САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ВАҲДАТ

№73 (3553) 07.06.2016

27449Чоруми июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт.

 Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз иштирок дар мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави истиқоматии панҷошёна дар маркази шаҳр оғоз гардид.

Бинои баландошёнаи истиқоматию хизматрасонӣ дар давоми 18 моҳ аз ҷониби соҳибкор Файзиев Инъомҷон бо фарзандони тоҷираш бунёд гардида, идомаи тадбирҳои муваффақи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши дастгирии соҳибкории хурду миёнаи ватанӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар мавзеи ин бинои баландошёна манзили якошёна ҷой дошт, ки барои соҳибмулк зиндагӣ бо фарзандону наздикон дар он аз лиҳози масоҳат ва ҳуҷраҳои зист носозгор буд. Бо истифодаи оқилонаи замини дар ихтиёрдош­та соҳибкор на танҳо дар таъмини наздикону пайвандони худ бо ҷойи зист, ҳамзамон дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони шаҳр муваффақ гардид.

Дар ошёнаи якуми бино ошхонаи замонавӣ дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва дар ошёнаи сеюм коргоҳи дӯзандагӣ барои касбомӯзии панҷоҳ нафар ҷавондухтар бунёд гардида, ошёнаҳои чорум ва панҷум ҳамчун манзили зист пешбинӣ шудааст.

Дар бинои хушсохт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни хурсандии 10 ҷуфт навхонадор ва хатнатӯйи 24 нафар фарзанди ятим ва аз оилаҳои камбизоат иштирок карда, онҳоро ба муносибати санаҳои таърихии давлату миллат- Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави Нозироти андози шаҳр иштирок кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро ба кормандони соҳаи андози шаҳр туҳфаи арзишманди роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, онҳоро ба меҳнати садоқатмандона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат то имрӯз дар бинои фарсуда, дар шароити начандон хуби меҳнатӣ фаъолият карда, аз норасоии ҳуҷраҳои корӣ ва техникаву таҷҳизоти зарурию муосири соҳавӣ танқисӣ доштанд.

Бинои нави мақомоти андоз аз се ошёна иборат буда, бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст ва муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла 18 утоқи кории барҳаво, маҷлисгоҳ, таҳхона, ошхона ва идораи бойгонӣ дошта, утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ таъмин мебошанд.

Дар ошёнаи якуми бино толори алоҳида бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, шинос шаванд.

Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фармоишгар Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат ва пудратчӣ Кооперативи тиҷоратии «Дилшод» дар давоми 16 моҳ сохта, ба истифода дода шуд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат ва он ҳам бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун карда, ба беҳдошти фаъолияти кормандони соҳа, хусусан иҷрои нақшаи ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки тамоми сарчашмаҳои мавҷуда мусоидат менамояд.

Дар деҳоти «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд»-ро ифтитоҳ намуд.

Ин корхонаи калони саноатӣ бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи саноати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абуалӣ Исматов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд шудааст. Коргоҳ идомаи хати истеҳсолии корхонаи ғанигардонии маъдани Покрӯд, воқеъ дар деҳоти «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ аз соли 2014 оғоз гардида, дар марҳилаи аввал дар як шабонарӯз 65 ва дар як сол 21 450 тонна консентрати флотатсионӣ коркард мешавад. Баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм иқтидори коркарди маъдан ба 130 тонна дар як шабонарӯз ва дар як сол ба 42 900 тонна мерасад. Пас аз коркарди пурраи маъдан дар корхонаи металлҳои ранга тиллои тоза истеҳсол мешавад.

Дар навбати аввал дар корхона дар як сол 1300 кило ва дар марҳилаи дуюм беш аз 2000 кило тиллои холис истеҳсол мешавад.

Дар ҳолати бо иқтидори пурра фаъолият кардани коргоҳ шумораи коргарон низ афзун мегардад. Айни ҳол дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» дар маҷмӯъ беш аз 900 нафар кор мекунанд, ки 600 нафари онҳо мутахассисони маҳаллӣ ва боқимонда шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Музди миёнаи кормандон ба 3200 сомонӣ баробар аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо технологияи коркард ва истеҳсоли тилло ба соҳибкорони ватанӣ барои истифодаи самараноки неъматҳои моддии кишвар дастуру ҳидоятҳо дод.

Баъди ифтитоҳи корхонаи нав ва шиносоӣ бо иқтидори истеҳсолии он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони коргоҳ ва шумораи зиёди фаъолони шаҳри Ваҳдат мулоқоти самимӣ доир кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ифтитоҳи корхонаи металлҳои ранга ва дигар иншооти муҳимро, ки дар шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ба сокинон муборакбод гуфта, ба онҳо барои пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кардани Корхонаи металлҳои қиматбаҳо ва Корхонаи ғанигардонии маъдан дар шаҳри Ваҳдатро аз ҷумлаи иқдомҳои созандае арзёбӣ кард, ки баробари тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, ҳамчунин дар масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ аҳамияти назаррас доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Баталёни навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба ҳайати шахсии он Сипоснома ва Байрақи ҷангӣ тақдим намуд.

Зимни ворид гардидан ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа, генерал-майор Эмомалӣ Собирзода тибқи қоидаҳои низомиён истиқбол гирифт.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати шахсӣ арзи салом намуда, сипас маросими супоридани Байрақи ҷангӣ шурӯъ гардид.

Бояд гуфт, ки Байрақи ҷангӣ ба полкҳо дивизионҳо, қисмҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар воҳидҳои алоҳида супурда мешавад, зеро Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ рамзи ифтихор, шуҷоат ва шаъну шарафи ҳарбӣ мебошад.  Он барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ баёнгари хизмати садоқатмандона ба Ватан, мардонавор ва моҳирона муҳофизат намудани он, суботкорона мудофиа кардани ҳар як ваҷаб хоки Ватан ва барои ин мақсад дареғ надоштани хун ва ҳатто ҳаёти худ мебошад.

Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ дар давраи мавҷудият сарфи назар аз тағйири ному рақами он, дар қисми ҳарбӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Тағйири ном ва рақами қисми ҳарбӣ бо Сипосномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми супоридани Байрақи ҷангӣ тақдим мегардад, ворид карда мешавад.

Баъд аз тақдими Байрақи ҷангӣ ҳайати шахсии қисми низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карданд.

Баъд аз садои додани Суруди миллӣ командири қисми низомӣ чун оини низомиён таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва бо қадамҳои мутантан Байрақи ҷангиро аз назди ҳайати шахсӣ гузаронида, онро дар сафи пеш қарор дод.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии баталёни таъиноти махсус суханронӣ намуд.

Баъд аз суханрониҳо бо амри сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид.

Сохтмони Баталёни таъиноташ махсус бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми соли 2014 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ, яъне, давоми камтар аз ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии иҷрогардида, барои бунёду азнавсозии баталёни мазкур дар марҳилаи аввал 16 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он дорои тамоми шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ аст.

Дар дохили он иншооти гуногуни ёрирасон, аз қабили ситод, хобгоҳи кушоду барҳаво, ҳаммоми сарбозӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаи дидорбинии волидон, ошхонаи замонавӣ, ки дар як баст метавонад беш аз 200 нафарро фаро гирад, сохта шудааст. Илова бар ин, толори маҷлисӣ бо 400 ҷойи нишаст,  анбори озуқаворӣ, хонаҳои хизмати маишиву фароғатӣ, нишастгоҳҳо, майдончаҳои сафороиву қадамзанӣ, техникӣ, тактикиву оташфишонӣ, толору шаҳракҳои муҷаҳҳази варзишӣ, парки автомобиливу техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар иншооти аҳамияти ҳарбидошта иборат аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Архуи деҳоти «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш дидан намуд.

Дар ин ҷо кишоварзону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ба номи Нӯъмон Розиқ, Карим Исмоилов, Абдулло Абдулвосиев, Раҷаб Исмоилов, «Симиганҷ» ва «Гулистон» намунаи маҳсули меҳнати худро муаррифӣ карданд.

Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуд.

Зикр шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа ва кишвар бевосита аз фаъолияти босамари деҳқонон вобастагӣ дорад.

Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки кишоварзони шаҳри Ваҳдат имсол аз кишти ғалладонагиҳо, боғҳои мавҷуда ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, барои таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми назаррас хоҳанд дошт.

Зимни суҳбат бо деҳқонон зикр гардид, ки соли равон дар шаҳри Ваҳдат 15 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 8 кооперативи истеҳсолӣ ва 6 ҳазору 999 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар майдони 17 ҳазору 587 гектар ғалладонагӣ, сабзавот, полезиҳо, пахта ва дигар намуди зироатро кишт намуданд, ки аз нашъунамо ва ҳосили фаровони онҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки иқлими Тоҷикистон барои парвариши сабзавоти барвақтӣ, кишти такрории сабзавот, зироатҳои лӯбиёгӣ, полезӣ ва хӯроки чорво хеле мусоид аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалла кишти такрории зироати кишоварзӣ авҷ мегирад.

Гуфта шуд, ки хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ваҳдат баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин помидору бодиринг, карам, пиёз, сабзӣ, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо содирот мекунанд.

Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии шаҳр, то охири мавсим зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содирот мешавад.

Ба гуфти хоҷагидорон, маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавоту полезиҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, дар хориҷи кишвар талабгорони бештар доранд, зеро маҳсулоти кишварзии Ватани офтобрӯяи мо аз ҷиҳати экологӣ тоза арзёбӣ мешавад.

Ҳамзамон, дар соли равон деҳқонони шаҳри Ваҳдат тибқи дурнамо дар майдони 27 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом низ дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд.

Соҳаҳои чорводорӣ ва моҳипарварӣ низ бевосита бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давоми даҳсолаи охир рушд кард. Дар намоишгоҳи мазкур хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда ва намудҳои гуногуни моҳиро ба маъраз гузоштанд.

Аз ҳамовозии васеъ пайдо намудани таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи пурсамари замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо умеду боварии комил метавон гуфт, ки деҳқонони шаҳри Ваҳдат баҳри татбиқи ин ҳадафҳо камари мустаҳкам бастаанд ва амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар таъмин мегардад.

Дар намоишгоҳи сокинони шаҳри Ваҳдат, ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва ғайра муаррифӣ шуд.

Таъкид гардид, ки барои рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Аз ҷумла ташкили маҳфили омӯзиши ҳунари зардӯзӣ аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Сайёр» дар деҳоти «Гулистон», маҳфили тарроҳӣ ва дӯзандагӣ дар назди Маркази эҷодии кӯдакону наврасон, сабадбофӣ аз ҷониби соҳибкор Матлуба Асоева дар эҳё ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки роҳандозии маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ дар шароити хона ва таъсиси корхонаҳои хурд барои ҳунармандон манфиатовар буда, бо ин восита даҳҳо ҷойи нави корӣ барои занону духтарон муҳайё мегардад.

Ҳамчунин, дар як гӯшаи махсуси ин намоишгоҳ кадбонуҳои ҳунарманд таомҳои гуногуни хушлаззатро омода ва пешкаши меҳмонон карданд.

Дар ин ҷо ҳамзамон гиёҳшинос ва табиби мардумӣ Маҳмадрасул Иброҳимов гулу гиёҳҳои шифобахши дараи Ромитро ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.

Дар ин минтақаи кӯҳӣ тақрибан 100 намуди гулу гиёҳҳои шифобахш, аз қабили кокутӣ, ҷамилак, ҳазориспанд, алпамодиён, тахач, бобуна, ишим, зирк, коснӣ, хуч, чойкаҳак, пӯдина ва шибити кӯҳӣ мерӯянд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои ҳифз ва ҷамъоварию коркарди гиёҳҳои шифобахш бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Ба андешаи табибон, тайёр намудани ҳар гуна маводи доруворӣ аз гиёҳҳо ва пешниҳоди он ба мардум басо манфиатовар хоҳад буд, зеро дар вақти коркарди пурра ҳамчун доруворӣ ва бастубанди гиёҳҳо маводи кимиёвӣ истифода намешавад.

Бо мақсади ташвиқу тарғиби гиёҳҳои шифобахш ва аз онҳо тайёр намудани доруворӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби гиёҳшинос ва табиби мардумӣ Маҳмадрасул Иброҳимов корхонаи инфиродии «Шаҳди шифо» таъсис дода шудааст.

Бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» ба фаъолият шурӯъ кард.

Корхонаи мазкур барои коркарди маъдани кӯҳӣ, ки аз он тиллои хушсифат истеҳсол мешавад бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ҳамкорӣ бо мутахаассисони Ҷумҳурии мардумии Чин бунёд гардидааст. Тибқи хулосаи мутахассисони соҳа, захираи тилло дар минтақа барои 35 сол пешбинӣ гардидааст. Дар марҳилаи аввали фаъолият корхона имкон дорад, ки дар як рӯз 2 ҳазор тонна маъдани кӯҳиро коркард намуда, аз он 2 тоннаю 492 килограмм тиллои хушсифати навъи 935 истеҳсол намояд, ки дар бозори ҷаҳонӣ арзиши гарон дорад. Дар марҳилаи дуюм бошад, истеҳсоли тилло ба беш аз 3 тонна расонида мешавад.

Дар он технологияи ҳозиразамони саноатӣ истифода гардида, муҳити зистро аз заҳролудшави эмин медорад. Дар наздикии майдони маъданӣ як чанд деҳа мавҷуд аст, ки аҳолии ин деҳаҳо низ ба корҳои иктишофӣ — геологӣ ва истихроҷ иштирок карда истодаанд. Дар маҷмӯъ, 715 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аз ин шумора 510 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 205 нафарро мутахассисон аз Ҷумҳурии мардумии Чин ташкил медиҳанд. Ҳангоми пурра ба роҳ мондани  фаъолияти корхонаи мазкур имкон аст, ки 2 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ, маоши хубу се вақт хӯроки гарм ва сару либоси корӣ таъмин гарданд. Гуфта шуд, ки дар корхона барои хизматрасонии тиббӣ ба кормандон бунгоҳи тиббии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият мекунад. Дар баробари ин, гурӯҳӣ наҷотдиҳандагон ташкил гардидааст, ки мутахассисон дар ҳолати рух додани садама дар нақбҳо ва дигар ҳолатҳо наҷотбахширо сари вақт анҷом медиҳанд.

Барои омӯзиши таркиби маъданҳои ихроҷшуда озмоишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар баробари мутахассисони чинӣ ҷавонони тоҷикистонӣ низ ба кор ҷалб гардидаанд. Ба Сардори давлат иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбканӣ аз соли 2012 оғоз гардида, то ба имрӯз 19 ҳазор метри тӯлонӣ иҷро гардидааст. Тибқи нақша ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди корхонаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд»  256 милион доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда ва фаъолияти хуби мутахассисони корхонаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам хуб ба роҳ мондани корҳои иктишофӣ — геологӣ ва истихроҷу истеҳсол дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳор дошт, ки неъматҳои табиӣ бояд ба манфиати миллату давлат истифода шавад.

 www.president.tj