Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

Масъулон номаи шаҳрвандро баррасӣ карданд

№54 (3039) 06.05.2013

Рӯзномаи «Садои мардум» дар шумораи 12 феврали соли 2013 №18 номаи сокини шаҳраки Восеъ И. Раҷабовро таҳти унвони «Фиреби апа аз хона маҳрумам кард» нашр намуд.

Ин нома мавриди таваҷҷуҳ ва баррасии масъулон қарор гирифт, ки ҷавобҳои зер гувоҳи ин гуфтаҳост.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 феврали соли 2009 таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» номаи шаҳрванд И.Раҷабов бо номи «Фиреби апа аз хона маҳрумам кард», ки дар шумораи №18 (3003) рӯзномаи «Садои мардум» аз 12 феврали соли 2013 оид ба муддати тӯлонӣ ҳалли худро наёфтани аризааш дар Суди ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба нашр расидааст, бо омӯзиши маводҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар натиҷа, муайян гардид, ки аризаи даъвоии О.Раҷабова ва И.Раҷабов нисбати О.Муродов ва  Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Восеъ оид ба беэътибор донистани шартномаи ивази манзили истиқоматӣ ва кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ 26 июли соли 2012 ба Суди ноҳияи Восеъ ворид гардидааст.

Бо таъинот аз 27 июли соли 2012 аризаи даъвоӣ бинобар ба талаботи моддаҳои 134-135 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набуданаш беҳаракат мононда, барои ислоҳи камбудиҳо ба даъвогарон то 10 августи соли 2012 муҳлат дода шудааст. Баъди аз ҷониби даъвогарон ислоҳ накардани камбудиҳо аризаи даъвоӣ бозпас баргардонида шудааст.

Ҳамзамон аризаи даъвоии И.Раҷабов нисбати О.Раҷабова дар бораи бекор кардани шартномаҳои ҳадяи манзили истиқоматӣ 3 сентябри соли 2012 ба ҳамин суд ворид ва бо таъинот аз 6 сентябри соли 2012 бинобар ба талаботи моддаҳои 134- 135 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набуданаш беҳаракат мононда, барои ислоҳи камбудиҳо ба даъвогар то 21 сентябри соли 2012 муҳлат дода шудааст. Баъди аз ҷониби даъвогар ислоҳ накардани камбудиҳо аризаи даъвоӣ бозпас баргардонида шудааст.

Аз ҷониби даъвогар ба суди мазкур дигар аризаи даъвоӣ пешниҳод нагардидааст.

Ҳамин тариқ, ваҷҳи нома дар хусуси муддати тӯлонӣ ҳалли худро наёфтани аризаи даъвоӣ дар Суди ноҳияи Восеъ бо асосҳои зикршуда инкор мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 138 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани аризаи даъвоӣ барои муроҷиати такрории даъвогар ба суд вобаста ба ҳамин даъво нисбат ба ҷавобгар, оид ба ҳамин мавзуъ ва тибқи ҳамин асосҳо монеа шуда наметавонад, агар аризадиҳанда норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд.

Аз ин рӯ, ба муаллифи нома фаҳмонида шуд, ки ӯ ҳуқуқ дорад баъди ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта бо риояи талаботи Кодекси мазкур бо аризаи даъвоӣ ба суд муроҷиат намояд.

А.Н. ИСҲОҚОВ, муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

***

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки номаи Исуф Раҷабов — сокини шаҳраки Восеъ дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 12 феврали соли 2013 таҳти №18 (3003) бо унвони «Фиреби апа аз хона маҳрумам кард» бо ҷалби масъулони дахлдори ноҳия баррасӣ шуд.

Ҳангоми баррасии масъала маълум гардид, ки шаҳрванд Исуф Раҷабов сокини шаҳраки Восеъ ҳуҷҷатҳои дахлдорро омода намуда, барои бекор намудани шартномаи ивази манзили зист ба Суди ноҳияи Восеъ аризаи даъвоӣ пешниҳод намудааст ва дар рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҳамчунин шаҳрванд Исуф Раҷабов барои гирифтани қитъаи манзили зист ба Ҷамоати шаҳраки Восеъ аризаи хаттӣ навиштааст, ки мувофиқи ҷавобномаи раиси Ҷамоати шаҳраки Восеъ муроҷиати шаҳрванд оид ба гирифтани қитъаи замин аз 14 майи соли 2009 № 53 ба қайд гирифта, дар рӯйхати эҳтиёҷмандони қитъаи замини наздиҳавлигӣ номнавис карда шудааст.

 Р. ЛАТИПОВ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ