https://sadoimardum.tj

Сипари боэътимоди Истиқлоли давлатӣ

№:105 (5001), 10 сен 2025, 18:16
0

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат ва волотарин арзишест, ки мардуми сарбаланди тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 онро ба даст овард. Ин санаи муҳим оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, худшиносӣ ва давлатсозии тоҷикон мебошад. Истиқлол ба мо на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ, балки имкони муайян кардани роҳи мустақили рушд, тарбияи насли ватандӯст ва ҳимояи арзишҳои миллиро фароҳам намуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар нахуст­рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳифз ва таҳкими он бе сохтори низомӣ ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, дар баробари ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин, ташкили Артиши миллӣ ба як рукни муҳим ва ҳатмӣ табдил ёфт. Бо гузашти 34 сол имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ва ҳимоятгари Истиқлоли давлатӣ мақому ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кардааст.

Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд». 

Қобили қайд аст, ки то соли 1991 Тоҷикистон аз лиҳози мудофиавӣ комилан ба сохторҳои низомии Иттиҳоди Шуравӣ вобаста буд. Пас аз пошхӯрии он кишвар артиши мустақил надошт. 

Дар чунин шароит таъсиси Артиши миллӣ амри тақдирсоз гардид. 23-юми феврали соли 1993 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис ёфт. Ин сана ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт шуд. Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи мустақилият, балки заминаи ташкили сипари миллии худ гардид.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳиб­истиқлолӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Солҳои 1992-1997 душвортарин давраи таърихи навини давлатдории тоҷикон буд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии низомӣ надоштанд, маҷбур буданд дар шароити бисёр мураккаб барои таъмини амнияти мардум ва ҳифзи сохтори давлатдорӣ мубориза баранд.

Дар ҳамон айём Артиши миллӣ ба як мактаби бузурги ватандӯстӣ табдил ёфт. Афсарону сарбозон, бо вуҷуди набудани таҷҳизоти лозимаи ҳарбӣ ва мушкилоти иқтисодӣ, бо иродаи қавӣ Ватанро ҳимоя карданд. Ин таҷрибаи таърихӣ собит намуд, ки воқеан, пойдории Истиқлол бе Артиши миллӣ номумкин ва ҳастии артиш низ бе Истиқлоли давлатӣ ғайриимкон аст.

Мо хуб медонем, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии давлатдорӣ бидуни мавҷудияти Артиши миллӣ ғайриимкон буд. Родмардони шуҷои Артиши миллӣ тавонистанд, заминаи амниятиро барои гуфтушунид­ҳои сулҳ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фароҳам оранд. Яъне, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо вазифаи ҳимояи марзҳоро иҷро кард, балки дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат низ саҳми назаррас гузошт.

Бо гузашти се даҳсола Артиши миллӣ аз як сохтори ҷавон ба як низоми пурқуввати мудофиавӣ табдил ёфт. Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастагаии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои сохторҳои замонавӣ, қисмҳои низомии махсус, техникаи муосири ҳарбӣ ва системаи мукаммали таълими кадрҳо мебошад.

Сиёсати давлат дар самти ислоҳоти низомӣ ба таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар бо роҳи мукаммалгардонии ҷузъу томи ҳарбӣ бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ, аслиҳаи мухталифи ҷангӣ, инчунин, боло бурдани сатҳи касбият ва ватандӯстии сарбозон равона гардидааст. Артиш имрӯз танҳо як неруи ҳарбӣ не, балки мактаби бузурги тарбия ва худшиносии миллӣ барои садҳо ҳазор ҷавонон мебошад. Ҳар ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом медиҳад, бо эҳсоси ифтихор аз Ватан ва масъулият нисбат ба Истиқлолият ва гиромидошти дастоварду музаффариятҳои беназири ин давраи таърихӣ тарбия меёбад.

Соҳибихтиёрӣ барои Тоҷикис­тон шароите фароҳам овард, ки сиёсати мудофиавии мустақилро пеш барад, қонунҳои муҳимро қабул ва бар асоси манфиатҳои миллӣ Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил намояд. Ҳар қадами таҳкими Истиқлолият бо таҳкими иқтидори мудофиавӣ пайваст аст.

Маҳз Истиқлол буд, ки ба Тоҷикистон ва Артиши миллии он имконият дод бо кишварҳои гуногун ҳамкориҳои ҳарбӣ дошта бошад, таҷрибаи муосирро омӯзад ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардад. Имрӯз низомиёни тоҷик дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ ва СААД, машқҳои муштарак анҷом медиҳанд, ки нишонаи болоравии эътибори байналмилалии Артиши миллӣ аст.

Соли равон мардуми Тоҷикистон бо ифтихор 34-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн гирифтанд. Ин сана рамзи саодати миллӣ, пойдории сулҳ ва ҳимояи арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Дар баробари дигар дастовардҳо, саҳми Артиши миллӣ низ дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва суботи сартосарӣ беназир аст.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди худогоҳу хештаншинос дарк мекунад, ки агар Истиқлол пояи давлат бошад, пас Артиши миллӣ сипари боэътимоди он аст. Таҷлили ин санаи муҳим моро водор месозад, ки бештар ба қадри сулҳу субот ва хизмати фарзандони шуҷои Ватан бирасем.

Истиқлол ва Артиши миллӣ ду мафҳуми ҷудонашаванда мебошанд. Яке заминаи дигарро фароҳам меорад ва дигарӣ ҳимоятгари аввал аст. 

Вақте ки Тоҷикистон роҳи устувори рушдро интихоб кардааст, муҳимтарин вазифаи насли ҷавони кишвар ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ мебошад. Албатта, ҳифзу ҳимояи Истиқлол аз иқтидори мудофиаии кишвар вобастагии зич дорад.

Пас, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки Истиқлоли давлатӣ ва Артиши миллро ҳамчун ду арзиши муҳим қадр кунад ва дар роҳи таҳкими онҳо саҳмгузор бошад. Зеро ояндаи дурахшони давлат танҳо дар шароити сулҳу субот ва истиқлолияти пойдор таъмин мешавад.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА,

вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-полковник

Ҳамчунин дигар маводҳо: