Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№113 (3414) 24.08.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 47. Кафолати ҳуқуқи қарздиҳандагон ҳангоми бастани ақди никоҳ ё тағйир додан ва беэътибор кардани аҳдномаи никоҳ

1. Ҳамсар вазифадор аст, ки дар хусуси бастан, тағйир додан ё қатъ кардани аҳдномаи никоҳ қарздиҳандаи (қарздиҳандагони) худро огоҳ созад. Дар сурати иҷро накардани ин уҳдадорӣ, ҳамсар, сарфи назар аз муҳтавои аҳдномаи никоҳ, тибқи уҳдадориҳои худ масъулият дорад. (ҚҶТ аз 25.03.2011с, №710).

2. Қарздиҳандаи (қарздиҳандагони) зан ё шавҳари қарздор ҳуқуқ дорад вобаста ба ҳолатҳои моҳиятан тағйир ёфтани вазъият, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйир додани шарту шароит ё бекор кардани аҳдномаи байни онҳо басташударо талаб намоянд.

Аҳдномаи никоҳ танҳо муносибатҳои молумулкии зану шавҳарро ба танзим медарорад ва мавҷуд будани чунин аҳднома дар байни ҳамсарон ба манфиати молумулкии шахсони дигар таъсир расониданаш мумкин аст. Барои ҳамин ҳам меъёри мазкур баҳри ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони сеюм – қарздиҳандагони ҳамсар пешбинӣ шудааст.

Дар натиҷаи бастани аҳдномаи никоҳ низоми ҳуқуқии молу мулки ҳамсарон тағйир ёфта, вазъи молумулкии онҳо низ тағйир ёфтанаш мумкин аст. Ин ҳолат ба иҷрои уҳдадории қарздор бетаъсир намемонад. Аз ин ҷиҳат ҳамсари қарздор вазифадор аст, ки дар бораи бастан, тағйир додан ва қатъ кардани аҳдномаи никоҳ қарздиҳандагонашро сари вақт огоҳ созад. Агар ҳамсари қарздор ин вазифаи қонун ба уҳдааш гузоштаро иҷро накунад, ӯ сарфи назар аз мазмуни аҳдномаи никоҳ тибқи уҳдадориҳои худ масъулият дорад.

Қисми 2 моддаи 47 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки қарздиҳандаи яке аз ҳамсарон дар ҳолати моҳиятан тағйир ёфтани вазъият, тағйир додани шарту шароит ё бекор кардани аҳдномаи байни онҳо басташударо ҳуқуқи талаб кардан дорад. Моҳиятан тағйир ёфтани вазъият онро дар назар дорад, ки шартҳои дар аҳдномаи никоҳ мавҷудбуда ба иҷрои уҳдадории ҳамсар, ки аз шартномаи байни ҳамсар ва қарздиҳанда басташуда бармеояд, монеаҳо мегузорад. Дар ин маврид манфиатҳои молумулкии қарздиҳанда халалдор мегардад. Муносибатҳои номбурда вобаста ба тағйир додан ва бекор намудани шартнома дар моддаҳои 483 ва 484 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудаанд.

Азбаски аҳдномаи никоҳ дар қонуни оилавии ҷумҳурӣ навоварист, таҷрибаи судӣ оид ба ин масъала ҳоло мавҷуд нест, аз ҳамин сабаб таҷрибаи судӣ оид ба татбиқи қисми 2 моддаи 47 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вуҷуд надорад.

 

ФАСЛИ IV

ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ

МОДАР ВА ФАРЗАНДОН

 

БОБИ 10

МУҚАРРАР НАМУДАНИ АСЛУ НАСАБИ ФАРЗАНДОН

Моддаи 48.   Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон

Ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбанд.

Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси қонунии пайдо шудани ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон ба далели аз кӣ таваллуд шудани фарзанд вобаста карда шудааст. Пайдоиши фарзанд аз падари дар ақди никоҳи расмибуда бо роҳи сабт кардани таваллуди кӯдак дар мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тасдиқ мегардад. Натиҷаи ин сабт бо додани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва дар он нишон додани падару модари он анҷом меёбад. Дар ин маврид ҳуҷҷатҳои номбурда исботи қонунии пайдоиши кӯдак аз падару модари муайян буда, асоси пайдоиши ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон мегардад. Ҳангоми пайдоиши фарзанд дар ҳолатҳои дигар ва аз он ҷумла аз зану шавҳари дар ақди никоҳи расминабуда қонун бо кадом тартиб асоси ба вуқӯъ омадани ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ва фарзандро муқаррар кардааст. Ба таври муфассал ин масъалаҳо дар тафсири моддаҳои 49-50 ҳамин Кодекс ҳаллу фасл гардидаанд.

Талабот оид ба асоси пайдоиши ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, ки бо тартиби муқарраркардаи қонун тасдиқ мегардад, дар қонунгузории ҷумҳурӣ таърихи хоси худро дорад. Мавриде буд, ки ин талабот бекор карда шуда буд. Масалан, дар асоси Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 27 марти соли 1945 ҳуқуқу уҳдадориҳои падари кӯдак бо фарзандаш танҳо бо мавҷуд будани сабти ақди никоҳи расмӣ бо модари кӯдак асос ёфта метавонист. Ин ҳолат баробарии кӯдаки дар ақди никоҳи расмӣ таваллудшударо бо кӯдаки аз падару модари ақди никоҳи расмӣ надошта таваллудшуда истисно мекард. Чунин ҳолат то қабул ва дар амал ҷорӣ кардани Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 январи соли 1970) ҷой дошт.

Ҳамин тавр, моддаи 48 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи моддаи 49 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки пештар амал мекард, айнан такрор намуда, баробарии кӯдакони дар ақди никоҳи расмӣ таваллудшуда ва кӯдакони аз падару модари ақди никоҳи расминадошта таваллудшударо таъмин кард.

(Давом дорад)