Дар ҳама ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Муъминобод оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд. Шахсони масъул бо маъракадорон суҳбат намуда, доири баргузории он иҷозат медиҳанд. Мутаассифона, баъзеҳо ба амалҳои номатлуб роҳ медиҳанд.
Се нафар сокинони деҳоти Ш.Шоҳин — Исмат Абдураҳмонов, Юлдош Ҳамроев, Табар Мирзоев тӯй карданду ҳофиз оварданд, вале бо ӯ шартнома набастанд. Барои вайрон кардани банди 1 моддаи 14-уми қонуни мазкур ҳар кадоме ба қадри 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Бошандаи дигари ноҳия Файзалӣ Одинаев аз деҳаи «Гулистон» низ қонунро поймол карданӣ шуд. Шояд баъди ҷаримаи калон ӯ ба худ ояду қадамашро дониста монад. Сокини деҳаи Шаҳринав Саидҳомид Сафаров бошад, муҳлати муайяннамудаи вақти тӯяшро кашол дода, барои чунин амали но ҷо ӯро ҳам суди ноҳия ҷаримабандӣ намуд. Исмат Раҳматов аз деҳаи Дегрез тӯяшро бо дабдаба, карнаю сурнаю ҳофиз гузаронд, вале бо ҳофизи тӯяш шартнома набаст. Исмат Раҳматов ҷаримаро супорида, минбаъд қонунро вайрон карданӣ нест.
На танҳо тӯйдорон, балки ҳофизон низ, ба ҷавобгарии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кашида мешаванд. Ҳофиз Саймуҳаммад Назаров дар маркази ноҳия тӯйи хурсандии шаҳрвандеро бе шартномаи тарафайн гузаронид. Ӯ ҳам ҷаримабандӣ шуд.
Ҳамин тариқ, аз аввали соли ҷорӣ то ин дам суди ноҳия ҳафт адад чунин парвандаро баррасӣ намуда, аз шахсони гунаҳкор ба фоидаи давлат 14 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ситонид.
Алишер АШӮРОВ,
раиси Суди ноҳияи Муъминобод