Дар машварати назоратии назди раиси ВМКБ, ки чанде пеш доир гардид, ҷараёни иҷрои қарори раиси вилоят оид ба амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2015», иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва машруботи спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор» дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мувофиқи гузориши сардори Раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев баҳри амалисозии Барномаи рушди моҳипарварӣ дар қаламрави вилоят як қатор корҳо иҷро шудаанд.
- Айни замон,- гуфт Назрӣ Назриев,- дар қаламрави вилоят 16 хоҷагии моҳипарварӣ сабти ном шуда, барои рушди соҳа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисме аз онҳо мувофиқи имкон бо маводи зарурӣ таъмин шудаанд. Дар шаҳри Хоруғ ва аксари ноҳияҳо як идда соҳибкорон ба тараққӣ додани ин соҳа машғуланд. Дар вилоят баробари кӯлҳои табиӣ ва дарёҳо, ки манбаи асосии моҳипарварӣ мебошанд, инчунин кӯлу обанборҳои сунъӣ бунёд ёфтанд. Ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ барои ташкили обанборҳо дар соҳили рӯду дарёҳо замин ҷудо карда шуд. Соли сипаригашта хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят 30 тонна моҳиро ба фурӯш бароварданд.
Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар ҷараёни баррасии масъала изҳор дошт, ки иҷрои барнома аз ҷониби идораҳои марбута — Раёсати кишоварзӣ, Хоҷагии ҷангал, Парки миллӣ, маъмурияти Мамнӯъгоҳи Зоркӯл, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо қонеъкунанда нест. Моҳипарварӣ дар шароити вилоят яке аз соҳаҳои камхарҷу сердаромад мебошад ва соле то 200 тонна моҳӣ истеҳсол кардан мумкин аст. Ҳудуди хоҷагиҳое, ки гӯё ба моҳипарварӣ машғуланду аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати кишоварзӣ барояшон маблағи зиёд ҷудо шудаву аммо натиҷаи корашон маълум нест, аз 20 гектар зиёд буда, истифодаи он ғайриқаноатбахш аст. Раиси вилоят яке аз сабабҳои асосии рушди ниҳоят сусти моҳипарвариро дар набудани мутахассисон маънидод намуд.
- Яшилкӯл яке аз манбаъҳои асосии захираи моҳӣ дар вилоят маҳсуб меёбад, вале дар чанд соли охир захираи моҳӣ дар кӯли номбурда то 50-60 фоиз кам гаштааст. Барои барқарор намудани он бояд идораҳои марбута барномаи мушаххасро роҳандозӣ намоянд, — гуфт Шодихон Ҷамшед.
Раиси вилоят инчунин пешниҳод намуд, ки барои рушди моҳипарварӣ дар вилоят бояд стратегияи мукаммали аз нигоҳи илмӣ асоснокгардида таҳия карда шавад.
Раиси вилоят ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор»-ро дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.
Дар машварат инчунин ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» дар муассисаҳои вилоятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»