Ба рӯзномаи «Садои мардум» ҷавоб омад

Иштирокчиёни парванда метавонанд ба суди болоӣ муроҷиат кунанд

№72-73 (3057-3058) 14.06.2013

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» мақолаи «Кӣ ҳақ аст? Инро танҳо суд муайян мекунад», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 19 апрели соли 2013 таҳти №48 (3033) нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Муайян гардид, ки аризаи даъвоии намояндаи даъвогар Қаҳоров Ф.Р., Норматов М. (ваколатнома таҳти №4477 аз 21 майи соли 2009) нисбати Асророва Д.Ғ. оиди бекор кардани ақди никоҳ 30 июни соли 2009 ба истеҳсолоти Суди шаҳри Истаравшан қабул шуда, аз 20 июли соли 2009 бо ҳалнома даъвои мазкур гардонда мешавад.

Даъвогар такроран дар ҳамин хусус 10 майи соли 2011 ба суд муроҷиат намудааст. Аз ҷониби суд барои барқарор намудани оила тадбирҳо андешида, бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 11 июли соли 2011 ҷиҳати оштишавии тарафҳо шаш моҳ муҳлат пешниҳод карда, пас аз он 20 январи соли 2012 ақди никоҳи ҳамсарон бекор карда шудааст.

Дар асоси шикояти кассатсионии ҷавобгар бо Қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди вилояти Суғд аз 26 апрели соли 2012 ҳалномаи зикршуда бекор карда, парванда барои баррасии нав ирсол гардида, дар асоси таъинот аз 5 июни соли 2012 суди марҳилаи якум ба тарафҳо ду моҳ муҳлати оштишавӣ таъин намудааст.

Бо мақсади барқарор намудани оила суд такроран 7 сентябри соли 2012 ду моҳ муҳлати оштишавӣ пешниҳод намуда, 12 ноябри соли 2012 бо асосҳои дар ҳалнома зикргардида даъво қонеъ гардонида, никоҳи Қаҳоров Ф. ва Асророва Д. бекор карда мешавад.

Ҷавобгар Асророва Д. 7 декабри соли 2012 нисбати ҳалнома шикояти кассатсионӣ оварда, бо қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди вилояти Суғд аз 8 январи соли 2013 ҳалномаи мазкур бетағйир мононда шудааст.

Инчунин аз 23 декабри соли 2010 бо ҳалномаи суд аз ҳисоби Қаҳоров Ф. ба фоидаи Асророва Д. барои таъминоти ду нафар кӯдакаш ҳар моҳ ба тариқи устувор 80 сомонигӣ, ҷамъ 160 сомонӣ ва то синни сесолагӣ расидани кӯдакаш — Фархунда 40 сомонигӣ алимент муқаррар гардидааст. Сипас, дар асоси аризаи даъвоии Асророва Д. оид ба зиёд намудани миқдори алимент аз 12 ноябри соли 2012 аз ҳисоби Қаҳоров Ф. ба фоидаи Асророва Д. барои таъминоти кӯдаконаш 200 сомонӣ, яъне барои ҳар як кӯдак 100 сомонӣ бо тариқи устувор, то ба балоғат расидани кӯдакон аз манбаъҳои даромади ҷавобгар рӯёнида шудааст.

Вобаста ба ваҷҳҳои мақола, дар хусуси он ки Суди шаҳри Истаравшан беасос никоҳи духтару домодашро бекор кардааст, қобили зикр аст, ки ин ҳолатҳо аз норозигӣ бо санадҳои судӣ шаҳодат дода, дар ин маврид тибқи талаботи моддаи 136 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷиши қонунӣ будани санадҳои судие, ки судҳои поёнӣ қабул кардаанд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз тарафи суди болоӣ сурат мегирад.

Бинобар ҳамин, дар сурати норозӣ будан бо санадҳои судӣ шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд, бо риояи талаботи қонунгузории мурофиавӣ ба судӣ болоӣ муроҷиат намоянд.

М.С. ҚАЛАНДАРОВА,

муовини раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон