Дар деҳаи Пистамазори деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 5 синфхонаи иловагӣ барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳии бинои нави муассиса раиси ноҳия Почохон Зарифзода, мудири шуъбаи маориф Р. Содиқов ва бошандагони деҳа суханронӣ карданд. Қайд гардид, ки дар то ин дам дар муассисаи мазкур таълиму тарбия дар се баст қарор дошту хонандагон шароити хуб надоштанд. Акнун муассиса дар ду баст фаъолият мекунад.
Соҳибкори маҳаллӣ Сулаймон Шамсов бошад, аз ҳисоби худ барои омӯзгорон 5 адад барои хонандагон 100 адад мизу курсӣ ва 5 адад тахтаи синфӣ харидорӣ намуд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»