Боварӣ ва эътиқоди инсон дар масири таърих ҳамчун манбаи умед ва нуктаи такягоҳи ниҳоӣ ӯро дар ҳама ҳолатҳои мушкил роҳбар, роҳнамо ва ҳимоятгару талқинкунандаи маънавӣ будааст. Мутаассифона, воқеият гувоҳ аст, ки аз ин манбаи боварӣ ва ҳолати рӯҳии инсон гурӯҳҳои мухталиф зиёд суиистифода намуда, ба ҷамъияту давлатҳо мушкилиҳои ҷиддӣ ба бор овардаанд ва ҳанӯз меросбардорони ин ҷараёнҳои манфӣ кам нестанд. Ин ҳолатҳои тазодманд аз як ҷониб, зиёдаравиҳои беҷои иддае аз рӯҳониёни иртиҷоӣ, аз ҷониби дигар, дар ҳамбастагиҳои сиёсисозии эътиқод дар фарози таърихӣ тақдири ин шакли шуури ҷамъиятиро зиёд печида ва талх намудааст, ки дар ниҳояти кор ба боварӣ ва озодии виҷдони инсонҳои ҷудогона латма задааст.
Замони нав бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои абарқудрати ҷаҳониаш дар баробари ҳама пешравиҳои ҳаёти иҷтимоӣ, дастовардҳои илмӣ ва техникӣ дар тобеияти ҳимояти утилитаризми минтақавию ҷаҳонии гурӯҳҳо ва давлатҳои абарқудрат қарор гирифта, натавонист садди роҳи суиистифода аз эътиқодоти динӣ гардад. Аз ин хотир, то ҳанӯз дар давлатҳои мутамаддин ва ҳатто сатҳи байналмилалӣ вазъи озодиҳои динӣ диққатҷалбкунанда аст. Ҳазораи се низ дар қадамҳои нахустини худ утилитаризми минтақавию манфиатҳои молӣ, ғаразҳои сиёсию бадбиниҳои мазҳабии худро бо либоси динию суиистифодаи эътиқоди пайравони он оро дода, минтақаҳои ҷудогонаи оламро бо хун оғушта карда, дину ҷаҳонбинии диниро ҳамчун хатари воқеӣ назди башарият муаррифӣ менамояд. Манфуртарин фарзандони ҳаёти иҷтимоӣ, оқшудагони ахлоқи инсонию ҳукмшудагони ҳуқуқи башарӣ — экстремизму терроризмро зери парастории эътиқод ва ҷаҳонбинии динӣ кашида, вазъи ҷаҳонбинии диниро ногувор ва ҳуқуқу озодиҳои виҷдонро дар низоми ҳуқуқии кишварҳои олам ноором намуданд. Тамизи байни неку бад дар ҷаҳонбинии динӣ ва зоҳирёбии он дар паҳнои ҳуқуқӣ, сарфи назар аз хоҳишҳо ва боварҳо то ҳадде мушкил гашт, зеро масъалаи амну амният, тинҷию амонӣ, таҳаммулу эҳтиром ва суботу ҳамдигарфаҳмии инсонҳо дар чунин шароити ноором аз ҳама дигар дастоварду арзишҳо қиматтару муҳимтар маҳсуб мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, низоми қонунгузории адолатноки кишвар ва меъёрҳои олии конститутсионӣ тавонист дар ҳадди эътидол ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳифз намуда, бо экстремизму терроризм мубориза бурда, шароити мусоидро барои иҷрои расму оинҳои динӣ муҳайё созад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли бузургтарин фарзанди демократияи Тоҷикистон дар баробари меросбарии арзишҳои олии инсонӣ ва таърихи ҳуқуқ, озодиҳои эътиқодиро дар маркази сиёсати давлатӣ ва ҳифозати худ қарор додааст. Тафаккури миллии мо мусаллам бар он аст, ки ҳама гуна ҳуқуқ ва озодӣ бидуни эътирофи озодии андеша ва эътиқоди инсон ҳеҷ аст. Ҳуқуқ ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳақҳои табиие ҳастанд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалӣ онҳоро дар маркази ҳимоя ва ҳадафи аслии қонунгузории миллӣ қарор додаанд. Вале дар баробари ин, эътиқоду боварӣ ва озодии виҷдони мо бояд дар доираи талаботи қонун амалӣ гардида, ба муқобили озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллии мо баромад нанамояд, зеро чунин амалҳо ҳам аз назари қонуни миллӣ, ҳам байналмилалӣ ва таълимоти динию мазҳабии ниёгони мо маҳкум мешаванд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва дунявӣ арзи эҳтироми қонуниро ба ҳама динҳо, аз ҷумла ба дини мубини ислом қоил аст. Вазъи озодии эътиқод дар замони шӯравӣ ба ҳамагон маълум буд, дар он рӯзгор дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷиди расмӣ фаъолият намуда, ягон муассисаи таълимии динӣ вуҷуд надошт. Дар 72 соли замони шӯравӣ ҳамагӣ 25 нафар ба Хонаи Худо барои адои маносики ҳаҷ сафар карда буданд.
Пас аз истиқлолият ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар кишвари мо зиёда аз 4090 адад иттиҳодияи динӣ, ки аз он 4018 ададашро масҷидҳо ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шудааст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумат Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъсис ёфт, ки ҳоло дар он зиёда аз ду ҳазор донишҷӯ таҳсили илм мекунанд. ҳамчунин як гимназияи исломӣ бо фарогирии зиёда аз 2000 хонанда ва як гимназияи дунявӣ — динӣ бо дарбаргирии беш аз 100 толибилм таъсис ёфт. Ҳамарӯза дар намозҳои ҷумъаи кишвар озодона садҳо ҳазор нафар мусалмонон иштирок менамоянд. Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки ҳамасола зиёда аз шаш ҳазор нафар адои ҳаҷи фарзӣ ва то ду ҳазор нафар ҳаҷи умра намоянд. То имрӯз беш аз 200 ҳазор шаҳрванд ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шудаанд.
Ҳамасола аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат даҳҳо асарҳои мутафаккирони мо, ки дар аҳди фарҳанги исломӣ навишта шудаанд, аз чоп мебароянд. Бо ташаббуси Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръони карим нахустин маротиба бо забони шевои тоҷикӣ баргардонида шуда, зиёда аз 400 ҳазор нусха чоп ва дастраси мардуми кишвар гашт. Зери сарпарастӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат роҳу равиши мазҳаби аҷдодӣ аз нав эҳё шуда, пири мазҳаб Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит бо симои тоҷикона, қалами таҳаммулпазирона, андешаҳои созанда, эътиқоди хирадмандонаю амалҳои солеҳу оқилона илман ва ҳақиқатнигорона ба халқи тоҷик шиносонида шуд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббуси Роҳбари давлат халқи мо ба арзишҳои ахлоқӣ ва эътиқодии дини мубини ислом дастрасӣ пайдо намуда, маросимҳои динӣ ва идҳои анъанавии худро озодона ва мутобиқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо баргузор менамоянд.
Эътирофи озодии виҷдон ва эътиқод арҷгузорӣ танҳо ба як дин ва оин набуда, ин эътирофи ҳаққи озоди ҳар шахс ба ҷаҳонбинии динӣ ва андешаи динист. Тайи солҳои истиқлолият дар паҳнои озодиҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо 73 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, се ҷамоатхонаи исмоилия ва даҳҳо марказҳои маърифатию таълимӣ боз шудаанд. Кам кишвареро дар рӯи олам ёфтан мумкин аст, ки мисли Тоҷикистон барои ҳар 50 — 100 нафар пайравони як дин як иттиҳодияи диниро эътироф кардааст. Мардуми мо дар партави мазҳаби созишпазири ҳанафии ниёгон қомат рост карда, дар баробари эътиқоди худ ба боварию эътиқодоти дигарон арҷ мегузорад.
Пешвои миллат ва эҳёгари арзишҳои динии халқ — Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқатнигорона ва бамаврид таъкид намуданд, ки: «Конститутсия озодии эътиқод ва озодии виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намудааст. Нуктаи муҳим ва марказии ин озодӣ эътирофи ҳаққи инсонҳо ба ҳамин арзишҳо буда, ҳукми ихтиёр ва ҷонибдорӣ кори шахсии ҳар фард аст. Маҳз ба ҳамин хотир, моддаи 26-уми Конститутсия таъкид менамояд, ки: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Тавре маълум гардид, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ озодии ҳар шахсро дар кори диндорӣ ва озодии виҷдон муайян менамояд. Якум, озодии гуногунандешии динӣ, — яъне озодона муайян намудани муносибати худ ба ҳар дин. Қабл аз ҳама, таъкидоти меъёр ба он равона шудааст, ки фазои ҳуқуқии кишвар озод буда, динҳо ва бовариҳои гуногуни мардумро, ки бо қонун ва манфиатҳои дигари ҳифзшаванда мухолифат надорад, эътироф менамояд. Дигар ин, ки ҳар инсон дар Тоҷикистон озод аст, то аз боварию этиқодот ва динҳои мавҷуда якеро интихоб кунад ва аз он пайравӣ дошта бошад. Касеро дар интихоб маҷбур намудан ва ё маҳдуд кардан мумкин нест. Дуюм, озодии эътиқоди динӣ,- пайравӣ кардан ба ҳар дине, сарфи назар аз табиат ва мазмуни он бо ихтиёр ва боварию эътимоди шахсӣ интихоб кардани ҷаҳонбинии динӣ. Нуктаи муҳими ин ҳақ озодона муайян намудани муносибати худ дар нисбати яке аз ҷаҳонбиниҳои динии мавҷуда аст. Сеюм, озодии виҷдон, — озодии пайравӣ кардан ба ин ё он дин ва ё накардан ба ҳеҷ як дин ва оине ва назари мустақил доштан ба ҳастии оламу одам. Ҷавҳари ин ҳуқуқ озодона бовар кардан ва ё накардан, пайравӣ кардан ва ё накардани инсон аз дине ва ё эътиқод доштан ё надоштан аст. Ин озодиҳоро мо дар ҷавҳари динҳо низ мебинем… Мантиқ ва ҳикмати ин озодии интихоб дар он аст, ки худи инсон озод офарида шудааст, ба ӯ ҳидоят мешавад, роҳ нишон дода мешавад, вале дар амал ӯ ба ақлу фаҳмиш, донишу идроки худ такя намуда, вобаста ба он масъулиятро ба дӯш мегирад. Маҳз ҳамин озодӣ ва ихтиёрдорӣ бори масъулиятро кашида, мизони адли сазоворро чӣ дар қонуни ҳуқуқӣ ва чӣ ҷаҳонбинии оқилонаи динӣ муайян менамояд. Чорум, озодии тарзи иштирок дар қонеъ намудани эътиқодоти динӣ,- танҳо ва ё дастаҷамъона, бо роҳи риоя кардани амалҳои муайян ва ё бидуни онҳо дар доираи фаҳмиш ва хостори худ. Панҷум, озодии ҳаққи иштирок дар маросим ва расму оинҳои динӣ.
Истифодаи ин озодиҳо ҳаққи табиии ҳар шахс аст. Дини мубини ислом низ дар эътиқоди инсон маҷбуркуниро раво намедонад, каломи раббонӣ «ло икроҳа фиддинӣ» яъне «маҷбур кардан дар дин раво нест» гуфтааст. Чунин ба ҳам омадани сатҳи озодии эътиқоди башарӣ ба талаботи динамон худ нишонаи ҷанбаи миллӣ ва умумиинсонӣ доштани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ҳар сокини кишвари мо бояд дарк намояд: ӯ дар кишваре сукунат дорад, ки ҳама гуна ҳуқуқ ва озодиҳо аз чаҳорчӯбаи муқаддасоти миллӣ, ки халқи Тоҷикистон дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, берун баромада наметавонад. Ин одоби сиёсӣ ва ахлоқии эътирофшудаи кулли давлатҳои мутамаддин ва ҷомеаҳои созанда аст. Муқаддасоти миллии мо, ки Қонуни асосӣ ҳифз карда ва кафолат додааст, қабл аз ҳама, истиқлолияти давлатӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои ҳар инсон, ваҳдат ва якпорчагии кишвар, эътироф ва муттаҳидӣ атрофи ғояҳои созандаи асосгузори давлати мустақили тоҷикон, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи сохти конститутсионии давлат аст.
Дар бораи озодиҳои динӣ ҳарф зада, вобаста ба авзои ҷаҳонӣ ва вазъи кишварҳои мусалмоннишин як нуктаи калидии моҷароҳои диниро васеътар таъкид намудан шарт ва зарур аст. Сарфи назар аз он ки дин ҳамчун ҷузъи фарҳанги ҷаҳонӣ аз қаъри ҳодисоти таърихӣ ба шаклгирӣ ва рушди фарҳангу тамаддунҳо таъсири мусбат гузошт, боварӣ ва эътиқоди инсонҳо дар бештари мавридҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ суиистифода мегардид. Намунаи бемислу монанди онро мо дар равандҳои ҷаҳонишавии манфиатҳои ғарбию шарқӣ дар олами муосир ва бетартибию кашмакашиҳои динию мазҳабӣ, ки эътиқоду эҳсосоти мазҳабии мардумро васеъ истифода намуда, динро ба воситаҳои муборизаи сиёсӣ табдил доданӣ мешаванд, хуб эҳсос мекунем.
Мо бояд хуб дар хотир дошта бошем, ки Дунёи куҳан, (Аврупо) баъди он ки дини худро ба сиёсат омехта намуд, на танҳо садди роҳи рушди илм ва пешравии фарҳанг шуд, инчунин ин қисмати оламро пайваста ба гирдоби муноқиша ва хунрезиҳои бардавом гирифтор карда, минтақаи бо номи Олиҳаи динӣ (Аврупо) шинохташударо анқариб ҳазор сол ба хун оғушта кард. Имрӯз ба онҳое, ки моҳирона истифода аз озодиҳои динӣ намуда, мехоҳанд дин ва мазҳаби моро ба гирдоби муборизаҳои сиёсӣ кашида, эътиқод ва имони моро ба манфиатҳои ғаразнок олуда созанд, бояд фаҳмонда шавад, ки ин дидгоҳ ва чунин олудасозии имону эътиқод муқобили мазҳаби аҷдодӣ, манфиатҳои миллӣ ва талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Яъне, дини мубини ислом ва эътиқоди мардумро аз чунин ғаразҳо ва махлутсозӣ ҳимоят бояд кард.
Тафаккури динию миллии мо, ки дар колбади мазҳаби ҳанафӣ ва андешаҳои хирадмандонаи пайравони мовароуннаҳрии он — Муҳаммади Шайбонӣ, Абуҳафси Кабири Бухорӣ, Абуҳафси Сағири Бухорӣ, Мотуридии Самарқандӣ, Абуҳакими Самарқандӣ, Абулайси Самарқандӣ, Бурҳониддини Марғелонӣ, Мавлонои Румӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон шакл гирифта, дар паҳнои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои миллии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон қомат афрохтааст, ба мақсад ва ниёзҳои сиёсӣ ва динии ҳама арҷ мегузорад, қадршиносии арзишҳои диниро аз ҷониби ҳар ҳизб хуб пазироӣ менамояд, вале суиистифода аз эътиқодоти динӣ ва эҳсосоти мазҳабиро дар фазои иттилоотӣ ва сиёсии кишвар қатъиян маҳкум менамояд.
Миллате, ки таърихи муосирашро месозад, вобаста ба шароити мухталифи ҷаҳонӣ вазифадор аст, таърихашро шиносад, фарҳангашро рушд дода, дин ва оинашро аз хатарҳои ҷаҳонӣ ҳифз намояд. Дар баробари ин масъулият дар назди наслҳои гузашта, гуногунандешии сиёсӣ ва фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ моро водор мекунад, сиёсати давлатро дар самти ҷашнгирии санаҳои бузургдошти шахсиятҳои оламшумули миллати тоҷик ва эҳёи арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии аҷдодон, ки ба табиати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, дуруст сарфаҳм рафта, ин иқдомҳоро ба тафохури таърихӣ, таърихпарастӣ ва куҳнапарастӣ табдил надода, ҳикмат ва ҷавҳари рушддиҳандаи онро дуруст қабул намуда, ҷиҳати арҷгузорӣ ва эҳёи арзишҳои созанда ва неки онҳо иқдом намоем.
Таърихи Тоҷикистони ҷавон ва шаҳодатномаи расмии он — Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарпарастии фарзанди содиқу вафодори халқ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ роҳи ноҳамвору пурпечу фарози давлатдорӣ, таъсиси низоми хуқуқӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, динӣ, дастрасӣ ба ваҳдат, суботи ҷамъиятӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ, муаррифии миллати соҳибдавлат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳияи шоҳроҳи зиндагии мардумро ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона муайян намуд. Бояд мунсифона гуфт, ки дастовардҳо дар ин муддати кӯтоҳ назаррасанд, вале имрӯзу оянда низ назди миллати давлатсоз мушкилию вазифаҳо кам нестанд ва мо инро бояд хуб эҳсос намоем.
А. Холиқзода, А. Раҳмонзода,А. Дамдор, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон