Муҳтарам Дунягозел Акмуҳаммедовна,
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти Туркманистон қабул фармоед.
Туркманистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, афзоиши некуаҳволии мардум ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Итминон дорам, ки ҳамкорӣ байни мақомоти қонунгузори кишварҳоямон бо усули эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек тақвият меёбад.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо саломатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу шукуфоӣ таманно менамоям.
Бо эҳтиром,
Рустами Эмомалӣ