РАИС: — Ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Қурбон Убайдулло Абдулло.
ҚУРБОН Убайдулло Абдулло: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 январи соли 2015 қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июни соли 1993 амал мекунад.
Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин таъмини кафолати сатҳи зарурии ҳифзи иҷтимоии маъюбон, дастрасии онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва ҷорӣ намудани шаффофият дар масъалаҳои муқаррар намудани маъюбӣ ва дараҷаҳои он иборат мебошад.
Бо ин мақсад ном ва қисми 3 моддаи 21 ва қисми 2 моддаи 22-юми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки масъалаҳои марбут ба муқаррарнамоӣ ва таъини нафақаи маъюбонро возеҳу мушаххас пешбинӣ намудааст.
Дар робита ба ин, минбаъд давраи таъини нафақаи маъюбӣ барои маъюбон, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, тамоми давраи маъюбӣ ба ҳисоб рафта, тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурӯҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва муҳлати маъюбии шаҳрвандон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад, ки Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Бинобар ин, моддаи 32 аз қонуни амалкунанда хориҷ карда шудааст, ки муқаррароти он тибқи тағйироти пешниҳодгардида ба моддаҳои 21 ва 22-юми қонуни амалкунанда гузаронида шуда, инчунин тағйирот дар матни моддаи 53, ки тартибу муҳлати муқаррар намудани нафақаи маъюбии аъзои оиларо танзим менамояд, ҷиҳати иваз намудани рақамҳои моддаҳои 22, 32 ба рақамҳои (моддаҳои) 21, 22-ро пешбинӣ намудааст.
Ҳамзамон дар асоси тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар моддаҳои 96 ва 99-уми қонуни амалкунанда бо мақсади минбаъд таъин ва пардохти нафақа аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа дар ҷойи қайди воқеии нафақагирон ва истифодаи истилоҳоти якхелаи ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар калимаҳои «маҳалли истиқоматӣ», «Эътимоднома» ва «Эътимодномаро» мувофиқан ба калимаҳои «ҷойи қайди», «Ваколатнома» ва «Ваколатномаро» иваз шуда, калимаҳои «сарфи назар аз ҷойи қайд» хориҷ ва дар қисми 1 моддаи 99, ки додани нафақаро тавассути ваколатнома муқаррар намудааст, пас аз калимаи «Нафақаро» калимаҳои «ба истиснои нафақаи маъюбони гурӯҳҳои II ва III» илова карда шудааст, ки тибқи он, нафақаи ин намуди гурӯҳи маъюбон тариқи ваколатнома дода намешавад.
Кумита ба он эрод надорад ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Қурбон Убайдулло Абдулло.
ҚУРБОН Убайдулло Абдулло: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 феврали соли 2015 қабул намудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 амал мекунад.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ, ҳифзи иҷтимоии нафақагирон бо мутобиқ намудани низоми таъминоти нафақаи кишвар ба усулҳои асосии низоми суғуртавии таъминоти иҷтимоӣ, ки аз пардохти саҳмҳои муайяни суғуртавӣ вобаста аст, иборат мебошад.
Вобаста ба ин, ба 49 моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки тағйироти воридгардида ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда характер ва хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда, имлоӣ, забонӣ ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои дохилии қонуни амалкунанда ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар ва барои пурра возеҳу равшан намудани матни моддаҳо пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон тибқи тағйироти пешниҳодгардида ба қонуни амалкунанда қисмҳо ва сархатҳои нав илова гардидаанд, ки дар онҳо масъалаҳои дастгирии сокинони ноҳияҳое, ки дар ин минтақаҳо доимӣ зиндагӣ карда, ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузорӣ коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, минбаъд андозаи нафақаи заминавӣ нисбати ин гурӯҳи шахсон бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқарраршуда муайян гардида, андозаҳои ниҳоии камтарини нафақаи суғуртавӣ бинобар маҳрум шудан аз саробон нисбати кӯдакони аз волидайн маҳрумгардида, вафоти саробон бар асари иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ва тартиби пардохт ва дастрас намудани нафақаҳои суғуртавии онҳо, инчунин нафақаи нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарӣ дар таъминоти пурраи давлат қарор доранд ё дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд ва пардохти нафақа ҳангоми фавти нафақагир мушаххас гардида, танзими масъалаҳои муҳлати таъини нафақа аз рӯи синну сол ва бозҳисобии андозаи нафақа бинобар аз ҷониби нафақагир идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ ва ҳолатҳои боздоштани пардохти нафақа тибқи қонунгузорӣ пешбинӣ гардидаанд.
Зимнан, дар асоси қонуни пешниҳодшуда матн, сархатҳо ва қисмҳои якчанд моддаҳо, инчунин боби 6-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мувофиқи онҳо меъёри собиқаи суғуртавӣ барои шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд ва доимӣ дар он ҷо истиқомат мекунанд, вобаста ба нишондиҳандаҳои вазъи демографӣ ва давомнокии умр дар ин ноҳия, барои мардҳо ба ҷойи 300 моҳ 240 моҳ ва барои занҳо ба ҷойи 240 моҳ 180 моҳ собиқаи суғуртавӣ муқаррар карда шуда, ба занҳои ин ноҳия, ки панҷ ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8-солагӣ тарбия намудаанд ва ё кӯдаки маъюбро то ба ин синну сол расонидаанд, нафақаи имтиёзнок аз синни 43-солагӣ бо собиқаи суғуртавии 180 моҳ муқаррар шуда, қонунгузор меъёри мазкурро аввалин маротиба пешбинӣ намудааст. Илова бар ин, тибқи тағйироти мазкур андозаи нафақаи маъюбӣ вобаста ба гурӯҳи маъюбӣ ва дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ гурӯҳбандӣ шуда, ин имконият медиҳад, ки маъюбони гурӯҳҳои II ва III дар муносибатҳои низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иштирок намоянд.
Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии кӯдакони бесаробонмонда андозаи ҳадди ақали нафақаи суғуртавии онҳо аз рӯи принсипи афзоишёбӣ зиёд карда шуда, минбаъд коэффитсиенти собиқаи суғуртавӣ ҳангоми ҳисоби нафақа истифода намешавад ва хориҷ кардани ин муқаррарот аз матни қонунгузорӣ имкон медиҳад, ки андозаи нафақаи шаҳрванд аз рӯи ҳаҷми сармояи шартии нафақавии ташаккулёфта ҳисоб ва пардохт карда шавад.
Ҳамин тариқ, бо қабули қонуни баррасишаванда ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони суғурташуда таъмин карда шуда, ҳангоми дар амал татбиқ намудани муқаррароти он зуҳуроти коррупсионӣ бартараф карда мешавад.
Мавриди амали қонуни мазкур аз 1 сентябри соли 2015 ва меъёрҳои моддаи 24 ва қисми 4 моддаи 46-и он аз 1 январи соли 2017 пешбинӣ шудааст.
Қонуни зикршуда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» мебошад. Марҳамат, Қурбон Убайдулло Абдулло.
ҚУРБОН Убайдулло Абдулло: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ»-ро дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврали соли 2015 қабул намудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» аз 2 декабри соли 2002 амал мекунад.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ ба ноболиғону ҷавонон дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ, омода намудани онҳо ба ҳаёти оилавӣ, инчунин пешгирӣ намудани бемориҳои ҷинсӣ ва ҳамли номатлуб миёни наврасону ҷавонон ва қатъи сунъии ҳомиладорӣ иборат мебошад.
Бо ин мақсад моддаҳои 13 ва 20-уми қонуни амалкунанда, ки танзимкунандаи муносибатҳои марбут ба ҳуқуқи ноболиғону ҷавонон ба ҳифзи солимии репродуктивӣ ва қатъи сунъии ҳомиладорӣ мебошад, дар таҳрири нав ифода карда шуда, мувофиқи онҳо механизмҳои амалинамоии ҳуқуқи ноболиғону ҷавонон ба ҳифзи солимии репродуктивӣ ва қатъи сунъии ҳомиладорӣ возеҳ ва мушаххас гардонида шуда, ҳамзамон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани хизмати машварати тиббии хайрхоҳона ва маҳрамонаро ба ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла ба намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарордошта пешбинӣ намуда, қатъи сунъии ҳомиладории интихобӣ вобаста ба ҷинси ҷанинро манъ карда, тартиби баррасии баҳсҳоро вобаста ба қатъи сунъии ҳомиладорӣ муайян намудааст.
Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуҳуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад. Марҳамат.
АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, Бахтиёр Худоёрзода ва Тағозода Саидмурод Иброҳим пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврали соли 2015 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ ва бо ҳам мутобиқ намудани муқаррароти моддаҳои 17 ва 27-уми он, инчунин иҷрои супориши протоколии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №17 аз 26 феврали соли 2014 иборат мебошад.
Бо ин мақсад ва бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва қонунҳои соҳавӣ моддаҳои 17 ва 27-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мувофиқи он муқаррароти моддаи 17 дар шакли пешниҳодшуда аз се қисм иборат аст. Қисми 1 рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳоро манъ намудааст. Қисми 2 рекламаи баъзе молҳоро бо доштани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатнома барои муомилоти чунин молҳо ва қисми 3, ҷой ва вақти рекламаи силоҳи ғайринизомӣ, аз ҷумла шикорӣ ва варзиширо, пешбинӣ намудааст.
Моддаи 27 дар таҳрири нав омадааст, ки тибқи он назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
Қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надошта, амалӣ гардидани он маблағи иловагиро талаб намекунад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва онро қобили дастгирӣ меҳисобад. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи деҳоти «Қабодиён»-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ.
АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи деҳоти «Қабодиён»-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» баррасӣ намуд.
Тибқи пешниҳоди мазкур таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳоти «Қабодиён» ба деҳоти «Заркамар»-и ноҳияи Қубодиён тағйир дода шавад.
Мақсад аз Заркамар номгузорӣ намудани деҳоти мазкур дар он аст, ки деҳаҳои он, дар ҳақиқат, дар камари доманакӯҳ, яъне дар соҳили дарёи Кофарниҳон ҷойгир мебошад. Дар қисми болоии деҳоти мазкур кӯҳи аз талу теппаҳои рангизарддошта иборат буда, мавзеи он низ ҳангоми хушк шудани гиёҳҳо ва алафҳо намуди тиллорангро ба худ мегирад. Сокинони он асосан бо кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, дар як сол аз замин 2-3 ҳосил мерӯёнанд. Меваҳои истеҳсолгардидаи ин минтақа бо таъми ширину гуворо дар вилоят машҳур аст.
Моҳи апрели соли 1978 ноҳия аз ноҳияи Шаҳритуз ҷудо карда шуда, Қабодиён (ҳоло Қубодиён) ном гузошта шудааст ва номи деҳоти «Қабодиён» такрори номи ноҳия буда, ба мақсад мувофиқ аст, ки он «Заркамар» номгузорӣ карда шавад.
Масъалаи тағйир додани номи деҳоти «Қабодиён» ба деҳоти «Заркамар» дар маҷлисҳои умумии сокинони деҳаҳои ҳудуди деҳоти «Қабодиён», Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Қубодиён ва вилояти Хатлон баррасӣ гардида, дастгирӣ ёфтааст.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Кумита пешниҳодоти мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи деҳоти «Қабодиён»-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: -Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Имомова С.А.» мебошад.
Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад. Марҳамат.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Имомова С.А. бо сабаби ба кори дигар гузаштан манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Имомова Сафармо Абдухолиқовна бо сабаби ба кори дигар гузаштан ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 26 феврали соли 2015 №15/1-12».
Хоҳишмандем баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Имомова С.А.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: - Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоб ба ҳайси машваратчии халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодро дар бораи номзадии 210 нафар барои интихоб ба ҳайси машваратчии халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 3 марти соли 2015 №15/1-14».
Ба пешниҳод рӯйхати 210 нафар номзад замима гардидааст. Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоб ба ҳайси машваратчии халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодро дар бораи номзадии 104 нафар барои интихоб ба ҳайси машваратчии халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 3 марти соли 2015 №15/1-13».
Ба пешниҳод рӯйхати 104 нафар номзад замима гардидааст. Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: -Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муҳаммадиев А.С.» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муҳаммадиев А.С. бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муҳаммадиев Абдуқодир Сайдалиевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш розигии худро диҳед.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 26 феврали соли 2015 №15/1-4».
Хоҳишмандем, пешниҳоди мазкур баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муҳаммадиев А.С.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидов Ҳ.С» мебошад. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидов Ҳ.С. бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидов Ҳабибуло Сайдулоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш розигии худро диҳед.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 26 феврали соли 2015 №15/1-5».
Хоҳишмандем пешниҳоди мазкур баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидов Ҳ.С» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: -Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Кишварзода А.Г.» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: - Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Кишварзода А.Г. бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Кишварзода Абдурашид Гулматшо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш розигии худро диҳед.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 26 феврали соли 2015 №15/1-6».
Хоҳишмандем, пешниҳоди мазкур баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Кишварзода А.Г.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидзода Х.» мебошад. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидзода Х. бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидзода Хайрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш розигии худро диҳед.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 26 феврали соли 2015 №15/1-7».
Хоҳишмандем, пешниҳоди мазкур баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидзода Х.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Назарзода Ҳ.Н.» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Назарзода Ҳ.Н. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Назарзода Ҳотам Назрулло розигии худро диҳед.
Назарзода Ҳотам Назрулло соли 1957 дар ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 30 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯзи вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Зафаробод оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Данғара, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Бохтар, муовини прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, сардори раёсати тафтишотии прокуратураи вилояти Хатлон, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Бохтар, муовини прокурори шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, муовини прокурори шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, муовини прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, прокурори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва прокурори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2007 дар вазифаи прокурори нақлиёти Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 26 феврали соли 2015 №15/1-8».
Хоҳишмандем, пешниҳоди мазкур баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Назарзода Ҳ.Н.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Осимзода М.» мебошад. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Осимзода М. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Осимзода Муҳаммадиброҳим розигии худро диҳед.
Осимзода Муҳаммадиброҳим соли 1959 дар шаҳри Ангрени Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 33 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯзи вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе, ёрдамчӣ, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе, прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оиди ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини прокурори ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ва хоҷагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2015 дар вазифаи прокурори ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 26 феврали соли 2015 №15/1-9».
Хоҳишмандем, пешниҳоди мазкур баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Осимзода М.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ваҳобов В.М.» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ваҳобов В.М. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ваҳобов Валӣ Манонович розигии худро диҳед.
Ваҳобов Валӣ Манонович соли 1963 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 26 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯзи вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ)-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ)-и шаҳри Душанбе, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе, прокурори шуъбаи назорати риояи қонунҳо дар мақомоти амният ва муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии Гарнизони Душанбе, ёрдамчии калони прокурори ҳарбии Гарнизони Душанбе, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Раёсати прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии Гарнизони Душанбе, прокурори калони ҳарбии шуъбаи назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2011 дар вазифаи сардори шуъбаи омор ва таҳлили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 26 феврали соли 2015 №15/1-10».
Хоҳишмандем, пешниҳоди мазкур баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ваҳобов В.М.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода С.Р.» мебошад. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ- Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода С.Р. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ- Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода Сафаралӣ Раҳим розигии худро диҳед.
Мирзозода Сафаралӣ Раҳим соли 1968 дар ноҳияи Восеъ таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 20 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ҳарбии Гарнизони Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии Гарнизони Душанбе, прокурори ҳарбии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиш, муфаттиши калони шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини прокурори ҳарбии Гарнизони Суғд, муовини якуми прокурори ҳарбии Гарнизони Душанбе, сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии Гарнизони Суғд, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори ҳарбии Гарнизони Суғд кор кардааст.
Аз моҳи майи соли 2014 дар вазифаи муовини якуми прокурори шаҳри Душанбе фаъолият менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 26 феврали соли 2015 №15/1-11».
Хоҳишмандем, пешниҳоди мазкур баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, иҷозат фармоед дар анҷоми гузоришҳо ба Шумо ва аъзои Маҷлиси миллӣ барои ҳамкории панҷсола дар таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намоям.
Фаъолияти парламенти Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солона мусбӣ арзёбӣ гардид.
Ба ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ дар фаъолияти минбаъдаи давлатӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ пирӯзӣ, ҳамчунин саодатмандии рӯзгор ва фароғати оилавиро таманно дорам.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода С.Р.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Сухан ба раиси Котибот дода мешавад. Марҳамат.
РАИСИ КОТИБОТ: — Ба унвони Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз номи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён барқияи табрикӣ ворид шудааст.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия ташаккур мегӯем!
Доир ба фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи даъвати чорум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев гузориш дод.
Бо ҳамин Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум кори худро ба анҷом расонд.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод).
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ