15 августи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар робита ба Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе», ки дар доираи 130 рӯзи ободонӣ то 12 августи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳр ҷараён дошт, зикр намуд, ки дар ноҳияи Сино бояд дар муҳлати боқимонда зери масъулияти шахсии раиси ноҳия иҷрои муқаррароти қарори марбута бо сафарбарсозии оммавии сокинони шаҳр ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт таъмин карда шавад.
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки новобаста аз фарҷомёбии муҳлати 130 рӯзи ободонӣ, дар ҳудуди шаҳр ба таври бебозгашт ин сабқати созандагӣ идома меёбад ва дар марҳилаи дуюм корҳои бунёдӣ дар қитъаҳои замини минтақаҳои аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ холишуда, тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва нақшаи муфассали тарҳрезии маҳалҳо баҳри ташкили шароити арзанда барои истироҳату хизматрасонии сокинон роҳандозӣ карда мешаванд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки сохторҳои дахлдор барои пешгирии ғасби худсаронаи қитъаҳои замини аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ холишуда назоратро пурзӯр намоянд ва раисони ноҳияҳо оид ба ҷуброни хароҷоти масрафшудаи буҷетӣ аз ҳисоби шахсони воқеию ҳуқуқии ихтиёран иншооти худсохтро бартарафнакарда ба воситаи мақомоти судӣ ҷиҳати рӯёнидани зарари расида тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин, бо дахли масоили солимгардонии ҷомеа ва истифодаи мақсадноку ҳифзи моликияти коммуналӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзишии дар шаҳраку маҳаллаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёдшуда, ба масъулин супориш дод, ки баҳри худкифо намудани Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти оммавии варзишӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаи дар соатҳои алоҳида расонидани хизмати пулакиро дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда баррасӣ намуда, таклифҳои асоснок манзур созанд.
Дар ҷаласа, инчунин масоили дигари мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳимояи ҳуқуқу амнияти истеъмолкунандагон, назорати давлатии сифати маҳсулоти озуқавории ба бозори истеъмолӣ воридшаванда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои пулакӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, назорати маблағҳои буҷетии дар асоси тендерҳо дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо азхудшаванда ва дар ин равобит пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба изофанависиҳо зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавии лоиҳаҳои сохтмонӣ аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, пешгирии ҳолатҳои худсарона буридани дарахтони сабз, коркарди санитарии дарахтон дар кӯчаву хиёбон ва боғоту чаманзорҳои пойтахт, ороиши шаҳр ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хилофкорони қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ матраҳ карда шуданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вусъати ташкили корҳои оммавӣ ҷиҳати омодасозии бинову иншоот ба қабули гармии мутамарказ дар мавсими зимистон ҷалб сохта, ҳамаро барои саҳмгирӣ дар сабқати созандагӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват намуд.
Ш. Саидов