Бозгашт ба мавзӯъ

Тақаллубкорӣ ҷиноят нест?

№93 (3730) 05.08.2017

Соли гузашта дар шумораи №138 — и рӯзномаи «Садои мардум» (8 ноябр) номаи ман зери унвони «Шартномаи соли 2008 бо штампи соли 2010» чоп шуд. Дар он аз тақаллубкории баъзе мақомоти шаҳри Хоруғ сухан мерафт. Интизор будам, ки бо гузашти 9 моҳ шахсони масъул ба рӯзнома ҷавоб менависанд, вале онҳо гӯш ба карӣ зада, худро моҳи беайб нишон дода истодаанд.

Ман дар нома нигошта будам, ки дар Шиносномаи техникии хонаи баҳсӣ штампи КФББТ гузошта шудааст. Ҳол он ки соли 2008 чунин штамп вуҷуд надошт. Он вақт штампи МБТИ буд. Аз ин  маълум мешавад, ки Шартномаи туҳфаи манзил, ки аз тарафи нотариуси давлатӣ Додихудоева Давлатмо дода  шудааст, қалбакӣ буда, онро баъди вафоти шавҳарам тартиб додаанд. Д. Додихудоева ҳоло дар мақомоти судӣ фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, шояд бо истифода аз  шиносҳо дар мақомоти суду  прокуратура, кӯшиш мекунад, ки худро аз ҷавобгарӣ дур гирад. Шартномаи мазкур танҳо як имзо дорад, ки он ҳам имзои қалбакии шавҳарам аст. Имзои апааш Шозодахоним, ки гӯё туҳфаро қабул намудааст, дар шартномаи туҳфа нест. Ҳол он ки шартнома яктарафа баста намешавад ва чунин шартнома аз  нигоҳи қонун қурбе надорад.

Дар Шартномаи туҳфае, ки Д. Додихудоева  ба расмият  даровардааст, насаби шавҳарам ва апааш хато навишта шудааст. Бо вуҷуди ин, судяи Суди шаҳри Хоруғ Шодӣ Назарзода ба фоидаи апаи шавҳарам ҳалнома баровард.

Ман ба Суди ВМКБ аризаи кассатсионӣ навиштам, ки аз ҷониби раиси он Раҳмон Соқиев баррасӣ шуд, вале ҳалнома  бетағйир монд. Ҳатто маро ба суд даъват накарданд.

Баъди баррасии шикояти назоратии ман, 11 ноябри соли 2016 аз тарафи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Т. Усмонзода низ ҳалномаи Суди шаҳри Хоруғ ва Суди ВМКБ бетағйир монд.

15 майи соли 2016 ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навиштам, ки барои баррасӣ ба ШВКД — и шаҳри Хоруғ фиристода шуд. Лекин барои таҳияи асноди қалбакӣ на собиқ роҳбари МБТИ-и шаҳри Хоруғ Мамадазизов ва на нотариус Д. Додихудоева муҷозот нашуданд.

Ҳарчанд бо роҳи тақаллуб тартиб додани ҳуҷҷат аз  нигоҳи қонун ҷавобгарӣ дошта бошад ҳам, мутаассифона, баъзе мақомот ҳақиқатро сарфи назар менамоянд. Шояд гиреҳи ин мушкилро Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон кушояд?

Аспармо НАЗАРШОЕВА,

шаҳри Душанбе