18-уми октябри соли 2024 ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ» таҳти раёсати Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода дар мавзуи «Қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» семинар-машварат баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни чорабинӣ корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Дилшод Ализода баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳуқуқ ба муроҷиат аз воситаи асосӣ ва муҳими ҳуқуқиест, ки тавассути он субъект метавонад талаботи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии худро бо истифода аз қонунҳои амалкунандаи муосир қонеъ гардонад.
Таъкид шуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсаду мазмуни қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар кишвар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст. Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30-юми декабри соли 2023 ба имзо расид, ки мақсади асосии фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам кардани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар интиҳо Дилшод Ализода ба саволҳои ҳозирин посух гуфт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ