-уми Эъломия мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» зикр гардидааст, ки қадами ҷиддӣ ба самти мустақилияти комил буд.
Бино ба андешаи коршиносон, бо вуҷуди он ки дар Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он пешбинӣ шуда буд, аммо меъёрҳои он моҳиятан ифодакунандаи давлати озоду мустақил буданд. Чунончӣ, ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба сарватҳои миллӣ, замин ва сарватҳои зеризаминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва ғайра таъкид гардида буданд. Инчунин, ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ баробарҳуқуқ эълон шуданд. Бори нахуст андешаи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баён гардид.
Боби 3. Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Вақте Иттиҳоди Шуравӣ амалан ваколатҳои худро иҷро карда наметавонист ва яқин шуда буд, ки ин давлат дигар қудрати побарҷо буданро надорад, давлатҳои тобеи он яке пайи дигар истиқлолияти давлатиашонро эълон карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 9 сентябри соли 1991 Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо қабули қарор «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» онро расмӣ намуд. Қабул шудани ин ду санади таърихӣ ба таври ҳатмӣ зарурати такмили Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекард. Аз ин рӯ, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори алоҳида қабул намуд. Ҳамчунин, ҳамон рӯз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида шуд. Ҳамин тариқ, изҳороти мазкур салоҳиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили байналмилалӣ муайян кард. Дар он таъкид шудааст, ки тамоми муносибатҳои байналмилалии кишвар мустақилона ва мустақиман амалӣ карда мешавад.
Боби 4. Истиқлоли давлатӣ ва фоҷеаи миллӣ
Мутаассифона, Истиқлоли давлатӣ – ин ормони чандинсолаи миллати сарбаланди тоҷик баробари арзи ҳастӣ намудан ба таҳдиди нобудӣ рӯ ба рӯ шуд. Гурӯҳҳои фурсатталаби манфиатҷӯ кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Сохторҳои давлатии кишвари нав ба истиқлолрасида фалаҷ шуда, ваколатҳои худро озодона иҷро карда наметавонистанд. Таҳдиди воқеӣ ба Истиқлоли давлатӣ мушоҳида мешуд. Воқеан, ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ чун фоҷеаи калонмиқёс, пеш аз ҳама, ваҳдати тоҷикон ва халқи Тоҷикистонро нобуд кард ва хавфи пора шудани давлатро ба миён овард. Хушбахтона, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки вусъати фоҷеа ва оқибатҳои фалокатбори он гурӯҳҳои мухолифро ба сулҳ даъват карданд, ки дар натиҷа аз хавфу хатарҳои «дар паси дарбуда» пешгирӣ карда шуд.
Боби 5. Истиқлоли давлатӣ ва Иҷлосияи тақдирсоз
Воқеан, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистонро, ки соҳибназарон чун яке аз падидаҳои бузургтарини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намудаанд, фақат тақдирсоз номидан кам аст. Аслан, шояд толеи баланди миллати тоҷик буд, ки иҷлосияи мазкур баргузор шуд ва ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардид. Он пас аз Истиқлоли давлатӣ яке аз нахустин падидаҳои сиёсии пасошуравиест, ки давлатмардони тоҷик мустақилона шакли идораи давлатро муайян карданд, роҳбару роҳнамои халқро интихоб намуда, даст ба иқдомҳои давлатсозӣ заданд. Маҳз пас аз баргузории иҷлосияи мазкур рукнҳо ва муқаддасоти давлати соҳибистиқлол қабул гардида, роҳи кишвар барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян карда шуд.
Боби 6. Истиқлоли давлатӣ ва Роҳбари давлат
Шахсиятҳо ҳамеша таърих меофаранд. Ҳарчанд ҳангоми расмӣ намудани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон якчанд нафар дар таҳияи матни эъломия ва изҳорот заҳмат кашида, роҳбарони вақт дар зери он имзо монда, озодиву худсолории кишварро эълон карда бошанд ҳам, аммо ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи Истиқлол хоса аст. Пешвои миллат дар шароите зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, ки пояҳои давлати нав ба истиқлолрасида аз боди шуми ҳаводиси он рӯзгор ларзон шуда буд. Аз ин рӯ, халқ ба як роҳбари воқеан ҷоннисор шадидан ниёз дошт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он солҳо дар маснади вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштанд, шоҳиди бевоситаи таҳаввулоти сиёсии замон буданд. Табиист, ки ҳамчун вакил дар қабули Эъломияи Истиқлол ва Изҳороти Шурои Олӣ дар бораи эълони соҳибистиқлолӣ ширкат доштанд. Дар ин баробар, ҳамчун як шахси пайваста аз ҳолу аҳволи мардуми одӣ хабардор аз вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии кишвар огоҳии комил доштанд. Бо назардошти хислатҳои ҳамида, дилсӯзу ғамхори халқу меҳан будан интихоби вакилон низ дар Иҷлосияи XVI маҳз рӯйи номзадии Пешвои миллат қарор гирифт. Пас аз интихоб шудан ба маснади Раиси Шурои Олӣ - Роҳбари давлат нахуст ба иқдомҳои давлатсозона ва мустаҳкам намудани пояҳои истиқлол тамаркуз намуданд: дар раванди Иҷлосия Парчам ва Нишони давлатӣ қабул карда шуд, барои ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадбирандешиҳо шурӯъ шуданд.
Роҳбари давлат барои мустаҳкам намудани пояҳои давлат ва ҳифзи Истиқлоли он тамоми тадбирҳоро андешиданд. Аввали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъсис дода шуд, соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути раъйпурсӣ қабул гардид, ки ифодакунандаи иродаи халқи кишвар буд. Ҳамон сол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва истиқлоли давлат бо заҳмати шабонарӯзӣ пайи таъмини сулҳу ваҳдат гардиданд.
Боби 7. Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ
Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Он натиҷаи заҳмати панҷсолаи Роҳбари давлат мебошад. Даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ пояҳои Истиқлоли давлатиро мустаҳкам намуда, иқтидори мудофиавии кишварро бамаротиб афзуд. Ҳукумат ба барқарор намудани оқибатҳои баъдиҷангӣ машғул шуда, ба марҳилаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардид. Пули миллӣ, ки яке аз рукнҳои давлати соҳибистиқлол мебошад, ба муомилот баромада, дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ сурат гирифт. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи кишварро метавон баракати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ кард.
Боби 8. Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои ҳувиятсоз
Барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ дараҷаи худшиносӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ хеле муҳим аст, зеро маҳз миллати огоҳу худшинос қобилияти дарки озодиву худсолориро доро мебошад. Аз ин рӯ, роҳбарияти олии кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ иқдомҳоеро амалӣ намуданд, ки дар шинохти ҳувият ва парвариши ғурури миллӣ нақши бориз гузоштаанд. Дар сатҳи Конститутсия муайян кардани мақоми забони давлатӣ ва тадбирҳои пайваста барои ҳифзу гиромидошти ин рукни муҳими давлати мустақил аз иқдомҳои сутуданист. Инчунин, эҳё намудани ҷашнҳои миллӣ - Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ мусоидати хуб намудаанд. Дар баробари ин, ҷашн гирифтани 1100-солагии давлати Сомониён ва бузургдошти фарзандони фарзонаи миллати тоҷик як навъ шиносондани худи мо ба гузаштаи пурифтихорамон мебошад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон қаноатмандона зикр карданд, ки «Болоравии ҳувият ва худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори милливу ватандории мардум, алалхусус, наврасону ҷавонони мо, дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад».
Боби 9. Рисолати миллат ва Истиқлоли давлатӣ
Ҷаҳони имрӯза бо ҷараёну падидаҳои пурпечутобаш моломоли хавфу хатар мебошад. Агар аз як тараф, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ хатари воқеӣ барои истиқлоли давлатҳо бошанд, аз ҷониби дигар, раванди ҷаҳонишавӣ ба адами фарҳанги миллӣ ва тамаддуни чандинҳазорсола таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки бо дарки моҳияти истиқлолу озодӣ ва шинохти воқеии ин арзиши олӣ ҳамеша пайи ҳифз ва таҳкими пояҳои он бошем, зеро маҳз озодию худсолории давлат ба шаҳрвандони он иззату икром медиҳад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад».
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





