Шиносоии Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмони иншоот дар пойтахт

№33 (4929) 17.03.2025

174195030957514-уми марти соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Ҳабиб Аҳрории пойтахт бо рафти сохтмони маҷмааи шаҳраки олимақом шинос шуда, ҳамзамон, аз намоишгоҳи масолеҳи сохтмонӣ дидан намуданд. 

Дар намоишгоҳи мазкур беш аз 40 ширкати ватанию хориҷӣ маҳсулоти хешро ба намоиш гузоштанд.

Зимни шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмончиён дастур доданд, ки дар бунёди биноҳо аз масолеҳи сохтмонии аълосифат истифода намоянд, то ки хонаҳои дар оянда бунёдшаванда барои зиндагии арзанда созгор бошад. Инчунин, ба соҳибкорон бо мақсади коҳиш додани воридоти масолеҳи сохтмонӣ дастуру супоришҳо дода шуд, ки корхонаҳои нави ватанӣ таъсис диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои охир таҳти роҳбарии ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат симои худро куллан дигар кардааст. Қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ ба симои шаҳр зебоии хосе зам сохта, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.