Тақсимоти хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чоруми июни соли равон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд. Муовини якуми ректор Сафаралӣ Гадоев гуфт, ки имсол донишгоҳро 1744 нафар хатм мекунанд, ки аз онҳо 555 нафар тариқи буҷаетӣ таҳсил кардаанд. Иттилоъ доданд, ки соли равон барои 1179 ҷойи кори холӣ дархост ворид шудааст. Бино ба гуфти номбурда, дархости корхонаву ташкилотҳо ва муассисаву идораҳо барои қабули кадрҳои соҳаи муҳандисӣ нисбат ба солҳои гузашта ду-се маротиба зиёд буда, дар ин замина таъмини хатмкунандаҳои донишгоҳ бо ҷойи кор ҳалли худро ёфтааст, зеро 600 нафар хатмкунанда барои таҳсил дар зинаи магистратура ҷалб шуда, боқимонда метавонанд ба корхонаву идораҳои дархостнамуда муроҷиат намоянд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки барои ҷалби хатмкунандагон ба кор намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази барқу гармидиҳӣ, КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», филиали Донишгоҳи энергетикии шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе ва дигар ташкилоту идораҳо ҳавасманд мебошанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»