Зери ин сояҳо гумроҳони зиёде ҳамчун зархарид амалҳоеро иҷро мекунанд, ки подошаш танҳо марг аст, дар хоки бегона, бо хориву зорӣ
Хариду фурӯши одамон сарчашмаи муҳими даромади гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор мебошад. Ҳоло савдои одамон аз рӯи дараҷаи фоиданокӣ дар ҷинояткории муташаккилона баъди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Ин ҳолат раванди ҷаҳонишавӣ касб карда, мушкилоти навро ба миён оварда истодааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон поймол гашта, ба он ҳамчун ашё ва воситаи хариду фурӯш муносибат мекунанд.
Дар ин маврид фармоишгарон ва мақсаду ҳадафи онҳо ноаён мемонанд. Амали ошкорои онҳо фиреби назар аст. Хадамоти иттилоотӣ мунтазам кор мекунанд ва ба тори «анкабут»- и он нафарони зиёде гирифтор мешаванд.
Даъват хеле устокорона ва ҳадафрас аст: ҷиҳод. Ин танҳо доми фиреб аст. Ақли солим онро қабул надорад. Аммо ақл агар носолим, иродаву ақида заиф бошад, даъватро мепазирад.
Чанд нафаре, ки бо амри тасодуф аз канори дарёи Даҷла, аз майдони набарди хунин ҷон ба саломат бурда, ба Ватан баргаштаанд, ваъдаҳои бардурӯғи пардохти маблағи калонро тасдиқ кардаанд. Онҳоро ҳамчун «сипар» ба сафи пеши ҷабҳа мефиристонанд, то аввалин шуда, ҳадафи тир гарданд. Чун зархариданд, роҳи баргашт надоранд, ҳар амрро фармонбардорона ба ҷо меоранд.
Шигифтовар он аст, ки духтарони тоҷик низ дар сафи размандагони бо ном «Давлати исломӣ» ҳамроҳ шудаанд. Чанде қабл ду сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки яке духтар аст, дар ин хусус сухан ронданд. Ин духтар, ки дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, бо ваъдаи маблағи калон ба гурӯҳи фиребхӯрдагон шомил шуда, ба Сурия меравад.
Дигар духтари тоҷикро мақомоти қудратӣ аз рафтан ба Сурия ҷилавгирӣ карданд. Чанд нафари дигар аллакай дар минтақаҳои даргири Ироқу Сурия зиндагӣ доранд, агар овардани чунин истилоҳ ҷоиз бошад, зеро пас аз вафоти шавҳарашон онҳо хариду фурӯш мешаванд. Ба қавли ин ду ҷавони баргашта, қимати зан 800 доллар ва кӯдак 400 доллар будааст.
Бо ин ҳоли зори ҷавонон, аз ҷумла духтарон, ки пайи маблағ тарки Ватан кардаанд, шинос шуда, амали мардонаи чанде аз духтарони ноҳияи Қумсангир ба хотирам омад. Онҳо касби душвору хавфнок – минаҷӯйиро интихоб намуданд. Баҳори соли гузашта бо ибтикори Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ва дастгирии ташкилоти Кумаки Мардуми Норвегия (NPA) аз ҳисоби духтарон гурӯҳи махсуси безараргардонии минаҳо ташкил ёфт. Баъди як соли фаъолият бо онҳо дар Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо шинос гардидам. Давоми як соли фаъолият ин гурӯҳи ҳаштнафара дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масоҳати 128 ҳазор метри мураббаъ корҳои тадқиқотӣ бурда, 810 адад мина ва дигар лавозимоти нотаркидаи ҷангиро ошкор ва безарар гардонданд. Бо кумаки онҳо панҷ гектар замин бехавф гардонида, барои корҳои кишоварзӣ тавсия дода шуд.
Аз дидани наворҳои бо ном муҷоҳидон, ки бо алвонҷ додани яроқу парчами сиёҳ, ки «исломи ҳақиқӣ ин ҷост» — гӯён фарёд мезананд, нафрати кас меояд. Ҳеҷ амали онҳо ба таълимоти дини ислом мутобиқ нест. Дар Қуръони Карим қатли шахси бегуноҳ гуноҳи кабира номида шудааст.
Онҳо, ки каломи Оллоҳро сарфи назар мекунанд, чӣ гуна мусулмон ҳастанд? Он гурӯҳҳо, ки аз номи Ислом ба ҷиҳод даъват мекунанд, ин даъват ба сӯйи шайтон аст, зеро нооромӣ, куштору сӯхтор дар тинати шайтон ҷой дорад.
Нисбати чунин амалҳои ғайриисломӣ дар Қуръони Карим омадааст: «Ҷазои касоне, ки бо Худою расули Ӯ ҷанг мекунанд ва дар замин ба қасди фасод мешитобанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд, ё бар дор карда шаванд, ё дастҳову пойҳои онҳо аз ҷониби мухолиф бурида шавад, ё аз ватан дур карда шаванд. Ин расвоии онҳо дар дунё аст ва охират барои онҳо азоби азим ҳаст». (Сураи Моида, ояти 33).
Пайдоиш ва амалҳои ваҳшиёнаи бо ном «Давлати исломӣ» аз ҷониби созмонҳои бонуфузи исломӣ маҳкум гардидаанд. Аз ҷумла бо фатвои Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастан ба «Давлати исломӣ» ҳаром дониста шудааст. Ҳарчанд амалҳои зишту махуфи бо ном «Давлати исломӣ» барои оламиён маълум бошад ҳам, аммо ба он пайвастан, бахусус аз шумори ҷавонон афзуда истодааст.
Бобати пешгирӣ кардани ҷалби шаҳрвандони мо ба гурӯҳҳои ҷинояткору ифротгаро тадбирҳои ҷиддӣ андешидан зарур аст. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) низ таъкид шудааст: «Терроризм ва ифротгаройӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».
М. Аъзам, «Садои мардум»