Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№105 (3406) 05.08.2015

20119781168_e408f60949_oПанҷуми августи соли 2015  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони кумитаву агентиҳои назди Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, муассисаву идораҳои ҷумҳуриявӣ, Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилоту корхонаҳо ва дигар шахсони масъул масъалаҳои вазъи корҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиии дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва дигар мавзеъҳои кишвар рухдода, истифодаи сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа, бо дарназардошти шиддат гирифтани буҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил, тайёрии ҷиддии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 — 2016 ва тайёрии ҳамаҷониба барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои давлатии дарпешистода, бахусус 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба оқибатҳои офатҳои табиӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ гардида буд, ҷалб намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои боздиди корӣ, рафти иҷрои корҳо оид ба татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумат баҳри рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии бахшҳои хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон андешаронӣ карда, иброз дошт, ки бо мақсади шиносоии бевосита аз ҳолати баамаломада рӯзҳои 28 — 31 июли соли ҷорӣ сафари кории Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сурат гирифта, як қатор тадбирҳои фаврӣ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод комиссияи давлатии барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда, сокинони зарардида бо бошишгоҳҳои муваққатӣ таъмин гардиданд ва барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ аз мавзеъҳои бехатар қитъаҳои замин ҷудо карда шуданд, ки имрӯзҳо сохтмони хонаҳо босуръат идома дорад.

Инчунин ҷиҳати таъминот бо неруи барқ, оби нӯшокӣ, барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, роҳу пулҳо ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида ҳамаи ташкилоту идораҳои дахлдор сафарбар гардида, дар самти барқарорсозии инфрасохтори зарурӣ тамоми имкониятҳо истифода шуда истодаанд.

Айни замон дар асоси супориши Президенти мамлакат аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо неруи барқ, маводи озуқа ва дигар шароити зист таъмин буда, ба ҳамаи оилаҳои зарардида кумаки яквақтаи Роҳбари давлат ва дигар маводҳои хайриявӣ расонида шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ин ҳар чӣ зудтар бунёд кардани манзилҳои нави истиқоматӣ барои осебдидагон мебошад ва аз тарафи Ҳукумати мамлакат тамоми масолеҳи зарурии сохтмонӣ ба аҳолӣ ва сохтмончиён дар маҳалли бунёди деҳаи нав дастрас карда шуда, корҳо босуръат идома доранд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки имрӯзҳо ба сокинони зарардидаи вилоят аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи саховатпеша кумакҳои зиёд расида истодаанд ва ин нишонаи возеҳи ваҳдати комили сартосарӣ мебошад. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ зимни мулоқот бо Сарвари давлат аз дастгирии роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат ва дигар ҳамдиёрони хеш, ки дар чунин рӯзҳои сахту сангин ҳамдарду кумакрасони онҳо мебошанд, изҳори сипос карданд. Сокинони вилоят иброз доштанд, ки худро танҳо ҳис намекунанд, зеро аз рӯзи аввал аз ғамхориҳои Президенти мамлакат бархӯрдор буда, тамоми кумакҳои аҳолии дигар минтақаҳо сари вақт ба онҳо дастрас гардид.

Дар маҷлис таъкид карда шуд, ки дар чунин лаҳзаҳои мушкили рӯзгори осебдидагон дасти кумаку ёрмандӣ дароз кардан ба оилаҳои зарардида қарзи инсониву виҷдонии мост.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки бояд ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон ва ҳамаи онҳое, ки имконият доранд, дар ин кори хайру савоб саҳм гиранд ва нагузоранд, ки ҳамватанони мо дар ин рӯзҳои мушкили зиндагиашон аз таваҷҷуҳу дастгирии мову шумо берун монанд.

- Ман ба азму ирода, ватандӯстиву ватанпарастӣ, меҳру муҳаббати тамоми сокинони кишвар ба якдигар итминони комил дорам, — гуфт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Дар минтақаҳои кӯҳистон фасли зимистон ва сардиҳо барвақттар оғоз мешаванд, аз ин рӯ, зарурати тезонидани тадбирҳо дар самти бунёди манзилҳои зист, дастрасии оилаҳо бо сару либоси тобистонаву зимистона, тамоми номгӯйи асбоби рӯзгор, ҷиҳози хона, яхдону телевизор, гилему кӯрпача, асбоби ошхона ва то риштаву сӯзан ба миён омадааст.

- Дар баробари ин, муҳим мешуморам, ки ҳар як оилаи зарардида ба муҳлати то шаш моҳ бо маводи ғизоӣ ва дар фасли зимистони дарпешистода бо ангишт ва дигар асбобу таҷҳизоти гармидиҳанда таъмин карда шавад, -афзуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

- Барои оғози соли нави таҳсил бошад, зарур аст, ки ҷиҳати фаро гирифтани фарзандони оилаҳои осебдида ба мактаб ва бо ҷиҳози хониш, сару либос ва дигар шароити мусоиди таҳсил таъмин кардани онҳо чораҳои бетаъхир андешида шаванд, — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Умуман, ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор, пеш аз ҳама, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки омодагиро ба соли нави хониш вусъат бахшанд.

Вобаста ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил, тайёрии ҷиддии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 — 2016 ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои давлатии дарпешистода, бахусус 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар шароити кунунии буҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ истифодаи сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва торафт кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа ниҳоят муҳим мебошад. Тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ вусъат гирифта истодааст ва таъсири манфии он ба иқтисоди миллии мо низ идома дорад.

- Ҳар яки моро зарур аст, ки дар гузаронидани чорабиниҳои идона низ сарфакор бошем, ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем ва расонидани кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоатро дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ фаромӯш насозем, — изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои кишвар вобаста ба расондани кумакҳои моддию маънавӣ ба барҷомондагон, ятимон, ниёзмандон, додани садақаву фитр ба шахсони камбизоат ва ҷалби ҷомеа ба корҳои хайру савоб дастуру ҳидоятҳо дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба раиси Шӯрои уламои мамлакат барои иштирок дар маъракаҳои шахсони мансабдор эродҳои ҷиддӣ гирифта, супориш дод, ки дар ҳама ҳолат бояд паҳлуи мардуми бечора ва мусибатзада бошанд ва тамоми диндоронро низ ба ин кор ҷалб намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз имрӯз сар карда, бояд барои вусъати корҳои омодагӣ баҳри истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон тадбирҳо андешем, мардуми кишварро ба заҳмати созандаву бунёдкорона ҳидоят ва сафарбар намоем, ҳар рӯзро ба хотири ободии Ватанамон ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии халқамон самаранок истифода барем.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳоро барои иҷрои саривақтии корҳо оид ба рафъи оқибатҳои табиӣ, омодагӣ ба соли нави таҳсил, тайёрии ҷиддии ҳамаи соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, корҳои ободонӣ ба хотири дар сатҳи хуби ташкилӣ истиқбол гирифтани иду ҷашнҳои миллӣ ҷалб намуда, ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

www.president.tj