Аз гузориши раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ дар нишасти матбуотӣ (24 январ) маълум гардид, ки соли 2016 қисми даромади буҷети ноҳия 35 миллиону 786210 сомонӣ, қисми хароҷот 36 миллиону 888282 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пеш мутаносибан 1 миллиону 906274 сомонӣ ва 4 миллиону 482744 сомонӣ зиёд аст. Ба буҷети ноҳия аз ҳисоби андозу дигар пардохтҳо ба ҷойи 14 миллиону 787940 сомонӣ 15 миллиону 467205 сомонӣ ворид гардидааст, ки ба 105 фоизи нақша баробар аст.
Раиси ноҳия ва дигар масъулон танҳо аз дастовардҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмони марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, толорҳои варзишӣ ва таъмири роҳҳо, ҳарф заданд, вале аз камбудиҳо ёдовар нашуданд. Ҳол он ки камбудиҳоро сари ҳар қадам мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ҷумла, вазъи санитарию эпидемиологии муассисаҳои томактабӣ, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ чандон ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар ноҳия 20 чоҳи амудӣ мавҷуд аст, вале 3 адади он коршоям мебошад. Бинобар набудани доруворӣ дар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳот аз ҷониби табибон ба беморон ёрии аввалияи тиббӣ сари вақт расонида намешавад. Бо сабаби корношоямии иншооти гармидиҳӣ ҳуҷраҳои беморхонаи марказии ноҳияро тавассути печҳои барқӣ гарм мекунанд, ки ба талафоти зиёди қувваи барқ оварда мерасонад.
Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, ки масъулини ноҳияи Файзобод дар баробари «дастовард»- ҳо маркази ноҳияро сари вақт аз партовҳо тоза мекарданд ва пеши роҳи савдои кӯчагиро мегирифтанд. Дар он сурат Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия давоми сол 205 нафар шахси воқеию ҳуқуқиро барои вайрон кардани талаботи санитарӣ 14160 сомонӣ ҷарима намекард ва раиси ноҳия аз суолҳои хабарнигорон ба эҳсосот дода намешуд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»