Тибқи иттилои аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дастрасшуда, бо қарори марбутаи ин ниҳод фаъолияти ду ташкилоти амонатӣ — қарзии хурд — «Ҳамдастӣ» ва «Молия ва Сармоя» барои як сол маҳдуд карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин тасмим ба хотири риоя нагардидани талаботи қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои фавқуззикр гирифта шудааст. Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои амонатӣ — қарзии хурди «Ҳамдастӣ» ва «Молия ва Сармоя» ҳақ надоранд дар давоми як соли оянда амонатҳои (депозитҳои) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҷалб карда, ба муштариён қарзи хурд (бо таъмин ва бе таъмин) диҳанд. Таъкид шудааст, ки ташкилотҳои мазкур ҷиҳати беҳтар кардани ҳолати молиявӣ, иҷрои уҳдадориҳои хеш дар назди амонатгузорон бояд дар муҳлати на дертар аз 15 рӯз — баъд аз қабули қарори мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Далер Мерганов, «Садои мардум»