Таваҷҷуҳ ба ятимону бепарасторон ва дастгирии моддии онҳо амали неку кори савоб ба ҳисоб меравад.
Дар арафаи соли нави хониш соҳибкор Толибҷони Маҷид аз шаҳри Хуҷанд ба 25 нафар толибилмоне, ки ба синфи якуми муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 14, 8 ва гимназияи ба номи Б.Ғафурови шаҳри Гулистон мераванд, асбобу ашёҳои хониш тақдим намуд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»