Афғонистон. захмҳо оё илтиём меёбанд?

№57 (3537) 30.04.2016

(Идома аз шумораҳои гузашта)

1Он ҷавони некбахт, ниҳоят самимӣ ва гармрӯву бо муҳаббат гуфт, ки  тарҷумони мушовири ҳизбии вилояти Ҳирот Қиёмиддин Абдуллоев аст ва соле пеш аз ман (1972) шуъбаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро ба поён расондааст.

Ман низ ёд овардам, ки  Қиёмиддин гузоришгари футбол дар радиои Тоҷикистон буд.

Ва ӯ фавран маро бо мушовири ҳамроҳаш, ҳамон марди ҳузарб, аммо зоҳиран вақтхуш, ки муроқиби гуфтугӯи хеле фишурдаи мо буд, муаррифӣ намуд.

Григорий Александровичи сурхинарӯй ва шоду шангул дубора дасти маро фишурда, «очень рад», — гуфт ва дар ҳамин дам Купратий низ ҳозир шуд ва пеш аз ҳама ба Қиёмиддин гарму нарм ҳолу аҳвол пурсид ва изҳор намуд, ки вай аллакай бо ман ошно аст. Бояд ӯ (яъне банда – М. Ш.) ҳоло тавассути УАЗИК-и Халили афғон ба ҳутали Ҳирот биравад. Имшаб дам гирад, пагоҳ ҳамроҳи сарбозони афғонӣ равонаи маркази Бодғис шавад.

- Киё, — ба Қиёмиддин муроҷиат кард Купратий, — ты помоги ему и объясни…

Киё аввал сухани сармушовир Купратийро бурид, баъд қотеъона дастури ӯро рад карда, гуфт, ки тарҷумони нав ҳамшаҳру рафиқи дерини ӯст. Сонӣ, журналистест, ки ӯро дар ҷумҳурӣ ҳама мешиносанд. Чаро ҳутал равад, дар ҳоле ки мо ин ҷо утоқи алоҳидаи меҳмонпазирӣ дорем?

- Как скажешь, дорогой Киё, – фавран ризоият дод Купратий ва ба ронандаи афғон – Халил, ки шоҳиди гуфтугӯйи мо буд, дастур дод, то ба манзилаш биравад.

- Совершенно верно! — аз чунин тасмим мушовир Александрович ҳам хушнуд шуд ва дасти навозиш ба китфи тарҷумонаш Киё гузошт. Дар ҳамин ҳин он ду ҷавонаки сиёҳҷурдаи теннисбоз дав-давон омада, таъзимкунон ба Қиёмиддину он ду мушовир ба забони тоҷикиву русӣ арзи салом намуданд. Киё ҷомадони мустари маро аз замин бардошта, ҳамаро ба меҳмонӣ даъват кард ва Вакуленкою Купратий даъвати «Киёи худро» бо камоли майл пазируфтанд.

Фақат ҳамин лаҳза дуди ғами ғализ чорхеззанон аз сина бадар рафту нишоти ботинии ман як бар даҳ афзуд: дар шоми тира ва шаҳри ноошнову ноором бародареро Худо бароям расонд, ки гӯё аз пистони як модар шир хӯрдаем. Эҳсос кардам, мушовирони русро, ки раҳнамову машваратчии афғонҳоянд, сарвару роҳнамо мутарҷими тоҷик Қиёмиддин Абдуллоев аст. Ҳар чӣ фармуд, Купратий ва Вакуленко бо посухи «есть, Киё, есть Киё» бо дилу ҷон ба ҷо оварданд. Худ ба худ болидам ва андешидам: ин Киёи азиз чунин иззату икромро дар назди мушовирон, ки маъмулан иззатталаб ва баъзе аз онҳо хеле мағруранд, аз чӣ тариқе ба даст овардааст?

… Ман вориди манзили зисти дӯсти гиромии худ гардида, акнун истакони чойи сард ба лаби хушку парсинбаста мебурдам, ки як тан аз ҳамон ҷавонони теннисбоз ҳаш-ҳашкунон омад ва «мужда» расонд:

- Ба сармушовир гӯед, ки душманон «УАЗИК»-и Халилро дар пушти ҳамин манзил – дар сари роҳи калон тирборон карданд. Тибқи иттилои сарбозони афғон Халили шофёр сахт захмӣ ва беҳуш аст, мошинаш ҳам пора-пора.

Садои мусалсал хомӯшии муваққати шоми тираи Ҳиротро дубора мадҳуш сохт ва Киё ба мушовирину дигар масъулин супориш доданд, ки Халили захмию мадҳушро зуд ба бемористони низомӣ бибаранд.

Киё боз як истакон чойи сард ба ман дароз кард ва бо тақлид ба бародарони афғонӣ шӯхиомез лабханд зад:

- Инқилоб аст дига… Пеш меояд чунин ҳаводис, чӣ гуфтӣ, рафиқ тарҷумон?

Вале мани комилан буҳтзада ва ноошно ба ин муҳит намедонистам, ки чӣ бигӯям.

 

Базми Ҷамшедии Киё

 

Шоми 28-уми апрели соли 1981 Қиёмиддин ба муносибати омадани тарҷумони ҷадид дар хонаи зисти худ дар Ҳирот зиёфат орост. Ӯ ба ҷуз ду мушовири ҳизбӣ – Купратий Владимир Иванович ва Вакуленко Григорий Александрович ашхоси зеринро ба ин нишаст даъват карда буд: мушовири Созмони ҷавонон дар вилоятҳои минтақаи Ҳирот Геннадий Калуженко ва тарҷумони ӯ – Рашид, афсари кашф, майор Давлат Гулматов, ду мушовири низомии Шӯравии муқими ҳамин шаҳрак бо хонумони паричеҳраашон, инчунин ҳамон ду ҷавони теннисбоз, ки яке Одина ва дигаре Нор ном доштаанд.

Мизи зиёфати Қиёмиддин бо анвои меваҳои афғонию покистонӣ: банан, ананас, афлесуну мандарину норанҷ, конфетҳои русӣ, ҳасиби хушку қазӣ ва якчанд намуд аз нӯшокиҳои алкуливу кококолаву  пепсикола зинат ёфт. Ман аз ҷомадони саргардони хеш кулчаву кишмишу бодому ғулинг, лимӯ ва дигар савғоҳои тоҷикиро берун оварда, рӯйи миз чидам. Соҳибхона гаштаву баргашта исрор мекард, ки тӯшаҳои ватанро даст нарасонам, зеро дар Бодғис тӯшахӯрҳо кам нестанд.

Русҳоро, ки зотан мардуми зиндадил, чолок, хушиштӣ ва зиёфатдӯстанд, хони ғаниву  пурнеъмат беш аз мо ба ваҷд овард. Мушовири Қиёмиддин – Вакуленко дарҳол вазифаи соқигиро ба даст гирифта, даст ба гардани шишаҳо андохт. Қул-қули сӯроҳӣ авҷ гирифт. Барои оқоён арақ ва ба қадаҳҳои бонувони русӣ майи сурх – коняк, вино ва шампон рехт. Соқӣ амр кард:

- Биёед, ба хотири ташрифи тарҷумони нав, журналист, ҳамшаҳрӣ ва дӯсти Киёи мо – Мирзо Шукурович менӯшем!

Бонги париши сарпӯши шампон ба фалак печид. Диққати ҳама лаҳзае ба банда ҷалб шуд. Бонувон бо кундӣ ва мардҳо бо тундӣ қадаҳҳоро ба сар кашиданд. Анвои ғизои ранг ба ранг: гӯшти бирёну моҳиву палавро Киё бо кӯмаки Нору Одина аз ошпазхона меоварду базмро метафсонд. Аҳмад Зоҳиру Гугушу Алла Пугачёва аз тариқи сабт бо сурудҳои сеҳрангезашон маҳфили моро оро медоданд, ҳамаро ба парвоз – ба рақс мехонданд.

Ҳеҷ гумон надоштам, ки дар Ҳироти аз ҳад зиёд ноором кадхудое ба нохост пайдо шуда, мани танҳову ношиносро бо чунин иззату икром истиқбол мегирад ва базми ҷамшедӣ меорояд. Ба қавли русҳо, «жизнь не бывает без добрых людей». Мо, тоҷиконро маъмулан дар чунин мавридҳо ҳикматест, ки мегӯем: Худо хораш намекунад касеро, ки худ азизаш карда бошад.

Раиси маҳфил Григорий Александрович баъди нӯшидани чанд қадаҳ пешниҳод кард, ки қабл аз тановули палав берун оем ва яктогӣ сигор бикашем. Таклифи ӯ пазируфта шуд. Ҳама пасу пеш ба саҳни манзил баромадем. Ситораҳо дар осмони Ҳирот аз қабати шоху барги дарахтони коҷ чун ақиқ медурахшиданд. Шамолаке мевазиду рӯю мӯйҳоро менавохт. Банда бо дили беғам сигоркашон аз кадхудои манзил – Қиёмиддин хоҳиш кардам, ки ҳамон ду тоҷики теннисбоз, Одинаву Норро пеш орад ва муаррифӣ намояд. Аз зери оринҷашон дошта, дарҳол ҳар дуро ба шафати ман хонд ва номашонро ба забон оварда, гуфт:

- Ҳар ду тарҷумони ҳарбӣ ва ҳамшаҳриёни худат ҳастанд. Яке Нори фалғарӣ, дигаре Одина, ки аз Панҷакент аст.

Дастҳояшонро ба силтав фишурда, дандон гиз кардам:

- Садқаи одамгарии Қиёмиддин шавед, ҳардут!

Ҳар ду лому миме нагуфтанд.

(Давом дорад)

Мирзо Шукурзода, 

нависанда