Машварати корӣ

№18 (3498) 11.02.2016

DSC_4918Даҳуми феврали соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи нигаронкунандаи минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои вобаста ба пурзӯр намудани омодагии доимии Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, ба мисли терроризму ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳ зоҳир гардид.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «ҳифзи боэътимоди марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз сохторҳои дахлдори кишвар беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва маҳорату малакаи баланди касбиро талаб мекунад».

Дар робита ба таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз тавсеаи ифротгаройӣ таъкид гардид, ки бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла бо омӯзгорон ва мактаббачагону донишҷӯён, намояндагони илму фарҳанг, ходимону олимони дин, сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва дигар фаъолони ҷомеа доир ба пешгирӣ аз гумроҳсозии наврасону ҷавонони ноогоҳ бояд ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.

Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ, истифодаи сарфакорона ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои моддию техникӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

www.president.tj