Ба истиқболи ҷашни 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо маблағгузории соҳибкорон ва аҳолии деҳаҳои Сангқалъа, Зиёраттут ва Боғи Ирами деҳоти «Навобод» дар болои дарёи Ширкент пули мошингузар сохта, ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуда, ин иқдоми соҳибкорону сокинонро дар вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Пули мазкур бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ дар зарфи панҷ моҳ тибқи меъёрҳои муқарраршуда бунёд гардидааст. Пояҳои оҳанини иншоот ва техникаҳои роҳсозиро идораҳои дастгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таъмин кардаанд.
Сокинони деҳоти «Навобод» аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо ба истифода додани пули мошингузар аз болои дарёи Ширкент, масофаи роҳ то маркази шаҳри Турсунзода 14 километр наздик ва рафтуомади сокинони ин минтақаи кӯҳистонро дар чор фасли сол таъмин мекунад.
Дар ҳамин радиф дар деҳаи Қипчоқи деҳоти «Работ» бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33, ки барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои нави таълимӣ, ки бо маблағгузории соҳибкорони деҳот ва сокинони маҳаллӣ бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим мебошад.
Бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзӣ ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон иборат буда, барои хонандагону омӯзгорон дар 26 — умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон туҳфаи арзишманду бебаҳо ба ҳисоб меравад.
Зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф, бахусус зиёд намудани теъдоди мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, тадбирҳои муассир меандешад ва ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
Дар охир аз ҳайати омӯзгорони мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити мусоид барои ба камол расонидани насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву илмомӯзӣ, ватандӯстиву забондонӣ аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ васеъ истифода намоянд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»