Дар арафаи 70-умин солгарди Рӯзи ғалаба бар Германияи фашистӣ қаҳрамонии боз як фарзанди тоҷик Қӯчқорбой Канаев, ки соли 1944 бо ордени «Барои шуҷоат» сарфароз гардонида шуда буд, дарёфт гардид.
Ордени ин фарзанди шуҷои Ватан, ки дар марзи Ҷумҳурии Беларус зимни корҳои ҷустуҷӯйӣ чанде қабл ёфт гардида буд, дар фазои тантанавӣ ба наздиконаш тақдим карда шуд.
Ба ин муносибат дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов, собиқадорони ҷангу меҳнат, наздикону пайвандони Қӯчқорбой Канаев баргузор гашт.
Нахуст раиси вилоят зикр дошт, ки қаҳрамониҳои бемисли фарзандони тоҷик дар ҳама давру замон қадр карда мешуд. Имрӯз низ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти ғамхории бевоситаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ин аст, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат ба онҳо мунтазам кумаку туҳфаҳои идона дастрас карда мешавад.
Қӯчқорбой Канаев зодаи деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум буда, соли 1943 барои ҳимояи Ватан ба майдони ҷанг рафт. Ӯ дар якчанд муҳорибаҳои хунин иштирок намуда, аз худ як қатор корнамоиҳо нишон додааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов зикр намуд, ки соли равон зимни корҳои ҷустуҷӯйӣ қабри 68 нафар иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯз дарёфт карда шуд. Аз рӯй ҳуҷҷатҳои шахсӣ ташхиси лабораторӣ муайян кард, ки яке аз онҳо фиристодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯчқорбой Канаев мебошад. Номбурда соли 1944 зимни амалиёти махсус зиёда аз 15 нафар ҷанговарони фашистро несту нобуд менамояд ва ба ин васила ба ақибнишинии душман заминаи мустаҳкам мегузорад. Ин корнамоии фарзанди шуҷои Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ӯро бо ордени «Барои шуҷоат» сарфароз мегардонанд.
Дар чорабинӣ як қатор собиқадорони ҷангу меҳнат бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Мухтори Абдулло