Ба фарҳанги нави шаҳрнишинӣ ниёз дорем

№35 (3672) 01.04.2017

Душка5Фарҳанги шаҳрнишинӣ чӣ гуна шакл мегирад? Оё мо одоб ва қавонини шаҳрнишиниро риоя мекунем? Шаҳрнишинӣ чӣ талабот дораду киҳо шаҳрӣ ҳастанд? Оё мо ба фарҳанги нави шаҳрнишинӣ ниёз надорем? Ин ва даҳҳо саволи дигар имрӯзҳо ба баҳси доғ мубаддал гаштаву мунтазири посух ҳастанд.

Башар мавҷуди иҷтимоист. Вақте одамон ба зиндагии иҷтимоӣ пардохтанд, на танҳо амният ва рушди худро тақвият бахшиданд, балки деҳу шаҳру кишварҳоро ба вуҷуд оварданд ва тамаддунсозӣ карданд.

Душанбе бо биноҳои хуштарҳу замонавӣ сол ба сол ҷозибу тамошобоб мегардад. Дар он қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла адибон, олимон, сиёсатмадорон, коргарон, пешаварон, санъаткорон зиндагӣ мекунанд. Марказҳои илмиву фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодӣ, корхонаҳои хурду бузург фаъоланд. Вале фарҳанги шаҳрнишинӣ дар он то чӣ андоза рушд кардааст? Мо то чӣ ҳад тавонистем суннатҳои шаҳрдориву зиндагӣ кардан дар онро ҳифз намоем?

Яке аз хосияти шаҳрҳои бузург он аст, ки аз ҳисоби муҳоҷирати дохилӣ таркиби қавмӣ дар онҳо ба вуҷуд меояд. Шаҳри Душанбе низ аз ин раванд истисно нест. Барои кору зиндагӣ ба пойтахт омадани бадахшониён, суғдиён, хатлониҳову раштониҳо, ки як раванди табиист, гувоҳи ин ҳол аст. Вақте аз минтақаҳо одамон ба шаҳр кӯч мебанданд, онҳо бо худ сабкҳои гуногуни зиндагиро меоранд. Урфу одат ва шеваи гуфтори худро низ ҳифз мекунанд. Бинобар ин, вақте мо дар кӯчаҳои Душанбе бо одамон суҳбат мекунем, намояндаи кадом маҳал буданашонро зуд пай мебарем.

Вақте дар шаҳр таркибҳои қавмӣ вуҷуд дорад, хоҳу нохоҳ ихтилофи назарҳо низ арзи ҳастӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ба низом даровардани зиндагии шаҳриён дар фазои ваҳдату ҳамдилӣ аз ҷониби шаҳрдорон мудирияти оқилонаро тақозо менамояд.

Фарҳанги шаҳрдорӣ чист? Маҷмӯи қонунҳо, одоб ва муқаррароте, ки барои нигоҳ доштани назми шаҳр бояд риоя шавад. Шаҳрнишинон низ бо рафтор, кирдор ва пиндори худ бояд урф, одат ва ахлоқи шаҳриро ба инобат гиранд.

Поку боназофат нигоҳ доштани шаҳр аз ҷониби шаҳрвандон фарз аст. Мо, ҳамон тавре ки барои тозаву озода нигоҳ доштани хонаамон кӯшиш мекунем,  бояд ҳамон андоза барои тозагии шаҳрамон низ талош ба харҷ диҳем.

Ба мо одат шудааст дар кӯчаҳо баланд-баланд бо ҳам суҳбат кунем, баланд хандем, барои ҷалби таваҷҷуҳи рафиқе, ки аз мо дуртар аст, ҳуштак кашем ва ё овозамонро баланд карда, ӯро ҷеғ занем. Бемалол дар ҳар куҷое, ки диламон мехоҳад, донаи офтобпарастро хоида туф кунем.

Дар бозорҳои шаҳр ва ҳар куҷое, ки дӯкони фитафурӯшӣ вуҷуд дорад, таронаҳои сарояндагон ва овози сериалҳои туркиро аз ҳад зиёд баланд мегузорем. Ҳатто ба фикрамон намерасад, ки бо ин амал  асаби дигаронро хароб месозем. Дар мошинҳои мусофиркашонӣ ҳам ин амал аз ҷониби баъзе ронандаҳо кори доимӣ шудааст. Албатта, ин гуна рафтору амал на ба ахлоқи шаҳр рост меояду на деҳ.

Тарзи либоспӯшӣ низ ҷузъи муҳими одоб аст. Инсон дар ҳар ҷое, ки зиндагӣ накунад, бояд қонун ва муқаррароти ҳамон муҳитро риоя кунад. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо либоси хонагиву дарзмолнадида ва пойафзолҳои номуносиб гаштугузор кардан ҳатто нисбат ба худ беҳурматист.

Соҳибхоназанҳо баъди ҷомашӯӣ либосҳоро барои хушк кардан берун аз балкону тирезаҳои хонаҳо овезон мекунанд.

Рӯзе назди биное истода будем, ки аз табақаи сеюм бод поҷомаи занеро аз тор канда, ба замин фаровард. Ҳамин лаҳза писараки шӯхе аз куҷое пайдо шуда, он поҷомаро аз замин бардошта, ба дигарон нишон дода, ба бозӣ даромад.

Як гурӯҳ занҳо рӯи хараки даромадгоҳи бино нишаста, бо ҳам суҳбат доштанд. Яке аз онҳо аз ҷояш баланд гашта, ба сари он писарак дод зад:

- Эй, бача, шармандаам кардӣ, поҷомаамро деҳ!

Писарак қайсарӣ мекарду занҳои дигар бошавқ механдиданд. Шояд гӯед, ки ин як кори маъмулист, аммо либоси зан, хусусан, поҷомааш дар суннати мардуми мо номуси зан ба ҳисоб мераваду онро ҳатто баъди шустан ҳам аз назари номаҳрам пинҳон медоранд.

Чунин амал, ба назари ман, аз ақибмондагии фарҳангӣ рух медиҳад. Мо ҳатто тарзи дурусти муносибатро бо муҳити зисти худ ёд нагирифтем. Сабзаҳои канори роҳҳоро беэътиноёна поймол месозем, аз роҳҳои сермошин убур мекунем, зарфи холишудаи нӯшобаҳоро ба даруни ҷӯйҳо мепартоем…

Дунё бошиддат дигаргун мешавад, шаҳри мо ҳам тағйир меёбад, тафаккур ва зиндагии одамон таҳти таъсири дигаргуниҳо қарор мегирад. Арзишҳо ҳам тобишҳои дигар пайдо мекунанд. Хусусан, ҷавонон намехоҳанд мисли волидон зиндагӣ кунанд. Онҳо ба муҳит ба тарзи дигар менигаранд. Нанотехнология зеҳнашонро банд месозад, мағзашон мошинӣ мешавад.

Одами нав, бо мафкураи барои шаҳрнишинони калонсол бегона арзи ҳастӣ дорад. Ин насл фарҳанги дигареро ба вуҷуд меорад, фарҳангеро, ки мо бояд дарк кунему фаҳмем. Вобаста ба ин, муносибати байни одамон ҳам тағйир меёбад.

Фикр мекунам, ки мо имрӯз ба фарҳанги нави шаҳрнишинӣ ниёз дорем. Фарҳанге, ки аз ҷомеаи маданӣ, муҳити зист, арзишҳои адолати иҷтимоиву мардумсолорӣ маншаъ гирифтааст.

ВОРИС,

«Садои мардум»