Сеюми октябри соли равон нахустин гурӯҳи наваскарон аз ҳисоби ҷавонони вилояти Суғд барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шуданд.
Бахшида ба ин рӯз дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ҳузури беш аз ҳафт ҳазор нафар чорабинӣ баргузор гардид. Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронӣ гуфт, ки бо амри дил ба хизмати Модар — Ватан сафарбар шудани ҷавонон баёнгари ворисони асили сарлашкарони майдони набарду шоҳони озодманиш — Спитамену Деваштич, Муқаннаъ, Шоҳ Исмоили Сомониву Темурмалик, Восеъ ва дигар қаҳрамонони зинданоми миллат будани онҳост.
Раиси вилоят ҳамчунин гуфт, ки бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати таърихӣ барқарор гардид ва сиёсати дурбинонаю хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи имрӯзу дирӯзи моро ба ҳам пайваст намуд.
Қобили таъкид аст, ки танҳо дар як рӯз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ сафарбар шуданд, ки аксари онҳо дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар нахустин рӯзи ин маъракаи муҳим дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъват иҷро шуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби санъаткорони вилояти Суғд намоиш дода шуд, ба ин чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.
А. Салимзода,
«Садои мардум»