Дар ноҳияи Спитамен низ як гурӯҳ ҷавонон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуданд.
Дар маъракаи гусел раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Акрам Сулаймонзода ба наваскарон ва падару модароне, ки барои гусели фарзандон омада буданд, миннатдорӣ изҳор кард. Зикр гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби омӯзиши таҷрибаи ҳаёт аст, ки онҳоро ҷисману рӯҳан обутоб мебахшад.
Собиқадорони меҳнат А. Шерматов, М. Абдулҳаева, даъватшаванда Р. Ҳабибов ва ҷавондухтар Н. Раҳмонова ба сухан баромада, ба наваскарон дар ҳифзи Ватан комёбӣ таманно намуданд.
Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 140 нафар сафарбар шуданд.
Ҳусейни Назрулло,
«Садои мардум»