Масъалаи беҳбуд бахшидани шароити хизмати ҳарбии сарҳадбонон ҳамеша зери назари роҳбарияти мамлакат қарор дорад.
Аз ин ҷост, ки шароити дидбонгоҳҳои сарҳадӣ рӯз то рӯз беҳтар гардида, ба талаботи замони муосир мутобиқ мегардад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои отряди сарҳадии «Ғончӣ» мисоли ин гуфтаҳост. Отряди сарҳадӣ дорои утоқҳои корӣ, ситод, хобгоҳ, ошхона, хонаи фароғатӣ, корвонсарой, ҳаммом, бино ва шаҳрчаи қаровулӣ буда, бо сифати баланд сохта шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов ширкат варзиданд. Қоҳир Расулзода дар суханрониаш аз ҷумла зикр дошт, ки соли равон тибқи нақша аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо дар қаламрави вилоят 17 иншооти муҳим, ки ба беҳтар шудани шароити хизмати ҳарбӣ ва инфрасохтори сарҳадӣ мусоидат менамоянд, бунёд меёбанд.
Ба наздикӣ корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии «Чилмаҳрам» — и ноҳияи Ашт, хонаи афсарони дидбонгоҳи сарҳадии «Фармонқӯрғон» -и ноҳияи Спитамен ба фарҷом мерасад.
Ҳамзамон, тибқи қарори раиси вилоят, барои бунёди иншооти зарурии дидбонгоҳи сарҳадии «Ворух» — и шаҳри Исфара аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»