25 майи соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳёнро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳама соҳа буда, ба татбиқи тавофуқҳое, ки дар сатҳи оливу баланд зимни мулоқоту музокироти ҷонибҳо ҳосил шуданд, ҳавасмандии зиёд дорад.
Дар суҳбати пурмуҳтаво аз сатҳи ҳамкории сиёсӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ карда шуда, яксон ва ё наздик будани мавқеи ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид.
Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ин замина таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, ифтитоҳи бонкҳои тиҷоратии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон, инчунин фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ зарур шуморида шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин ба муҳимияти ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба вазъи амниятии ҷаҳони ислом, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва пешгирию бартараф кардани хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир ҳамфикрӣ баён карда, барои тақвияти ҳамдастӣ дар ин самт, дар шакли барои ҷонибҳо мақбулу муҳим изҳори омодагӣ намуданд.
www.president.tj