Пайки хуҷастафолӣ
Ман аз зумраи аввалинҳо будам, ки муждаи ба Истиқлол расидани Тоҷикистони азизро шунидам. Он солҳо дар бахши хабарии Радиои Тоҷикистон кор мекардем. Ман ва чанд нафар ҳамкорам ҳамзамон масъулияти хабарнигори парламентиро бар дӯш доштем ва дар ҷаласаҳое, ки дар Шурои Олии Тоҷикистон баргузор мешуд, ширкат варзида, гузориш омода мекардем.
9 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистон даъват шуд. Аз миёни мо барои инъикоси рафти он Ӯлмаси Одилро (Ҷовиди Аштӣ), ки айни ҳол ба сифати хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд фаъолият мекунад, вобаста карданд. Он лаҳзаро ёдовар шуда Ӯлмаси Одил мегӯяд: «Чун одат, соати 7:30 дақиқа, сарфи назар аз он ки ҷаласа соати 10:00 шурӯъ мешуд, дар бинои Шурои Олӣ будам. То оғози ҷаласа бо вакилон доир ба вазъи кишвар, дурнамо ва бартараф кардани мухолифатҳо суҳбат мекардам. Он рӯзҳо вазъият дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе, муташанниҷ буд. Вакилон изҳори умед мекарданд, ки албатта, дар муҳлати наздиктарин оромӣ дар кишвар барқарор хоҳад шуд. Бо анҷом додани чанд мусоҳиба бо депутатҳо аз тез гузаштани вақт ҳам бехабар мондем ва бо садои «Ба толор дароед!»-и масъулон фаҳмидем, ки иҷлосия ба кори худ шурӯъ мекунад.
Вакилон рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Миёни масоили баррасишаванда ду масъалаи муҳим буд: вазъи ноороми шаҳри Душанбе ва эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Баъди муҳокимаи роҳҳои ба эътидол овардани вазъи муташанниҷи пойтахт депутатҳо ба баррасии масъалаи муҳими таърихию сиёсӣ - эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Ин мавзуъ моҳҳои охир вирди забони мардуми Иттиҳоди Шуравӣ буд, зеро ҷумҳуриҳои назди Балтик аз ҳама пеш аз марҳамати сиёсати ошкорбаёнию шаффофи горбочёвӣ истифода бурда, ҷумҳуриҳои хешро соҳибистиқлол эълон карда буданд. Дар Осиёи Марказӣ бошад, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1 сентябр соҳибистиқлолии худро эълом дошт. Аз ин рӯ, вакилони халқ яке бо ҳаяҷону дигаре бо эҳтиёткорӣ мафҳуми истиқлолиятро ба забон меоварданд, вале ин истиқлолиятро ғолибан дар дохили Иттиҳоди Шуравӣ тасаввур мекарданд. Қисме аз вакилон мегуфтанд дигар пеши маҷрои азими дигаргуниҳои сиёсии Иттиҳоди Шуравиро наметавон гирифт ва зарур аст, ки пули миллӣ, Артиши миллӣ ҳамзамон эълон шавад. Танҳо бо овоздиҳии аксар қарор оид ба эълон кардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба тасвиб расид ва дар кори иҷлосия танаффуси нисфирӯзӣ эълон шуд».
Қарор буд, ки дар барномаи «Ахбор»-и соати 13:00 гузориш аз Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олӣ пахш шавад. Соат аз 12 гузашта буд ва мо бесаброна омадани ҳамкорамонро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, тахминан соати 12:30 Ӯлмас ба обу арақ ғӯтида ба идора омад. Вай ният дошт, ки дар барномаи «Ахбор» мустақиман муждаи Истиқлолро ба мардум расонад. Иқдоми ӯро сармуҳаррири Сарредаксияи «Ахбор» Раҳматшо Додихудоев ҷонибдорӣ кард ва баъди мувофиқа бо роҳбарияти радио ҳамкори мо худро зуд ба студия расонд.
- Дар студия ровии навбатдори радио Ашур Ашуров маро таскин бахшид, то ҳаяҷонам аз байн раваду оромона ҳарф зада тавонам. Ҳарду паси баландгӯяк нишастем. Ровӣ бо эълон кардани соати пахши «Ахбор» ва салому дуруд расондан ба сомеон дар оғози барнома гуфт: «Имрӯз дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард. Ҳоло аз рафти он хабарнигори парлумонии Радиои Тоҷикистон Ӯлмаси Одил гузориши муфассал медиҳад, - ёдовар мешавад Ӯлмас.
Дар ҳуҷраи корӣ мо низ чун ҳазорон сокини Тоҷикистон гӯш ба барномаи «Ахбор» доштем. Ӯлмас бо як ҳаяҷону шодмонӣ ба сухан гуфтан шурӯъ кард: «Ҳамдиёрони азиз, имрӯз дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи нав боз шуд. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатии худ дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул кард. Аз ин пас, 9 сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад».
Инак, аз расондани ин мужда 34 сол сипарӣ шуд ва мо давоми ин солҳо дар кишварамон шоҳиди дигаргуниҳо шудем. Ба ҳама маълум аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми сулҳпешаю тамаддунофари тоҷик бо мушкилоти сангине рӯ ба рӯ шуд. Мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ Ватани биҳиштосои моро ба майдони ҳарбу зарб ва харобкорӣ табдил дод, вале, ба қавли шоири маъруф Лоиқ Шералӣ:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Кишвари офтобии мо давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам рушд ёфта, ба таври бесобиқа ободу зебо гардид ва симои он имрӯз ба куллӣ дигар гашт, ки корномаҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷилд-ҷилд китоб мешаванд.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон на танҳо дар ҳаллу фасли масоили сиёсиву иқтисодии дохилӣ, балки масъалаҳои глобалӣ саҳми муносиб мегузорад, балки аз ҷумлаи кишварҳои ташаббускор шинохта шудааст.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





